Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ;
НИГОҲЕ БА ЗИНДАГИИ БАРТАРИНИ ЗАНОНИ ОЛАМ ФОТИМАИ ЗАҲРО(саломуллоҳ алайҳо)
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳу алайҳо) танҳо духтар ва ёдгори Расули Худо(салавотуллоҳ алайҳ) ва ҳамсари Алӣ ибни Абитолиб(алайҳиссалом) ва модари бузургвораш ҳазрати Хадиҷа буд. Ӯ ки кавсари ҷовидон аст, дар соли панҷуми беъсати Паёмбар(с) дар Макка рӯзи бистуми ҷамодиссонӣ ба дунё омад. Яке аз чаҳор бонуи бузурги таърихи башарӣ ва сарвари занони олам ва шабеҳтарин афрод ба Паёмбари Худо(с) ва пораи тани он ҳазрат буд.
Ӯ ном ва алқоби мутаадиде дошт, монандӣ Фотима, Заҳро, Батул, Сиддиқа, Тоҳира, Обида, Райҳона, Муҳаддиса, Умми абиҳо, Рокиъа, Кавсар, Марзия, Шаҳида ва... . Он алқоб ҳаркадом гушае аз фазоил ва шахсияти бе назири ӯро нишон медиҳад. Ба ҳадде мақомаш болост, ки дар ривоёт хашм ва ризои ӯ хашм ва ризои Худо ба шумор омадааст. Аввалин касе хоҳад буд, ки вориди биҳишт мегардад. Биҳишт муштоқи ӯст ва ба таъбири Расули Худо(с) Фотимаи Заҳро(с) бӯи биҳишт медиҳад.
Ӯ яке аз “Асҳобӣ Кисо” аст ва ҳақиқати лайлатул қадр ва ҳамтои Алӣ(а) ва модари имом Ҳасану имом Ҳусайн(а) ва шаҷараи Тубо ба шумор омадааст.
Паёмбари Акрам(с) ба ӯ бисёр алоқа дошт, эҳтироми зиёд барои ӯ қоил буд ва ба поӣ ӯ баланд мешуд. Ӯро ҷойи худ менишонд, гоҳ дасту сурати ӯро мебусид. Вай пайваста ғамхор ва ҳомии падари бузугвораш дар кори рисолат ва таблиғи дин буд.
Пас аз ҳиҷрати мусалмонон ба Мадина, дар соли дуввуми ҳиҷрӣ бо ҳазрати Алӣ(а) издивоҷ кард. Муддати нуҳ сол бо он ҳазрат зиндагӣ намуд.
Самараӣ ин издивоҷ имом Ҳасан, имом Ҳусайн ва ҳазрати Зайнабу умми Кулсум буд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро дар солҳои пур фарозу нишеби пас аз ҳиҷрат дар канори падар ва ҳамсар мудофеи Ислом буд. Дар ҷангҳое, ки пеш меомад гоҳе дар майдонҳои набард барои имдодгарӣ, корҳои хадамотӣ ва мудовои маҷруҳон ҳузур меёфт. Шахсияти боризи ӯ ва фазилатҳои фаровонаш аз ӯ улгӯе мумтоз барои ҳар мусалмон сохтааст.
Фотимаи Заҳро саломуллоҳ алайҳо дар ибодат ва ниёиш, намозу рӯза ва дуъо ва ҳолоти маънавӣ, мақомӣ бисёр арҷуманд дошт. Аз назари бархурди шоиста бо ҳамсар зиндагии содаи бе таваққуъ дар канори ӯ ва ҳамдардию ҳамроҳӣ бо талхиҳои зиндагӣ ва ғамҳои Алӣ(а) улгӯи вафо ва сафо буд. Дар тарбияти шоистаи фарзанд, намунаи як модари мутааҳҳид башумор мерафт. Адаб дар бархурд бо падару ҳамсар ва дигарон ҳамкорӣ дар корҳои хона бо ходимаи хеш дошт.
Дил ба ҷилваҳои моддии зиндагӣ набаста буд ва аҳли инфоқу садақа, исор ва баробарӣ буд. Либоси арусии худро ба ниёзманде, ки ба дари хонаи ӯ омада буд бахшид.
Дар бораи исори ӯ ва шавҳараш сураи “Ҳал ато” нозил шуд, ки ифтори худро ба мискину ятим ва асир дода буданд. Аз ҳар гуна кумаки молӣ ба ниёзмандон музоиқа надошт ва ба сода зистию дурӣ аз такаллуф ва ташрифот одат карда буд ва сафои зиндагиро дар ҳусну хулқ ва муҳаббат ва ҳамкорӣ медид.
Ҳиҷобу ҳаё ва иффати он ҳазрат забонзади мардум буд.
Ҳатто аз нобиноҳам худро мепушонид ва ҳиҷобро муроот мекард.
Дар эҳёи ёди шаҳидон монанди ҳазрати Ҳамза сайиди шуҳадо кӯшо буд ва ҳар душанбе бо ҳузур бар сари мазори ӯ дар доманаи куҳи Уҳуд аз ӯ ёд мекард ва ёдоварӣ хати ҷиҳод ва шаҳодат буд.
Вай пас аз реҳлати падари бузургвораш сахтиҳо ва мусибатҳои бисёреро дид, озорҳои ҷисмию рӯҳӣ ӯро ранҷур ва бемор сохт. Пайваста дар фироқи падар ва мазлумияти шавҳар ва танҳоии худ мегирист, ки гиряи ӯ силоҳе барои муборизаи сард бо ғосибон ва золимон буд ва ашкҳои ӯ ифшогари зулмҳое буд, ки бар хонадони Паёмбар(с) ба вижа танҳо духтари он, ки сарвари занони олам буд маҳсуб мешуд.
Ин даврони талх ҳафтоду панҷ рӯз( ва ба нақле наваду панҷ рӯз) гузашт ва саранҷом ин бонуи бузург дар бистари беморӣ афтод ва мазлумона ба лиқои падари бузургвораш рафт. Таърихнависон он рӯзро 13 ҷимодул аввал ва гурӯҳе 3 ҷимодуссони дар соли ёздаҳуми ҳиҷрат гуфтаанд.
Ӯ дар он рӯзҳо бештра аз 19 сол надоштааст. Тибқи васияташ, дар шабонгоҳ ва дур аз чашми мардум ғусл дода шуд ва ба хок супурда шуд. Бар ҳамин асос ҳеҷгоҳ макони дафнаш ошкор нагашт, ва то кунун дар хифо аст.
Дуруд бар ӯ, ки кавсари пайваста ҷушон ва ҷории расули Худо(с) ва файзи илоҳӣ дар бистари таърих аст ва камолоту фазоилаш улгӯи ҳамаи бонувони ҷаҳон буд, ҳаст ва хоҳад буд.