Нигоҳе ба таърихи назарияи завҷият дар гиёҳон
Аз дер замоне, башар ба вуҷуди ҷинси нару мода дар миёни дарахтон пай бурда буд. Ҳатто дар ҷоҳои хурмохез ин масъала равшан бад, ки агар нутфаро рўи қисмати мода нарезанд, дарахт мева намедиҳад. Вале ҳаргиз намедонистанд, ки ин қонун як қонуни умумӣ аст ва ҳама гиёҳон нару мода доранд ва талқеҳ ва гирдафшонии онҳо ба василаи бод ва ё ҳашарот ва гоҳе ба таври ғайри табиӣ ( яъне ба василаи инсон ) анҷом мегирад.[1]
Нахустин касе ки ин ҳақиқати илмиро ба таври равшан шарҳ дод, донишманди маъруфи Швед Шарл Лине ( дар соли 1707-1787 зиндагӣ карда) буд. Вай ҳамвора набототро дўст медошт, вале ба хусус яке аз навиштаҳои гиёҳшиноси Фаронсавӣ Себастян Воён ба дасташ афтод ва бо хондани он алоқаманд шуд, ки дар бораи асрори наботот диққат кунад. Ва барои аввалин бор навъи тақсимбандӣ, бар асоси олати нару модаро тарҳрезӣ кард ва аз он фоидаи бузурге бурд, чун бедаранг ва билофосила дар донишгоҳи Уписол мақоме аз барои вай муайян карданд.[2]
Ин ҳақиқат имрўз, яке аз мусалламоти ҷаҳони илмҳо ва дар дараҷаи масъалаҳои ҳис шуда қарор гирифта ва ҷузъиёти он равшан гардидааст. Шумо низ метавонед бо баррасии сохтори як гул, ба ҳақиқати он пай бибаред.
Завҷияти умумӣ дар ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон
Таҳқиқоти умумии башар дар бораи моддаи ҷаҳон ба инҷо расида буд, ки маддаи нахустини ҷаҳон, мавҷуди рез ва нашкастание ба номи Атом аст ва ҳама ҷаҳон ҷуз таркиботи гуногуни ин заррот чизи дигаре нест, вале мавқеияти ахири донишмандон дар шикастани атом, парда аз рўи рози нўҳуфтае бардошт ва собит шуд, ки ҳар як аз зарраҳо худ дорои ҷузъҳои резест ва ҳар атоме мураккаб аз ду ҷузъ аст, яке ба номи электрон, зарроти гардандаи атом, ки бори манфӣ доранд ва дигари Протон, ҳастаи марказӣ, ки бори мусбат дорад (ва бар асари доштани ин ду бори мухталиф ва ба истилоҳ “ноҳамном” кашишу ҷозибаи аҷибе миёни ин ду ҷинси мухолиф ҳукмфармост, ки шабоҳат ба ҷозибаи ҷинсӣ, миёни ду ҷинси мухталиф дорад.
Ба назар мерасад, ки ҳадафи Қуръон аз ҳукумати завҷият ба сар то сари ҷаҳони хилқат, ҳамин бошаду бас. Ва дар рўзи нозил шудани Қуръон, имкон надошт ин ҳақиқати илмиро ҷуз бо баёне, ки дар Қуръон ворид шудааст, зикр намуд ва мумкин аст, ки мақсуд аз ҷуфт будани тамоми мавҷудот ба маънои дигаре бошад, ки илм дар оянда аз он парда хоҳад бардошт.
[1] -Ҳашарот сабабҳои муҳимми гирдафшонӣ ҳастанд, ва сабаби борвар шужани бисёре аз гулҳо ва гиёҳон мешаванд. Ҳашарот ба сабаби истифода аз мағзи чормарғ ва шаҳди гулҳо, ворид онҳо мешаванд ва дар ваыти рафтан аз гуле ба гули дигар, мағзҳои чормағзеро, ки ба куркҳои тани онҳо часпидааст, ба рўи кулолаҳо менишонанд. Агар аз наздикии баъзе аз ҳашарот ба баъзе наботот ва гиёҳон монеъ шаванд, дигар онҳо мева ва мағз намедиҳанд.
[2] -Таърихи Улум саҳ.35.
YOSIN.ORG