Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Қуръон роҳнамои бебадил
Инсонҳо дар ҷаҳони имрӯз барои ёфтани роҳи ҳалли мушкилот ниёзманд ба роҳнамоии Қуръон доранд.
Башар аз ёфтани марҳами ранҳҷои хеш ва мушкилоти асри 21 монда аст, ҳамонанди фарде дар дарёи хурушон дасту по мезанад, чашму ҳушу гӯшаш ба ин тарафу он тараф ба дунболи пайдо кардани роҳи наҷот аст. Оё касе барои наҷоти ӯ коре мекунад ё на? Вале ба Қуръон паноҳ намебаранд, чаро? Чаро башар бо ин ҳама гирифторӣ ба Қуръон паноҳ намебарад? То марҳам ва давое бошад барои захмҳои даруни синаҳо.
Худованд дар Қуръон мефармояд:
«وَ نُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ ما هُوَ شِفاءٌ وَ رَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ وَ لا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسارا»
"Ва аз Қуръон он чиро, ки он шифо ва раҳмате барои мӯъминон аст, нозил мекунем; ва ситамгаронро ҷуз зиён намеафзояд." (Исро, 82).
Яъне Қуръон шифо ва давои дардҳост, як нусхаи комил аз тарафи Худои Мутаол, ки аз ҳама шуда ба бемории инсон донотар ва огоҳтар аст. Қуръон аввал инсонро шинохта ва баъд нусха печидааст, шифо аст, агар ба нусхааш амал шавад. Вижагии нусха он аст, ки бояд дар мавқеъи худаш ба он амал шавад, яъне замоншиносӣ, вақтшиносӣ дар зиндагӣ, нусха аст, пас бояд амал шавад, на қироат ва хонда. Қироат хуб аст барои амал на фақат барои хондан, ҳеҷ маризе барои ин ки шифо пайдо кунад нусхаро намехонад, то шифо ёбад, балки ба пизишк медиҳад, то даво бигирад, аммо Қуръон мегӯяд аввал бихон ва бифаҳм, баъд ба он амал кун, тамоми роҳкорҳо ва давои ту дар ин аст, ки бидонӣ, бифаҳмӣ ва амал куни. Агар надони ва нафаҳми амалат ҳам наҷотат намедиҳад, магар мушрикон камтар аз дигарон барои худоёни худ ибодат мекунанд?
Дардҳои башар замоне сар ба фалак кашид, ки ӯ аҳди бастаи худро дар баробари Худои хеш шикаст ва ба он нусхае, ки барояш печида шуда буд амал накард ва ё бар акси онро амал кард, ки шуд золим ва ситамгар.
"وَ لا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسارا"
"Ва ситамгаронро ҷуз зиён намеафзояд."
Бар зидди нусхаи печидашуда амал мекуни боз умеди шифо дорӣ? Аслан ва абадан чунин чизе шудани нест!
Афроди оддие, ки ба ҳади худ амал накардед, ҳеҷ касоне ҳам, ки дубора аҳд карданд, ҳам амал накарданд! Яъне олимони динӣ, онҳое ки қарор буд чароғи роҳ бошанд ва башарро ба нури Қуръон огоҳ кунанд, онҳо низ ба Қуръон бо чашми шифо ва давои ҳамаи дардҳои эътиқодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва... нигоҳ накарданд. Қуръон дар зиндагии башар ба унвони танҳо роҳи шифо нодида гирифта шуд, на мушкилдорҳо ба суроғаш рафтанд ва на ғайри онҳо, касоне ҳам ки ба суроғи Қуръон рафтанд дар вақтҳои бекорӣ ба он саргам шуданд, такрор мекунам дар вақтҳои бекори ба он саргарм шуданд! Ҳол он ки Қуръон омадааст башарро аз саргармӣ наҷот диҳад. Ин гуноҳон аст, ки башарро ба сиёҳӣ ва ба торикӣ кашонидааст. Хастагии башар ва нафраташ аз зиндагӣ ба хотири пушт кардан ба Қуръон аст. Қуръоне ки омадааст, то мардумро аз саргармиҳои беҳуда наҷот диҳад, василаи саргармӣ шудааст.
Башар зиндгии худро ба бози гирифтааст, ин фоҷиаи имрӯзии башар аст. Бози бо китоб ва нусхае, ки барои наҷот аз бозӣ ва саргарднӣ омдааст. Башари имрӯзӣ нафаҳмид, ки чаро саргармӣ ва бозӣ ӯро аз нуре, ки қарор буд дар равшанӣ ва ҳидояташ роҳ мерафт, ҷой монду ба нур хира шуда ва ихтилоф кард. Ба ҷои ҳаракт дар зери нури ӯ ба равшанияш нигоҳ кардему роҳ наафтодем, дастури ҳаракт буд, на дастури мондан. Қуръон роҳе буд барои ин ки дар он биравад, вале нарафт ва истод ба он нигоҳ кард, нигоҳе ки ба гуноҳ назидктар аст, то савоб. Қуръон худаш шуд муқаддасу муборак, оятҳо ва коғазаш шуд муҳтараму нури чашмонамон, вале роҳнамоияш, ҳидояташ дар тамоми саҳнаҳои зиндагӣ фаромӯш ва номуқаддас шуд, ки инҳо асоси ҳадафаш аст.
Дарду ранҷ инҷост, ки хеле аз мудаиёни дину диёнат ҳам ба ин бовар надоранд, ки Қуръон (дастурот ва аҳкомаш) битавонад зиндагии фардӣ ва иҷтимоии башарро ба даст бигирад ва мусалмонон битавонанд зиндагияшонро худ мудирият кунанд ва ба мақсади моддӣ ва маънвӣ дар дунё ва охират бирасонад, афсус сад афсус!.