مقام زن در قرآن
Дар Қуръони Карим оёти зиёде ҳаст, ки баёнгари он аст ки дар тули таърих занони шуҷоъе будаанд ва Қуръон аз онҳо ба ифтихор ёд карда аст. инак чанд намуна аз заноне, ки дар Қуръон зикри онҳо шуда аст:
Ҳазрат Марям(с) ва моидаи осмонӣ.
Худо ба Марям(с) мегӯяд: اصْطَفَاکِ[1]; Туро интихоб кардем.
Мустафо яъне интихоб шуда! Зан метавонад ба ҷое бирасад, ки суфраи осмонӣ барояш биёяд. Ҳазрат Марям(с) сари ҷойнамоз буд, меваҳои ғайри фасл барояш меомад. Ҳазрат Закариё паёмбар буд, меваҳои осмонӣ надорад, вале Марям(с) ки сари намоз меравад, ин меваҳо ҳозир мешавад. Пурсид инҳо аз куҷост? Гуфт: Инҳо суфраи осмонӣ ҳастанд.
Зан метавонад ба ҷое бирасад, ки ба қалбаш илҳом шавад.
Модари Мусо(а) писар ба дунё овард, Қуръон мегӯяд: «وَأَوْحَیْنَا إِلَی ام مُوسَی»[2]
“Ба модари Мусо илҳом кардем.”
Пас зан метавонад мавриди илҳом қарор бигирад.
Ҳамсари Фиръавн, намунаи ҳамаи муъминон.
Қуръон ба мо гуфта аст ҳамаи мардҳо ва занҳо, улгуятон зани Фиръавн бошад. «وَضَرَبَالله مَثَلًا»
“Худо як намуна мисол зада аст.”
لِّلَّذِینَ آمَنُوا امْرَأَتَ فِرْعَوْنَ[3]
“Яъне зани Фиръавн барои мардҳо ва занҳо намуна аст.
Зани Фиръавн дар қаср буд аммо мегӯяд: Худоё! Ман на қасрашро мехоҳам, на боғашро, на тиллоҳояшро! Худоё манро наҷот бидеҳ!”
Нақши чор зан дар зиндагии ҳазрати Мусо(а).
Ҳазрат Мусо(а)ро чор зан нигаҳ доштанд. Мо хабаре аз падари ҳазрати Мусо(а) надорем. Аввалин зан, модараш буд, ки Худо ба ӯ ваҳй кард, шираш бидеҳ бигузораш дар сандуқчае ва онро бияндоз дар дарё, мо ӯро ба ту бармегардонем! Дуюмин зан, хоҳари Мусо(а) буд, ки он сандуқчаро дунбол мекард то бубинад сарнавишти ин сандуқча чи мешавад. Зани Фиръавн ҳам нақш дошт, чун Фиръавн мехост баччаро бикушад, зани Фиръавн инҷо наҳй кард ва ӯро наҷот дод. «لا تَقْتُلُوهُ» Накушаш.
عَسَی أَن یَنفَعَنَا[4] “Шояд ба мо нафъе бирасонад.”
Мо ки баччадор намешавем, ин баччаамон бошад. Ин зани шуҷоъ бо ин кори худ Мусо(а)ро аз кушта шудан наҷот дод. Хоҳари Мусо(а) восита шуд, вақте гирифтандаш, диданд навзод аст ва шир мехоҳад, ҳар зани ширдеҳеро оварданд синаи ӯро нагирифт ва хоҳари Мусо(а) пеш омад ва гуфт: «هَلْ أَدُلُّکُمْ» “Шуморо далолат бикунам” ба хонае, ки «یَکْفُلُونَهُ» на фақат шир бидиҳад балки бакаффул бигирад.
Саъй миёни Сафо ва Марва, ёдгори Ҳоҷар.
Дар канори Каъба як хиёбоне 400 метрии боло пушида аст ба номи Сафо ва Марва! Ҳоҷиён вақте ба ин хиёбон мерасанд бояд ҳаяҷонӣ бидаванд. Фарқе намекунад, ки дар кадом мақом ва мансабе ҳастанд.
Худованд ба мо тавфиқи амал бидиҳад.
[1] Сураи Оли Имрон, ояти 42.
[2] Сураи Қасас, ояти 7.
[3] Сураи Таҳрим, ояти 11.
[4] Сураи Қасас, ояти 9.