Дар қисми аввали мақола дар бораи зиндагии солим ва хостаи Ислом аз бандагонро дар ановине ҳамчун АСЛИ ТАВҲИД • АСЛИ НУБУВВАТ • АСЛИ МИЪОД • СИФОТИ ИБОД-УР-РАҲМОН баён намудем ва дар қисми дуюм ҳаркадом аз онҳоро тавзеҳ ва дар қисми сеюм ҳам дар бораи сифоти Ибодурраҳмон ҳафт мавридро бар асоси оёт баён намудем. Инак дар бораи дигар сифатҳои бандагони Раҳмон матлабро идома хоҳем дод.

 

қисми аввал --- қисми дуюм ---   қисми сеюм

8. ДУРӢ АЗ ЗИНО

«ва ло язнун ва ман яфъал золика ялқо усоман «ояи 68

идомаи мақола

Зино ва нопокии ҷинсӣ аз сифатҳои разилае аст, ки инсонҳои бо виждон онро пасту нохирадона медонанд ва шариати Муҳаммадӣ ҳамчун дигар динҳо онро манъ намудааст ва бандагони солиҳ ва бо имонашро аз он барҳазар доштааст.

Албатта дини мубини Ислом, ки барои ҳар ниёзе аз ниёзҳои хурду бузурги башарият роҳкору барнома дорад, барои ин ниёзи фитрӣ ва дарунии инсонҳо ҳам барнома дорад ва беҳтарини онро ба унвони издивоҷ амру ташриъ намудааст. Худованд дар каломи ваҳй мефармояд: мо шуморо завҷ (зану мард) офаридем (с. Набаъ: 8) ва ҷои дигар мефармояд: шумо либос барои якдигар ҳастед (с. Бақара:187).

Бале, Ислом ниёзи ҷинсӣ ва шаҳватро бо беҳтарин равиш посух дода ҳамаро ба издивоҷ ва таъмини ин ниёз тарғиб намудааст. Албатта барои касоне, ки қудрати инздивоҷ надоранд ва ё монеъе дар роҳи онҳо аст, боз роҳкорҳои дигарро ташриъ намудааст, ки намозу рӯза намунае аз навъи маънавии он роҳкорҳо мебошанд.


9. ДУРӢ АЗ ШАҲОДАТИ ДУРӮҒ, КОРҲОИ БОТИЛ:

»ло яшҳадуназ зура« ояти 72

»Зура« вожае аст, ки дар ин оят бар асоси бардошти луғавӣ аз он, ду маъно баён шудааст. Яке корҳои ношоиста, аз рақсу бозӣ ва ё ҳар кори инҳирофӣ, дуюм корҳои дуруғ ва ботил. Ба маънои аввал бошад би ин маъно аст, ки муъмин ба корҳои лаҳву лаъиб ва инҳирофӣ нигоҳ намекунанд ва дар маънои дуюм муъмин ба корҳои дуруғ ва ботил шаҳодат намедиҳад.

Албатта ҳардуи ин маъноҳо метавонад дар ин ҷумла ҷамъ шаванд, ки инсони муъмин на дуруғро мепазирад ва на кори ботилу ношоистаро. Ҳоло агар барои шаҳодат ва ё нигоҳ ба ҳаркадом аз он корҳо даъват шавад, ҳеҷгоҳ намепазирад ва аз он дурӣ мекунад.

Пас муъмин барои шаҳодат дар кори дуруғ туҳмат, зидди дину диндорон ва мазлумон шарику розӣ намегардад ва ҳатто ба дидору назораи онҳо розӣ намешавад.


10. ГУЗАР АЗ МАҲФИЛҲОИ БОТИЛ ВА БЕҲУДА, БО ҲИФЗИ ИЗЗАТУ КАРОМАТ:

»изо марру биллағви марру кироман« ояти 72

Чунон, ки ҷои дигар дар сифати муъминон мефармояд: онҳо касонеанд, ки аз лағву беҳудагӣ муъризанд ва парҳез мекунанд(с. Муъминун 3)

Дар баҳси тафсирии ин сура омадаст, ки муъминон вақте аз назди корҳои беҳуда гузар мекунанд, бо бе аҳамиятӣ нисбати он корҳо норозигии худро иброз ва ба шоҳидон нишон медиҳанд, ки корашон шоиста нест ва беҳуда ва бефоида аст. Дар ҳақиқат таъсири рафторӣ бар дигарон мегузоранд, ки ин кор бо ҳадафи дафъ ва рафъи амалҳои ношоиста аз миёни мардум анҷом мегирад. Чунон, ки дар мароҳили амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ташриъ шудааст, яке аз марҳилаҳо сукуте аст, ки нишонаи норозигӣ нисбати он кори ношоиста аст.


11. ТАҲҚИҚУ ТАФАККУР, ТААҚҚУЛУ ТАДАББУР ДАР ОЯТҲОИ ИЛОҲӢ:

»изо зуккиру биоёти раббиҳим, лам яхирру алайҳо сумман ва умёнан«ояти 73

Инсонҳои бо имон, вақте оятҳои илоҳӣ бар онҳо тиловат мегардад рӯи онҳо тадаббуру тафаккур мекунанд, на ҳамчун гунгу кур худро бар рӯи он биндозанд. Ҳақиқатан ин оят яке аз фармонҳои Аллоҳ таъоло аст, ки метавон дар посухи онҳое, ки динро сабаби оқибмондагии илмӣ дар ҷомеа медонанд истифода бурд. Шориъ ва соҳиби дин фармон медидаҳ, ки ҳатто вақте оятҳоро мехонед куркурона ва бо чашми пушида амал накунед, балки онҳоро бо фикру ақлу дониш ва тафаккуру тадаббур назар кунед ва ҳақиқатро онгуна, ки ҳаст бишносед ва иҷро намоед ва оз он тараф фақат ба ин далел, ки сухани фалон шахс, дин ва ё мазҳаб аст аз он рӯгардон нашавед.

Дар он замон, ҳамчун баъзе аз инсонҳои умонисту матриалистҳо ва моддигроёни секюлори имрӯзӣ, фақат ба ин сабаб, ки сухани мусалмонон (Паёмбар(с) ва Асҳоб, муллоҳо ва олимони дин ва...) суханони осмонӣ ҳастанд, дар беҳтарин дидгоҳаш як амри шахсӣ ва маънавӣ аст, ки ҳаркас дар даруни худ метавонад дошта бошад ва рабте ба зиндагии иҷтимоӣ надорад ва посухгӯи ниёзҳои ҷомеа набуда ва нахоҳад буд, пас набояд дар ҷомеа ривоҷ ёбад.

Аммо дини Ислом ба амри Аллоҳ таъоло баёнгари ҳамаи ҳақиқатҳо ва ниёзҳои ҷомеаи башарӣ аст, ки дар ҳар замону макон ва ҷавомеъи шарқию ғарбӣ, арабу аҷам метавонанд аз он баҳра баранд ва зиндагии худро бар асоси омузаҳои ноби он бисозанд. Бошад, ки саодатманд гарданд.

12. ДУЪО БАРОИ ОҚИБАТБАХАЙРИИ ХОНАВОДА:

»яқулуна раббано ҳаблано мин азвоҷино ва зурриётино қуррата аъюнин« ояти 74

Ҳарчанд медонем, ки Худованд самиъу алим аст ва аз ҳамаи хостаҳои мо хабар дорад, аммо бо амри Ӯ бояд дуъо кунем ва хостаҳои худро баён намоем. Онҷо, ки дар охири ҳамин сура мефармояд: бигу! Агар дуъои шумо набуд, Худованд ба шумо аҳаммият намедод(с. Фурқон 77) ва ҷои дигар мефармояд: манро бихонед шуморо иҷобат мекунам (с. Ғофир: 60)

Аммо дар ин оят, Аллоҳ таъоло бандагонашро бо ин сифат, ки онҳо барои зану фарзандонашон хайру некиро талаб мекунанд ёдоварӣ мекунад. Бандагони Раҳмон касонеанд, ки аз Худо мехоҳанд то аз насли онҳо фарзандоне бошанд, ки нури чашму сабаби бартариашон гарданд (с. Фурқон:74)


13. ДУЪО БАРОИ КАСБИ МАҚОМИ РАҲБАРИЯТИ МУЪМИНОН:

»ваҷъално лилмуттақина имоман« ояти 74

Яке аз сафатҳои муъминон ва бандагони Раҳмон ин аст, ки аз ҳокими ҳастӣ дархост мекунанд то онҳоро ба дараҷоте бирасонад, ки битавонанд раҳбару имоми дигар муъминон гарданд, ки ин беҳтарин мақом барои як муъмин метавонад бошад.

Ин хоста, ки шояд дар мансабҳои дунёӣ як сифати хуб набошад, аммо ҳамчун сифати муъминон номида шудааст, маълум мекунад, ки инсони муъмин бояд ҳимматаш онқадар боло бошад, ки агар рӯзе мақоми хидмати як масҷидро ба ӯ доданд ҳамонтавр бошад, ки имомати як қавмро ба ӯ месупоранд ва дар бандагии ӯ халале ворид нагардад. Инсон аз тарафи Худо халифаи Ӯ дар замин аст, пас метавонад бо рушди ақлию илмӣ ва маънавию ирфонӣ ба ҷойгоҳе бирасад, ки имом ва раҳбари ҳақиқии дигарон қарор гирад ва бандагии Худоро дар он мақом ҳамонтавре, ки дар мақоми як инсони оддӣ буд анҷом диҳад.


14. ДАРЁФТИ ПОДОШИ САБРУ БУРДБОРӢ ДАР ҲАМА ҲОЛАТҲО:

»улоика юҷзавнал ғурфата бимо сабару« ояти 75

Аммо яке дигар аз сифатҳои муъминон, ки қатъан дар дунё ва комилтарини онро дар рӯзи ҷазо ҳамагон шоҳид хоҳанд буд, дарёфти подоши сабру таҳаммули сахтиҳои бандагии Худованд аст, ки мефармояд: онҳо ба подоши сабур истиқоматашон хоҳанд расид.

Ва дар поён, Аллоҳ таъоло барои касоне, ки ин сифатҳоро доранд, ваъдаи ҷойгоҳи аълоеро медиҳад, ки дар ривояти имом Мусо(р) бо номи Фирдавси аъло ёдоварӣ шуд, мефармояд:

онҳо ба сабаби ин сифатҳояшон, соҳиби ҷойгоҳе дар биҳиш мегарданд, ки аз онҳо бо салому таҳийят истиқбол мегардад ва дар ҳоле вориди биҳишт мегарданд, ки онҷо беҳтарин ҷойгоҳ аст (с. Фурқон 76)

поянда ва сарфароз бошед

Сайид Акбарзода

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст