ТАРБИЯИ ДУХТАР
Дини мубини ислом дар хусуси эҳтиром ба зан нисбати дигар адён дастуроти зиёде дорад. То паҳншавии ислом миёни аъроб таваллуди духтар мояи нангу бадномӣ буд. Бо зуҳури ислом ин одати бад аз миён бардошта шуд. Барои баланд бардоштани мартабаи зан ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро дар тарбияи худ гирифта, ба онҳо некӣ бикунад, онҳо барои ӯ аз оташи дӯзах пардае мешаванд». Яъне, тарбияи неки духтарон сабаб мешавад, то ин шахс аз оташи дӯзах наҷот ёбад.
Ҳар чизе, ки нозук аст, тарбияаш низ нозуку душвор аст. Тарбиятгарони ботарбия лозиманд, то аз ӯҳдаи ин кори душвор бароянд. Барои тарбиятгар сарчашмае лозим аст, то ҳамчун қутбнамо аз он истифода намояд. Сарчашмаи беҳтарин Қуръон аст, сипас ҳадисҳои Расули Худо (с) ва ёрони ӯ, сипас фармудаҳои ҳакимон, сипас таҷрибаи рӯзгордидагон. Сифатҳое, ки духтар бояд дошта бошад, инҳоянд: «Мӯъмину мусулмон, ростгӯй, босабр, худотарс, садақадиҳанда, рӯзагиранда, шармгоҳи худро аз зино ҳифзкунандаву нигоҳдоранда бисёр ёдкунандаи Худо. Ин фармоишот аз ояти 35-и сураи «Аҳзоб» гирифта шудааст: Дар сураи «Таҳрим», ояти 5 ду сифати дигарро зикр кардааст, ки инҳоянд: тавбакунанда, Худоро ибодаткунанда.
Дар сураи «Мумтаҳана» ояти 12 ин сифатҳоро барои занон лозим медорад: «Ҳеҷ касро бо Худо шарик насозанд, дуздӣ накунанд, зино накунанд, фарзандони худро накушанд, фарзандеро, ки аз шавҳараш нест, ба дурӯғ ба ӯ нисбат надиҳанд, дар корҳои нек нофармонии Пайғамбар (с) накунанд». Қуръон аз аввал то ба охир моломол аз авсофу ахлоқест, ки бояд ҳар як духтари мусулмон онҳоро дошта бошад. Ҳамаи он авсофу ахлоқро наметавон дар як варақу ду варақ баён намуд. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд: «Кореро, ки сабаби узроварӣ шавад, тарк намо!» Ин ривояти Дайламист.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷои дигар фармудаанд:
«Беҳтарини занон касест, ки дасти дарозтар дошта бошад». Ин дасти дарозтар ба маънии саховати бештар мебошад.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст. Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст». Ин гуна ҳадисҳо зиёданд.
Дар китоби «Унвонул баён», ки китоби тарбиявист, ба ин мазмун масале омадааст. Модасаге модашереро таъна зада гуфт: « Ман баякборагӣ то ҳашт фарзанд ба дунё меораму ту беҳунар ҳамагӣ як-то».
Модашер дар ҷавоб гуфт: «Рост аст, ки ту ҳашт- то ва ман як – то, аммо фаромӯш макун , ки ман шербача ба дунё меораму ту сагбача. Пас якеи ман аз ҳашттои ту беҳтар аст».
Ин масал ба занон меомӯзонад, ки як фарзанди нек ва бетарбия беҳтар аст аз чандин фарзандоне, ки бад ва бетарбияанд. Мутаассифона, имрӯз бархе аз падарон насиҳат ба духтарони худро фаромӯш кардаанд. Талаботи моддии онҳоро аз дандони тилло сар карда, то қолину мебел бароварда месозанд, аммо ба маънавиёт аҳамият намедиҳанд. Ҳамин аст, ки дере нагузашта духтари бетарбия коре мекунад, ки оилаашро вайрон месозад ва бори сари падару модар мешавад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба духтарони мусулмон хитоб карда мегӯяд: