Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад      В-аз ҷудоиҳо шикоят мекун

К-аз найистон то маро бубридаанд       Дар нафирам марду зан  нолидаанд

قال الله عزوجل: وَمَا أَمْوَالُكُمْ وَلا أَوْلادُكُمْ بِالَّتِي تُقَرِّبُكُمْ عِنْدَنَا زُلْفَى إِلا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا) سبأ.(37

Ин сухан ҳамвора дар миёни мо гуфта мешавад, ки зиндагӣ арзишманд ва ҳадафманд мебошад  ва ҳадафдориаш унвони як асли мусаллам барои зиндагӣ пазируфта

шудааст, аммо ҷои он ҳаст, ки бо муроҷеа ба муҳимтарин  матни муқаддаси динии мо ин пурсиш  ҳам матраҳ шавад, ки бо чӣ далел зиндагӣ бояд ҳадафманд бошад? Чӣ зарурате эҳсос мешавад, ки инсон дорои зиндагии ҳадафдор бошад? Оё шинохти ҳадаф, ҳамчунин шинохти васоил ва абзоре, ки моро ба ҳадаф мерасонад, дар сарнавишти мо муассир хоҳад буд? Мегӯянд: Аз муҳимтарин аркони ҳаёти инсонӣ «ҳадафдории зиндагӣ» аст. Зиндагии беҳадаф, пӯч аст ва пӯчтар аз он, иштибоҳ дар интихоби ҳадаф аст. Пас дуруст ва саҳеҳ андешидан дар мавриди ҳадафи зиндагӣ, сарнавиштсоз ва ғалат ва ё каҷандешӣ дар ин маврид, сарнавиштсӯз аст.

 

Барои пардохтан ба асли баҳс, ибтидо бояд нукотеро баён кунем.

Маънои ҳадаф. Ҳадаф дар луғат ба маънои нишонаи тир аст. «Ҳадаф, он чизе аст, ки барои расидан ба он талош ва кӯшиш мешавад»  ва дар урфи мардум ба натиҷаи феъли ихтиёрӣ гуфта мешавад, ки аз оғоз онро дар назар мегирад ва тамоми афъол ва кори худро барои расидан ба он нуқтаи мавриди назар яъне «ҳадаф» анҷом медиҳад  ва талоши рӯзмарраи зиндагии инсон, замоне мафҳум ва маъно хоҳад ёфт, ки «ҳадафи ниҳоии зиндагӣ» равшан бошад ва вагарна бемаъно хоҳад гашт. Агар мо дар тули таърих ба башарият нигоҳе биандозем, мебинем, ки аксари касоне, ки роҳи иштибоҳ рафтаанд онҳо касоне ҳастанд, ки ё дар маънои ҳадаф саҳеҳ наяндешидаанд ва  ё ҳадафи асил ва ниҳоиро пайдо накардаанд.

Агар инсонҳо дар зиндагии худ равишҳои мутафовите доранд, ба ин далел аст, ки ҳадафҳои мухталиферо дунбол мекунанд, ҳар қадар ин ҳадаф бо арзиштар ва волотар бошад, ба ҳамон андоза зиндагӣ, аз арзиш ва кайфияти олитаре бархӯрдор хоҳад шуд;

Бинобар ин, саодат ва камоли инсон дар гарави «шинохти ҳадаф» ва огоҳӣ аз «фалсафаи ҳаёт» ва талош дар роҳи расидан ба он мебошад.

Албатта интихоби ҳадафи ниҳоӣ ба ҷаҳонбинии ҳар кас вобастааст. Ин ки дар байни афроди ҷомеа ихтилоф дар интихоби ҳадаф ба чашм мехӯрад, чун маъмулан ҷаҳонбиниҳо мухталиф ва мутафовит аст ва ҷаҳонбинӣ решаи аслии интихоби ҳадафи зиндагӣ аст.

Назариёт дар баробари «ҳадафи зиндагӣ»

Дар масъалаи фалсафаи ҳаёт ва ё ҳадафи зиндагӣ метавон мардумро ба се даста тақсимбандӣ кард:

Дастаи аввал касоне ҳастанд, ки ба сабаби саргарм шудан ба ҳадафҳои моддӣ ва унс гирифтан бо завоҳири зиндагӣ, ба чизи волотар аз он намеандешанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба ҳаёти ранҷовари дунё розӣ шуда ва ба он ором гирифтаанд Ва ин ризоят ба зиндагии муваққати дунё  сабаб шудааст, ки онҳо ба таври ҷиддӣ ва дақиқ дар бораи «ҳадафи ниҳоии зиндагӣ» наяндешанд ва дар ғафлат ва ҷаҳли мураккаб ғӯтавар шаванд.

Дастаи дуюм ниҳилистҳо ё «файласуфони пӯчгаро»  ҳастанд, ки ҳадафҳои моддӣ ва ғаризӣ натавонистааст онҳоро розӣ ва хушнуд созад ва аз тарафе ҳам натавонистаанд ба буъди мутаолии зиндагӣ дастрасӣ пайдо кунанд, зеро онҳо ҳадафи ниҳоии зиндагии инсонро дар зимни зиндагии моддӣ ҷустуҷу намудаанд. Ин даста аз мардум, ки саробро об пиндошта ва бо расидан ба он аташашон бештар гаштааст, ба пӯчӣ расидаанд. Инон ба тасаввури инки ҳаёти инсонӣ дар ҳамин зиндагии чандрӯзаи дунё хулоса шуда ва ҳадафи волотар аз аносири моддӣ ва ғаризӣ вуҷуд надорад, онро пӯч ва беарзиш дониста ва забон ба таън ва интиқод аз низоми ҳастӣ гушудаанд.

Дастаи сеюм касоне ҳастанд, ки гоми фаротар ниҳода ба буъди мутаолии зиндагӣ ошно шудаанд. Инон тавонистаанд дар сояи таҳсили камол даричае аз олами боло бар рӯи худ бигушоянд ва бо азаматҳои маънавии зиндагӣ, ошно шаванд. Аз инрӯ ин даста, на монанди гурӯҳи аввал бо осудагии хотир дар олами ғафлат ва бехабарӣ ғӯтаваранд ва на монанди гӯрӯҳи дуюм ба пӯчӣ расидаанд. Онон бо дастёбӣ ба ҳақоиқе, ки аз диди зоҳирбинон пинҳон ва пӯшида аст, фалсафаи зиндагиро дар моварои марзҳои завоҳир ёфта, аз он сухан гуфтаанд  ва барои расидан ба он аз ҳеҷ талоше дареғ намеварзанд. Қуръон низ расидан ба ҳадафи ниҳоӣ ва муваффақиятро ба онон навид додааст ва Худованд ҳам ёрияшон хоҳад кард.

Ҷудо кардани миёни ҳадаф аз васила

Бояд миёни ҳадаф ва васила фарқ қоил шуд, чун мо бо василае мехоҳем ба ҳадафамон бирасем на инки худи василаро ҳадафи худ интихоб кунем. Масалан мо мехоҳем аз Русия ба Тоҷикистон ба хонаи худ сафар кунем ва барои сафар ба васоиле монанди либоси гарм, пули кофӣ, василаи нақлия ва ... ниёзмандем. Дар инҷо либос, пул ва василаи нақлия ҳадафи ниҳоии мо нест, балки инҳо василаест то ба хона биёем ва ҳадафи ниҳоии мо хона омадан аст. Бинобарин  васила наметавонад ҳадаф бошад. Ба иборати дигар ҷузъи зиндагӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳадафи зиндагӣ қарор бигирад. Зиндагии зудгузар ва заволпазири дунё нисбат ба зиндагии ҷовидон ва мутаолии охират инчунин аст (Аддунё мазраат-ул- охират).

Агар мо ба хубӣ тавонистем ҳадафро аз васила ҷудо кунем бо ин ҷудо кардан азамат ва арзиши ҳадафҳо маълум мешавад ва дар ин сурат инсон, беҳтарин ҳадафро барои зиндагии худ интихоб мекунад. Агар ин ҷудоӣ сурат нагирад, зиндагии одамӣ монанди коғазпора ба ин сӯ ва он сӯ кашида мешавад ва чунин инсоне василае барои ҳадафи зиндагии дигарон мегардад.  Аз инрӯ лозим аст миёни ҳадаф ва васила тафкик сурат гирад, то  инсон дучори хато нашавад ва василаро ба ҷои ҳадаф иштибоҳ нагирад. Ҳадафҳои зудгузаре, ки дар воқеъ василаҳои зиндагии ниҳоие беш нестанд ҳадафи аъло интихоб накунад, зеро касе ки ба ҳадафҳои зудгузар ва заволпазир дил мебандад ва барои комёбӣ ба онҳо талош мекунад, бояд ба худ эҳтимоли шикаст бидиҳад. Аммо дилбастан ба ҳадафҳои ҷовидон ва мутаолӣ ва саъй дар роҳи расидан ба онҳо, бино ба ваъдаи тахаллуфнопазири Қуръон муваффақиятро дар пай хоҳад дошт.

Албатта дар инҷо саволе матраҳ мешавад, ки агар ҳаёти дунё ҳадаф нест чаро Худованд онро офаридааст? Дар посух бояд гуфт: Холиқи Ҳаким ҳаёти дунёро аз он ҷиҳат офаридааст, ки василаи расидан ба ҳадафи мутаолии инсон ва дастёбӣ ба ҳаёти ҳақиқӣ ва абадӣ дар ҷавори раҳмати ҳақ бошад, на инки ин ҳаёти нопойдор худ ҳадафи зиндагӣ қарор гирад.

«Мо агар бихоҳем худи ҳаёти дунёро ҳадаф қарор диҳем, дар мантиқи Қуръон, бо ихтиёри худ, худро ошиқ ва гирифтори халаи маҳз кардаем, аммо агар дар ин ҳаёт ғӯттавар нашавем ва онро ба унвони шоистатарин гузаргоҳ » ва киштзор  барои ҳаёти воқеӣ талаққӣ кунем, дар олитарин ҳадаф, ки барои як « худи инсонӣ қобили тасаввур аст гом хоҳем гузошт».

Қуръон «ҳадаф аз зиндагии ибтидоӣ» дунёро дастёбӣ ва расидан ба ҳаёти таййиба медонад, ки ҳамон зиндагии ҳақиқӣ ва ҷовид аст ва барои расидан ба он ду чизро шарт қарор медиҳад: Яке имон ва дигаре амали солеҳ.

«مَنْ عَمِلَ صالِحاً مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثى وَ هُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَياةً طَيِّبَةً وَ لَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ ما كانُوا يَعْمَلُون»

Ҳар кас аз марду зан, амали шоиста кунанд ва мӯъмин бошанд. Ӯро зиндагии некӯ диҳем ва подошашро беҳтар аз ончи амал мекардаанд, медиҳем.

Дар ҷумлаи «فلنحیینه حیاةً طیبةً» ҳаёт ба маънои ҷон андохтан дар чизе ва ифозаи ҳаёт ба он аст, пас ин ҷумла бо сароҳати лафзаш далолат дорад ба инки Худои Таоло мӯъминеро, ки амали солеҳ кунад ба ҳаёти ҷадиде ғайр аз он ҳаёте, ки ба дигарон низ додаанд, зинда мекунад ва мақсуд ин нест, ки ҳаёташро тағир медиҳад, балки мартабаи олитаре аз ҳаётро (ки  аҳмияти беҳтаре дорад) ба ӯ иноят мекунад. Инчунин аст ҳаёти инсоне, ки дар нақши худ камолу иззат ва лаззату суруреро дарк мекунад, ки наметавон андозаашро муайян кард ва наметавон гуфт, ки чигуна аст ва чаро чунин набошад? Ҳол онки мутафарриқ дар ҳаёти доимӣ ва заволнопазир ва неъмати боқӣ ва фанонопазир ва лаззати холӣ аз алам ва кудурат ва хайру саодати бе интиҳо ва бе шақоват, ин осори зиндагӣ, ҷуз ба зиндагии ҳақиқии мутараттиб намешавад ва зиндагии маҷозӣ бӯе аз он надорад. Худованд ин осорро ба ҳаёте мутараттиб карда, ки онро мухтас ба мардуми боимон ва дорои амали солеҳ донистааст. Ҳаёте, ки ҳақиқӣ ва воқеӣ ва ҷадид аст, ки Худо онро ба касоне, ки сазоворанд ифоза мефармояд».

Албатта дар оёти Қуръон, аҳдофи зиёде барои офариниши инсон матраҳ шудааст, ки метавон онҳоро ба се даста тақсим кард

1-    Ҳадафи муқаддамотӣ ё кутоҳмуддат

Мақсуд аз он, фароҳам шудани заминаҳои моддӣ ва иҷтимоӣ ва таҳқиқи шинохтҳои лозим барои интихоби озодонаи роҳ ва расми зиндагӣ барои инсон ва истимрори ҳаёт аст. Аз ҷумлаи ин аҳдоф метавон ба ободонии замин ва дастёбӣ ба тавсиаи моддӣ ва иқтисодӣ ишора кард. Чунонки дар сураи Ҳуд ояти 61 мефармояд: Барои қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем Солеҳ гуфт: Эй мардум! Худоро ибодат кунед, ки маъбуде ғайр аз ӯ надоред. Ӯ шуморо аз замин офарид ва ободии онро аз шумо хостааст».  Ин, ки Худованд инсонро ба обод кардани замин вомедорад ва умрони онро аз ӯ мехоҳад, ба ин маъно нест, ки ҳадафи ниҳоӣ ҳамин бошад, балки баҳраварӣ аз замин барои бақои инсон ва идомаи ҳаёти моддӣ, лозим ва зарурӣ аст ва идомаи зиндагӣ низ муқаддимаи расидан ба ҳадафи волотаре аст, ки инсон ва истимрори ҳаёт ба тадриҷ бояд ба сӯи он ҳадаф дар ҳаракат бошад ва саранҷом ба он бирасад.

2-    Ҳадафи миёнӣ

Ба ҳадафҳои миёнмуддате, ки дар Қуръон барои зиндагии инсон баён шудааст, расидан ба ҳадафи ниҳоӣ мумкин нахоҳад буд. Ду намуна аз ин аҳдофро «озмоиши бандагон» ва «ибодати Худо» метавон ном бурд.

1- Озмоиш: «الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلا....  »

«Худое, ки маргу зиндагиро офарид, то биёзмояд шуморо, ки кадом як некӯкор мешавед

Манзур аз озмоиши Худованд навъе парвариш аст. Ба маъное, ки инсонҳоро ба майдони амалмекунад, то варзида ва озмӯда ва пок ва покиза шаванд ва лоиқи қурби Худо гарданд.

2- Ибодат

Дар ояти 56 сураи Зориёт яке дигар аз ҳадафҳои миёниро ибодат зикр мекунад ва мефармояд:« وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالإنْسَ إِلا لِيَعْبُدُونِ »

«Ҷину инсро наёфаридам, магар инки маро ибодат кунанд (ва аз ин тариқ такомул ёбанд ва ба ман наздик шаванд)»

Ағлаб гумон мекунанд мақсуд аз ибодат, ҳамон ҳаракот ва вирду зикрҳои хушк аст, ки ба асари одат анҷом мешавад ё танҳо намоз ва рӯза ва амсоли онро ибодат ба ҳисоб меоваранд, аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ибодат мафҳуми бисёр густардае дорад ва барои он як меъёри куллӣ баён шудааст, ки «ончи барои Худо анҷом мегирад ибодат аст» ва лизо «убудият, итоати беқайду шарт ва фармонбардорӣ дар тамоми заминаҳост ва ба иборати дигар убудияти комил он аст, ки инсон ҷуз ба маъбуди воқеӣ яъне камоли мутлақ наяндешад, ҷуз дар роҳи ӯ гом набардорад, ва ҳарчи ғайри ӯст фаромӯш кунад, ҳатто хештанро».

3-    Тақриб ба Худо ҳадафи ниҳоӣ

Мақсуд аз ҳадафи ниҳоӣ чизе аст, ки бақияи корҳо барои расидан ба он анҷом мегирад. Аз дидгоҳи Қуръон ҳадафи ниҳоии зиндагӣ, тақриб ба Худованд аст ва ҳеҷ ҳадафи мутаолитар аз он вуҷуд надорад, зеро тақриб ба Худованд расидан ба ҳамаи камолот, зебоиҳо, лаззатҳо ва саодатҳои абадӣ аст ва ин тақриб ҳамроҳ бо чашидани таъми ҳаёти таййиба ва пойдор ва фанонопазир дар ҷавори раҳмати ҳақ аст ва инки Қуръон, ибодатро ба унвони ҳадафи хилқат баён мекунад, аз он ҷиҳат аст ки ибодат- тибқи мафҳуме, ки баён шуд- робитаи инсонро бо Худо маҳкам сохта, зиндагии ӯро худомеҳвар месозад ва чунин зиндагӣ сабаби тақриби инсон ба Худо мешавад.

Пас худи ибодат, ҳадафи ниҳоӣ нест, балки ибодат як ҳадафи миёнӣ аст, ки моро ба ҳадафи воло ва комилтаре мерасонад. Манзур ҳамон тақриб ба Худо ва расидан ба дараҷаи таолӣ ва камол бошад.

Қуръон асбоби тақриб ва наздик шуданро зиёдии сарват ва касрати фарзандон намедонад, балки ончи ба унвони асбоби тақриб ва шароити наздикӣ ба Худо баён мекунад, ду чиз аст: Имон ва амали солеҳ.

Дар ояти 37 сураи Сабаъ ин матлаб чунин баён мешавад:

« وَمَا أَمْوَالُكُمْ وَلا أَوْلادُكُمْ بِالَّتِي تُقَرِّبُكُمْ عِنْدَنَا زُلْفَى إِلا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا«

«Амвол ва авлодатон шуморо ба мо наздик намекунад, магар онон ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом диҳанд».

Имон ба Худо ва амали солеҳ, зиндагии инсонро Худомеҳвар мекунад ва он зиндагие, ки меҳвари аслии он Худо бошад, саросар ибодат аст ва ибодат муҷиби камол ва тақриб ба Худованд мебошад. Ҳамонгуна ки Қуръон дар ин оят имон ва амали солеҳро асбоби тақриб ба Худо муаррифӣ мекунад. Дар ояти 97 сураи Наҳл ин ду чизро заминаи расидан ба ҳаёти таййиба медонад ва низ дар сураи Аср аз хусрони азим сухан мегӯяд. Мешавад чунин натиҷа гирифт, ки наҷоти инсон аз хусрони азим ва расидан ба ҳаёти таййиба тақарруб ба Худованд, ҳар се самара ва натиҷаи имон ба Худо ва амали солеҳ мебошад, ки лозим аст сарлавҳаи зиндагии инсон қарор гирад.

Хулоса инки:

1-    Ҳадаф бар ин зиндагӣ, хориҷ аз чанд руз зиндагии ин дунё қарор дорад ва саранҷоми он аст, на дар матни он.

2-    Ҳадафи зиндагӣ дар расидан ва тақарруб ва бозгашт ба Худованди Мутаол аст.

3-    Худованд чигунагии расидан ба ин ҳадафро, ба василаи паёмбарони илоҳӣ дар қолиби ваҳй монанди Қуръон барои мо рӯшан сохтааст ва моро бо нури ваҳй аз ҷузъиёти ин масир огоҳ кардааст.

4-    Имон ва амали солеҳ ду рукни аслии муҳим барои расидан ба ҳадафи ҳақиқии зиндагӣ талаққӣ шудааст.

5-    Ҳадафи зиндагӣ барои донишҷӯ, коргар, корманд, пизишк, ориф, ҳунарманд, муаллим, зану мард дар як калима инсон, яксон аст. Албатта ҳар кас ба андозаи имон ва амали солеҳи худ, метавонад ба ҳадафи ҳақиқии зиндагӣ даст ёбад.

Бо ин нигоҳ ба ҳадафи зиндагӣ, талош дар ҷиҳат ва самти имон ва амали солеҳ, ҳарчанд сахт аст, вале бисёр лаззатбахш аст. Рӯ ба сӯи Худо овардан, бисёр оромбахш ва омехта бо унсу лутф аст ва нарасидан ба ин висол бисёр ҷонсӯз аст, чунонки  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад

К-аз найистон то маро бубридаанд

Дар нафирам марду зан нолидаанд


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст