Ба номи Худо

Инсон як мавҷуди иҷтимоӣ аст ва иртибототи иҷтимоии он ба ҳадафи ҳамкорӣ дар рафъи ниёзҳои якдигар аст. Ин иртибот дар дараҷаи аввал марбут ба хонавода ва баъд дар наздикон ва дар охир байни дигар афроди ҷомеа аст ва ҷавомеи мухталиф барои ба самар нишондани ин амри муҳими васелаи маҳаббату ҳамдилӣ одоби хоссеро баён кардаанд.

Қуръони Карим ба унвони китоби зидагии башар аз ин муҳим ғофил набуда ва беҳтарин шакли рафторро барои барқарори иртиботи инсон бо худ ва хонавода ва ҷомеашро тавсия мекунад

 

Адаби иҷозат гирифтан барои дохил шудан ба хона:

Ояти шарифае, ки бар чигунагии рафтор муъминон дар меҳмонӣ ишора мекунад, ояти 27 аз сураи Нур аст:

 

یا أَیهَا الَّذِینَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُیوتًا غَیرَ بُیوتِكُمْ حَتَّى تَسْتَأْنِسُوا وَتُسَلِّمُوا عَلَى أَهْلِهَا ذَلِكُمْ خَیرٌ لَكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

" Эй касоне, ки имон овардаед! Дар хонаҳое ғайр аз хонаи худ дохил нашавед, то иҷозат бигиред ва бар аҳли он хона салом кунед, ин барои шумо беҳтар аст, шояд мутазаккир шавед." (Нур / 27)

Дар ин ояти шарифа адаби ворид шудан ба хонаи дигаронро ба иҷозат хостан аз соҳибхона донистааст. Барои равшании мавзуъ лозим аст баён шавад, ки манзилу хона маҳалли оромиши ҳар фард ва хонаводаи ӯст.

Илова бар ин ояти шарифа, ояти 28 аз ҳамин сура низ бар зарурати иҷозат хостан таъкид мекунад:

 

فَإِنْ لَمْ تَجِدُوا فِیهَا أَحَدًا فَلَا تَدْخُلُوهَا حَتَّى یؤْذَنَ لَكُمْ وَإِنْ قِیلَ لَكُمُ ارْجِعُوا فَارْجِعُوا هُوَ أَزْكَى لَكُمْ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِیمٌ

"Ва агар касеро дар он наёфтед, дохил нашавед, то ба шумо иҷозат дода шавад. Ва агар гуфта шуд: «Боз гардед!», боз гардед, ин барои шумо покизатар аст ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст." (Нур / 28)

Аз ин ду ояти сураи Нур фаҳмида мешавад, ки аввалин адаби меҳмонӣ иҷозат хостан аз соҳибхона аст ва барои дохил шудан бояд дар интизори иҷозати соҳибхона буд, агар иҷозат дода шуд дохил шавад, албатта бо оромиш ва агар гуфта шуд боз гардед, бояд бозгардад. Гӯё Худован хоста аст, ки соҳибхона барои худ ва номусаш ва маҳалли оромишаш ихтиёрдор бошад то ки дар сурати омода набудан меҳмон қабул накунад.

Аз ин оятҳо натиҷа мегирем, ки риояи адаб барои ворид шудан ба манзили дигар кас тавсияи дину Қуръон мебошад. Адаби қуръонӣ талаб мекунад, ки барои ворид шудан иҷозат хоста шавад ва агар соҳибхона шароити қабул кардани меҳмонро надошта бошад ва иҷозат надиҳад бояд, ки боз гардад, ки адаб дар боз гаштан аст. (Тафсири Ал-мизон)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст