ЗИНДАГИИ СОЛИМИ ИҶТИМОӢ АЙНИ ХОСТАИ ИСЛОМ
Сайид Акбарзода;
АСЛИ НУБУВВАТ:
Имон ва бовар ба ҳаққонияти Анбиё аз ҳазрати Одам то ҳазрати Муҳаммад(с), аз асосҳои дини Ислом аст, ки ҳар шахс бояд ба он огоҳ шавад ва онро аслу асос бидонад. Ҳурмату эҳтиром ба паёмбарони Яҳуд ва Арабу Аҷам аз эътиқодоти динӣ ва исломӣ бояд бошад, аммо инро бовар кунад, ки хотами ҳамаи динҳо дини Ислом аст ва соҳиби он дин, яъне Муҳаммади Амин(с) паёмбари охирини илоҳӣ ва баъд аз он набие нахоҳад буд. Пас бояд ба ин ҳам бовар дошта бошем, ки чун Аллоҳ одилу ҳаким аст ва чун Ӯ олими ҳар кавну маконе ва ҳозиру ғоибе аст, барои мо, ки махлуқоташ ҳастем дастуру суфоришоте дорад ва онро паёмбаронаш барои башарият табйин кардаанд ва дар тамомии шуъуноти зиндагӣ, аз таваллуд то ба ихтиёри ному насаб ва аз дасбахок рафтану муоширати иҷтимоъӣ то ба корҳои илмию иқтисодӣ ва сиёсию ҳукуматдори барнома ироа намудаанд. Ин аст асли нубувват.
АСЛИ МИЪОД:
Бовар ба рӯзи ҷазо, рӯзи қазоват ва рӯзи охират, аз боварҳои ҳар инсони оқилу бо хирад буда ва ҳаст. Дини Ислом ҳамчун дини комили илоҳӣ ин боварро аслу асоси имон дониста ва онро аз усули Ислом қарор додааст. Имон ба ин ки рӯзе ҳамаи башарият аз аввали хилқат то поёни он дар саҳрои маҳшар ҷамъ мегарданд ва ба рафтору кирдор ва гуфтори онҳо расидагӣ мегардад ва бар адлу адолати илоҳӣ ҳукму қазоват мегардад. Он ки инро қабул накунад усули динашро рад намуда ва аз Ислом хориҷ гаштааст.
Ин сура бо баёни тавҳиду холиқияти Худованд ва ирсоли Анбия барои ҳидояти башар ва огоҳ намудани одамият аз оқибате, ки дар интизори онҳост, барои касоне, ки ин аслҳои сегонаро қабул надоранд ва ё бар онҳо шакку шубҳа ворид мекунанд, инзору такзиб ва онҳоро аз азоби охират бо хабар намудааст.
То инҷо метавон аз оятҳои аввали сура то ба ояти 67-ро шомил донист, ки баъд аз ин Аллоҳ таъоло роҳкор ва барномаи динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳар ончӣ дар як зиндагии солим лозим астро барои бандагони холисаш баён мекунад. Онҳое, ки ба се асли гуфта шуда имон доранд, дар ҷомеа бо ин барнома зиндагӣ намоянд, то саодатманд дар дунё ва охират бошанд.
СИФОТИ » ИБОДУ РАҲМОН«
Аммо он чӣ мавриди баҳси мо хоҳад буд, қисме аз сура аст, ки барои инсонҳо тарҳу барномаи зиндагии солимро ироа медиҳад.
Аллоҳ таъоло баъд аз инзору огоҳӣ ба инсонҳо нисбат ба фикру рафторашон дар баробари он се асл, оёти 63 то охири сураро бо номи гуруҳе, ки ба он се асл имон овардаанд оғоз ва унвон ва сифати шоистаи як инсони солим ва бо саодат яъне ИБОДУ РАҲМОН –ро сарсуханаш дар аввали оят қарор медиҳад.
Мефармояд: ва бандагони Раҳмон, он касоне ҳастанд, ки ...(оёти 63 то 76 сураи Фурқон)
Дар инҷо чаҳордаҳ сифатеро, ки холиқи ҳастӣ барои як бандаи бо имонаш баён намуд, ба тартиб ёдоварӣ мекунем, то агар шавқе ба роҳнамоиҳои Худои Раҳмон дорем, битавонем зиндагии худро дар чорчубаи сифатҳои гуфтааш танзим намоем. Сифатҳое, ки амал ба он дар ҷомеаи имрӯзӣ, хусусан мардуми мусалмон ва бо имони мо бисёр зарурӣ ва лозим аст ва дурӣ аз он сабаби ҳамаи мушкилоти инсонию иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсӣ буда ва ҳаст.