Моҳи мубораки Рамазон аз нигоҳи Ислом ва мо
Моҳи Рамазони Ислом: Фурсате барои афзудани аъмоли хайр ва корҳори нек, дастгирӣ аз фақирону ниёзмандон, тараҳҳум бар ятимону бенавоён, пайванд бо хешовандон, ёрии заифон, неку кардани ахлоқ, нигаҳдории хашму ғазаб ва нерӯи шаҳвонӣ аст.
Моҳи Рамазони мо: Моҳи пурхӯрӣ дар ифтор ва саҳар, тундхӯӣ, бадзабонӣ бо наздику бегона, шабнишиниҳои зиёнбахш, муоширатҳо ва ҷаласаҳои беҳуда аст.
Моҳи Рамазони Ислом: Моҳи вазиши раҳмат, таҷаллии ҳақиқат, замони нузули баракот аст, ки ҷӯяндагон бе ҳеҷ гуна малолу хастагӣ худро дар маърази ин насимҳо қарор дода ва ҳушёрона аз он истифода мекунанд.
Моҳи Рамазони мо: Дар ғафлату дурӣ аз ин насим ба сар бурдан ва аз рӯҳонияту нуронияти ин моҳ истифода накардан аст.
Моҳи Рамазони Ислом: Шайтонҳо дар занҷиранд ва муҳит барои шаётин ва корҳои шайтонӣ ва афкори нораво фароҳам намебошад.
Моҳи Рамазони мо: Шаётин дар он машғули кору иғво буда ва ҷуз чанд шаб, бақияи шабҳо марказҳои фасоду инҳироф боз аст ва занони нимабараҳна дар хиёбонҳо рафту омад мекунанд, ки ҳамеша дар маърази гуноҳанд.
Моҳи Рамазони Ислом: Арзишмандтарин вақте аст, ки ҳатто як дақиқа ва сонияаш набояд беҳуда сарф шавад, балки бояд тамоми лаҳзаҳои он дар анҷоми корҳои нек, тафаккуру тааммул, тавба ва ислоҳи ҳол сипарӣ шавад.
Моҳи Рамазони мо: Бештари вақтҳои арзишмандаш беҳуда ва ба содагӣ аз даст меравад.
Моҳи Рамазони Ислом: Мусулмонон бояд дар он ба муносибати нузули Қуръон онро амиқу дақиқ тиловат намоянд ва аз роҳнамоиҳои он истифода баранд.
Моҳи Рамазони мо: Аксари мусулмонон аз ин китоби нуронӣ беиттилоъ ва бебаҳра буда дар он тафаккуру тадаббуре надоранд.
Моҳи Рамазони Ислом: Моҳи дарси улуми дин ва маорифи ҳақиқӣ аст, то Худоро аз рӯи маърифату басират шинохт ва парастид ва дар натиҷа таъми имонро чашид.
Моҳи Рамазони мо: Дар ҷаҳолату нодонӣ гузашта ва аз ин мактаби ҷовидони илоҳӣ истифода нанамуда ва дар он намеандешем.
Моҳи Рамазони Ислом: Моҳи нишот ва иқболу шитоб ба сӯи ибодат ва тақарруб ба Худованд аст.
Моҳи Рамазони мо: Баъзе онро дар танбаливу сустӣ, танпарварӣ ва хобу бехабарӣ ба поён мерасонанд.
Моҳи Рамазони Ислом: Оғози фасли навини умру зиндагист, ки дар он бояд қувваи фикриву ахлоқии худро парвариш диҳем ва бо гузаштаи маъсиятбор видоъ кунем.
Моҳи Рамазони мо: Андак тағйир дар вақти хӯрдани ғизо аст ва виҷдони динӣ ва шуури мазҳабӣ ҳамчунон хобидааст.
Моҳи Рамазони Ислом: Сабаби таҳзиби нафс ва покии қалб ва ахлоқи некӯст, ки бо тамрини нияти холис муҳаббат, инсондӯстӣ ва садоқатро иҷроӣ намоем.
Моҳи Рамазони мо: Чӣ басо шабнишиниҳо пас аз ифтор барпо мешавад ва бо таҳаммули масрафҳои зиёд ба пурхӯрӣ, ғайбат, лаҳву шӯхиҳи ботил ва гуфтугӯҳои бесамар машғул шуда аз файзу баракати ин моҳ маҳрум мешавем ва чун аз рӯҳи ҳамкорӣ ва ҳамдардии исломӣ, иртиботи маънавӣ ва пайванди қалбиву имонӣ нишонае нест, он диду боздидҳо сабаби кинаву душманӣ шуда бадгумониҳо эҷод мегардад.
Пас ...