Тафовути паёмбарон ва навобиғ
Аз ҳамин ҷо метавон ба тафовути паёмбарон ва навобиғ пай бурд. Навобиғ афроде ҳастанд, ки нерӯи фикр ва тааққул ва ҳисобгарии қавие доранд; яъне аз рўи ҳавоси худ бо ашёе тамос мегиранд ва бо нерӯи ҳисобгарии ақли худ, бар рӯи фаровардаҳои зеҳнии худ кор мекунанд ва ба натиҷа мерасанд ва эҳёнан хато мекунанд.
Паёмбарони илоҳӣ илова бар бархурдорӣ аз нерӯи худ, ба нерӯи дигаре ба номи ваҳй муҷаҳҳазанд ва навобиғ аз ин нерӯ бе баҳраанд ва ба ҳамин чиҳат ба ҳеҷ ваҷҳ натавон паёмбаронро бо навобиғ муқоиса кард; зеро муқоиса ҳангоме саҳеҳ аст, ки кори ҳарду гӯрӯҳ аз як навъ ва аз як синх бошад, аммо аз он ҷо ки аз ду навъ ва ду синх аст муқоиса ғалат аст.
Масалан саҳеҳ аст, ки қувваи биноӣ ва ё қувваи шунавоӣ ва ё қувваи фикрии ду нафарро бо ҳам муқоиса кунем, аммо саҳеҳ нест, ки қувваи биноии як нафарро бо қувваи шунавоии як нафари дигар муқоиса кунем ва бигӯем кадом як қавитар аст.
Нубуғи навобиғ марбут аст ба нерӯи тафаккур ва андешаи башарӣ ва фавқулодагии паёмбарон марбут аст ба нерӯи дигаре ба номи ваҳй ва иттисол ба мабдаи ҳастӣ, пас қиёс гирифтани онҳо бо якдигар ғалат аст.