18-19-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Озмуни ҷумҳурияии ҳифз ва қироати Қурон бо риояи тартил» баргузор гардид ва се ҳофизи мумтоз: Шарифов Истиқбол, Тағоев Юсуф ва Комрони Комилҷон, ки дар бахши «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо тафсири пораҳои 28-30» ғолиби ин озмун эълом гардиданд, бо дастгирии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сафари Ҳаҷ фиристода мешаванд.
Тавре Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори пойгоҳи Кимиёи саодат дар Душанбе гуфт, “ин озмун бо дастгирии бевоситаи сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ва ин озмун соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон бо сатҳи баланд гузаронида мешавад.”
Ӯ ҳамчунин қайд кард: “Дар ин озмун беҳтарин қориҳои Қуръон аз гӯшаву канори Тоҷикистон омадаанд.”
Абдулқодирзода хотиррасон кард, ки “ба ғолибони ин озмун тӯҳфаҳои пулӣ ва ҷоизаҳо нафис интизор аст.”
Озмун аз рӯи панҷ қисмат баргузор гардид, ки қисмати аввал «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо тафсири пораҳои 28-30», қисмати дуввум «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо донистани рақами саҳфа, рақами оят», қисмати севвум «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим», қисмати чаҳорум «Ҳифз ва қироати 20-пораи Қуръони Карим» ва қисмати панҷум «Ҳифз ва қироати 10-пораи Қуръони Карим» мебошанд.
Асомии ғолибони озмун
Дар қисмати аввал яъне «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо тафсири пораҳои 28-30» ғолибони озмун иборатанд аз: Шарифов Истиқбол, Тағоев Юсуф ва Комрони Комилҷон, ки бо дастгирии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари ҳаҷ фиристода мешаванд.
Дар қисмати дуввум яъне «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо донистани рақами саҳфа, рақами оят» ғолибони озмун иборат ҳастанд аз: Ҳакимов Давлаталӣ, Меҳробуддини Муҳаммадюсуф ва Нуриддини Шамшиддин.
Дар қисмати севвум яъне «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим», ғолибон иборатанд аз: Бурҳонуддини Зариф, Шарипов Абдурауф ва Фарухи Саидалӣ.
Дар қисмати чаҳорум яъне «Ҳифз ва қироати 20-пораи Қуръони Карим», ғолибон иборат мебошанд аз: Давлатов Иззатулло, Исломзода Мифтоҳуддин ва Ширинзода Камолуддин.
Дар қисмати панҷум яъне «Ҳифз ва қироати 10-пораи Қуръони Карим» бошад, ғолибонро Акрамов Фируз, Ҳалимов Саидакбар ва Давлатов Фирдавс ташкил доданд.
Бояд қайд намоем, ки соли гузашта яке аз ғолибони ин озмун Набиаллоҳ Саидов дар миёни намояндагони 75 давлати ҷаҳон дар Мисри Араб, ба гирифтани мақоми аввали озмун сазовор гардида буд.