Қуръони Карим аз вижагиҳои махсусе барои занон сухан гуфтааст ва яке аз вижагиҳои бузурге, ки симои инсонӣ ва раҳмонӣ ба зан бахшидааст шаъну манзалати модарӣ аст. Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд:
...وَ وَصَّيْنَا الْإِنْسانَ بِوالِدَيْهِ إِحْساناً حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهاً وَ وَضَعَتْهُ كُرْهاً وَ حَمْلُهُ وَ فِصالُهُ ثَلاثُونَ شَهْراً
"Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад, модараш ӯро бо нороҳатӣ (машаққат) ҳамл мекунад ва бо нороҳатӣ ба дунё овард. Ва даврони ҳомилагӣ ва аз шир гирифтанаш сӣ моҳ аст, то замоне ки ба камоли қудрат ва рушд бирасад ва ба чиҳилсолагӣ болиғ гардад...". (Аҳқоф, 15)
Дар ин ояти шарифа лузуми ҳақшиносӣ дар баробари модар ёдоварӣ шуда ва бар се нуктаи асосӣ таъкид мешавад:
Як. Даврони ҳамл. Қуръони Карим дар ин оят бо зикри ранҷҳо ва сахтиҳои модаронро дар даврони ҳамл хотирнишон мекунад: حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهاً
Ду. Вазъи ҳамл. Бар асоси ин оят модарон ба ҳангоми вазъи ҳамл низ сахтӣ ва ранҷи зиёдеро ба худ мекашанд: وَضَعَتْهُ كُرْهاً
Се. Даврони ширдеҳӣ. Даврони дарозмуддати ширдеҳӣ низ яке дигар аз замонҳои пурзаҳмати даврони зиндагии модарон аст, ки дар ин оят мавриди таъкид қарор гирифтааст: فِصالُهُ ثَلاثُونَ شَهْرا
Зан дар муддати ин сӣ моҳ бузургтарин фидокориро дар мавриди фарзандаш анҷом медиҳад, ки бо сабру ҳавсала тамоми ниёзҳои фарзандро ташхис дода ва таъмин мекунад.
Масъалаи некӣ ба падару модар аз усули муҳимми инсонӣ аст, ки ҳатто касоне, ки пойбанди ба дину мазҳабе нестанд низ ба таври фитрӣ волидайнро муҳтарам меҳисобанд. Бино бар ин ба фармони Худованд бояд дар муқобили хадамоти бузурги падару модар некиҳои бузургу барҷаста анҷом шавад.
Ва зикри ояти илоҳӣ дар каломи осмонӣ аз ҷониби Худованд, нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои модар ва муҳаббати модарии ӯст.
Дар ҳадис омадааст, ки марде назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омада ва гуфт:
یا رَسُول الله! مَن اَبَّر؟ قالَ: أُمُکَ. قالَ. ثُمَّ مَن؟ قالَ: أُمَّکَ. قالَ: ثُمَّ مَن؟ قالَ: أُمَّکَ. قالَ: ثُمَّ مَن؟ قالَ: أَباکَ
"Эй Расули Худо! Ба чӣ касе некӣ кунам? Ҳазрат фармуданд: Ба модарат. Баъд гуфт: Баъд аз ӯ ба чӣ касе? Боз Ҳазрат фармуданд: Ба модарат. Барои севвумин бор савол кард, ки баъд аз ӯ? Ҳазрат боз фармуданд: Ба модарат. Ва дар ҷаҳорумин бор вақте ин саволро такрор кард Ҳазрат фармуд: Ба падарат." ( Кофӣ)
Натиҷа ин ки як зан нақши бузурге дар эҷоди оромишу муҳаббат дар зиндагӣ ва нақши парвариши ҷанини солим ва тарбияти саҳеҳи фарзандонро метавонад дошта бошад. Ва ба ҳамин хотир аст, Ислом таъкид бар мондани зан дар ҷойгоҳи бузурги инсонияш дорад.
Дар таърих мебинем, ки мардони бузурги ҷаҳон, муваффақияташон аз покии вилодати онҳо ва тарбияти саҳеҳашон дар зиндагӣ будааст.