Расули Худо (с) фармуданд:

خیر نسائکم الولود الودود الموسیه المواتیه اذا اتقین الله و شر نسائکم المتبرجات المتخیلات و هن المنافقات لا یدخل الجنه منهن لا مثل الغراب الاعصم[1]

Яъне беҳтарин занони шумо, заноне ҳастанд ки


фарзандовар, меҳрубон, ғамхори шавҳар ва фармонбари ӯ. Ин гуруҳ беҳтарин занон ҳастанд, ба шарти инки тақво дошта бошанд.

Ва бадтарин занон, заноне ҳастанд, ки барои касоне ғайр аз шавҳари худ оройиш мекунанд ва дар баробари шавҳар мутакаббир ва худхоҳ ҳастанд. Ин гуруҳ аз занон мунофиқ ҳастанд ҳатто ба андозаи зоғеки хати сафед дар гардан дорад, ба биҳишт намераванд (киноя аз инки ин гуруҳ базуди ба биҳишт дохил намешаванд).

Зани диндор ва бо тақво ва шойиста зане аст, ки барои шавҳараш оройиш кунад ва дар баробари ӯ мутавозеъ ва хизматгузор ва дар баробари марди номаҳрам пушида ва бовақор бошад ва аз ҳаргуна ҳаракатҳои номуносиб ва пушидани либосҳои таҳриккунанда худдори кунад.

Дар муқобил, занеки барои шавҳараш оройиш намекунад ва худхоҳ ва мутакаббир аст ва дарбаробари номаҳрамон зинат ва худнамои мекунад ва худро мутавозеъ нишон медиҳад, ин зани дуру монанди мунофиқин аст зеро дар зоҳир дуст ва дар ҳақиқат душман мебошад. Аз ин навъ занон бисёр кам ба биҳишт мераванд, магар онки товба аз таги дил кунанд.

 


[1]. Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ 321\ Канз-ул-уммол, ҷ 16, саҳ 297 шумораи 44569.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст