Ихтисосоти паёмбарон
Паёмбарони илоҳӣ, ки аз тариқи ваҳй бо реша ва мабдаи ҳастӣ иттисол пайдо мекунанд, дорои имтиёзот ва ихтисосоте мебошанд, ки акнун ба онҳо ишора мешавад:
1. Муъҷиза
Ҳар паёмбаре, ки аз ҷониби Худо мабъус мешавад аз қудрат ва неруи хориқулода бархурдор аст ва бо он қудрати хориқулода як ё чанд асари мофавқи қудрати башар иброз медорад, ки нишондиҳандаи баҳрамандии ӯ аз он неруи хориқулодаи илоҳӣ аст ва гувоҳи ростин будани даъвати ӯ ва осмони будани сухани ӯст.
Қуръони Карим осори хориқулодаеро ки паёмбарон ба изни Худо барои гувоҳи бар сидқи гуфтори худ ироа мекардаанд, “оят” яъне нишона ва аломати нубувват мехонд ва мутакаллимини исломӣ аз он назар, ки ин аломатҳо аҷз ва нотавонии соири афродро ошкор месозад “муъҷиза” меноманд. Қуръони Карим нақл мекунад, ки мардуми ҳар замон аз паёмбарони замони хеш тақозои “оят” ва “муъчиза” мекарданд ва он паёмбарон ба ин тақозо, ки тақозои маъқул ва мантиқи буд - зеро аз тарафи мардуми ҷӯёи ҳақиқат сурат мегирифт ва бидуни он барои он мардум роҳе ба шинохти паёмбарии он паёмбар набуд - чавоби мусбат медоданд; вале агар тақозои муъҷизот ба манзури дигаре ҷуз ҷуяндагии ҳақиқат сурат мегирифт - масалан ба сурати “муомила” пешниҳод мешуд, ки агар фалон корро бикуни мо дар иваз даъвати туро мепазирем - паёмбарон аз анҷоми он истинкоф мекарданд. Қуръони Карим муъҷизоти зиёде барои паёмбарон нақл карда аст, аз мурда зинда кардан ва бемори ноилоҷро шафо додан то дар гаҳвора сухан гуфтан ва асоро табдил ба аждаҳо кардан ва аз ниҳон ва оянда хабар додан.
2. Исмат
Аз ҷумла мухтассоти паёмбарон “исмат” аст. Исмат яъне масуният аз гуноҳ ва иштибоҳ; яъне паёмбарон на таҳти таъсири ҳавоҳои нафсони қарор мегиранд ва муртакиби гуноҳ мешаванд ва на дар кори худ дучори хато ва иштибоҳ мешаванд. Барканории онҳо аз гуноҳ ва иштибоҳ, ҳадди аълои қобилияти эътимодро ба онҳо медиҳад. Акнун мебинем ин масуният ба чӣ сурат аст? Оё масалан ба ин сурат аст, ки ҳар вақт мехоҳанд муртакиби гуноҳ ё иштибоҳ шаванд, як маъмури ғайби меояд ва монанди падаре, ки монеи лағзиши фарзандаш мешавад ҷулуи онҳоро мегирад? Ё ба ин сурат аст, ки паёмбарон сиришт ва сохтумонашон тавре аст, ки на имкони гуноҳ дар онҳост ва на имкони иштибоҳ, ончунон ки масалан як фаришта зино намекунад ба далили ин ки аз шаҳвати ҷинси холи аст ва ё як мошин ҳисоб иштибоҳ намекунад ба далили ин ки фоқиди зеҳн аст ва ё ин ки гуноҳ накардан ва иштибоҳ накардани паёмбарон маълули навъе биниш ва дараҷаи яқин ва емони онҳост? Албатта фақат ҳамин қисмат саҳеҳ аст. Акнун ҳар як аз ин масуниятро ҷудогона зикр мекунем.
· Аммо масуният аз гуноҳ: инсон як мавҷуди мухтор аст ва корҳои хешро бар асоси манофеъ ва музор ва масолеҳ ва мафосиде, ки ташхис медаҳад, интихоб мекунад; аз ин рӯ “ташхис” нақши муҳимме дар ихтиёр ва интихоби корҳо дорад. Муҳол аст, ки инсон чизеро, ки бар ҳасби ташхиси ӯ муфиди ҳеҷ гуна фоидае нест ва аз тарафи дигар зиён ва зарар дорад интихоб кунад; масалан инсони оқили алоқаманд ба ҳаёт, донистаи худро аз кӯҳ парт намекунад ва ё заҳри кушандаро наменушад.
Афроди мардум аз назари емон ва таваҷҷӯҳ ба осори гуноҳон мутафовитанд, ба ҳар андоза, ки емонашон қавитар ва таваҷҷӯҳашон ба осори гуноҳон шадидтар бошад, иҷтинобашон аз гуноҳ бештар ва иртикоби он камтар мешавад. Агар дараҷаи емон дар ҳадди шуҳуд ва аён бирасад ба ҳадде, ки одами ҳолати худро дар ҳини иртикоби гуноҳ ҳолати шахсе бубинад, ки мехоҳад худро аз кӯҳ парт кунад ва ё заҳри кушандаеро бинушад, дар ин ҷо эҳтимоли ихтиёри гуноҳ ба сифр мерасад; яъне ҳаргиз ба тарафи гуноҳ намеравад. Чунин ҳолеро исмат аз гуноҳ меномем. Пас исмат аз гуноҳ ноши аз камоли емон ва шиддати тақво аст. Зарурате надорад, ки барои ин ки инсон ба ҳадди “масуният” ва “маъсумият” аз гуноҳ бирасад, як нерӯи хориҷӣ ҷабран ӯро аз гуноҳ боз дорад ва ё шахси маъсум ба ҳасби сиришт ва сохтумон, маслубулқудрат башад. Агар инсоне қудрат бар гуноҳ надошта бошад ва ё як қувваи ҷабрӣ ҳамвора ҷулугири ӯ аз гуноҳ бошад, гуноҳ накардани ӯ барояш камоле шумурда намешавад; зеро ӯ монанди инсоне аст, ки дар як зиндон ҳабс шуда ва қодир ба хилофкори нест. Хилофкори накардани чунин инсонеро ба ҳасби дурусти ва амонати ӯ натвон гузошт.
Аммо масуният аз иштибоҳ: Масуният аз иштибоҳ низ мавлуди навъи биниши паёмбар аст. Иштибоҳ ҳамвора аз он ҷо рух медаҳад, ки инсон ба василаи як ҳисси дарунӣ ё берунӣ ба воқеияте иртибот пайдо мекунад ва як силсила суратҳои зеҳнӣ аз онҳо дар зеҳни худ таҳия мекунад ва бо қувваи ақлии худ он суратҳоро таҷзия ва таркиб мекунад ва анвои тасарруфот дар онҳо менамояд; онгоҳ дар татбиқи суратҳои зеҳни ва воқеиятҳои хориҷӣ ва дар тартиби он суратҳо гоҳ хато ва иштибоҳ рух медаҳад. Аммо он ҷо, ки инсон мустақиман бо воқеиятҳои айнӣ ба василаи як ҳисси хос мувоҷеҳ аст ва идроки воқеияти айнӣ иттисол бо воқеият аст на сурати зеҳнӣ аз иттисол бо воқеият, дигар хато ва иштибоҳ маъно надорад. Паёмбарони илоҳӣ аз даруни худ бо воқеияти ҳастӣ иртибот ва иттисол доранд. Дар матни воқеият, иштибоҳ фарз намешавад; масалан агар мо сад дона тасбиҳро дар зарфе бирезем ва боз сад донаи дигарро, ва ин амалро сад бор такрор кунем, мумкин аст зеҳни мо иштибоҳ кунад ва хиёл кунад ин амал навадунуҳ бор ва ё садуякбор такрор шуда аст, аммо муҳол аст, ки худи воқеият иштибоҳ кунад ва бо ин ки амали боло сад бор такрор шуда аст маҷмуи донаҳо камтар ё бештар бишавад. Инсонҳое, ки аз назари огоҳиҳо дар матни ҷараёни воқиият қарор мегиранд ва бо буни ҳастӣ ва решаи вуҷуд ва ҷараёнҳо муттасил ва яке мешаванд, дигар аз ҳаргуна иштибоҳ масун ва маъсум хоҳанд буд.
идома дорад