Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

“Алҳамдулиллоҳи раббил оламин ва саллаллоҳу ало сайидино ва набийино ва мавлоно Абулқосим Мустафо Муҳаммад(с) ва ало Аҳли Байтиҳ аттайибинат тоҳирин ва ало саҳбиҳил мухлисинал муҷоҳидин”.

Мавзӯъ: Чаро бояд намоз бихонем??

Имрӯза агар нигоҳ кунем мебинем, ки бисёре аз ҷавонон ва ҳатто пиразанҳо ва пира мардон аз рӯҳониҳо ва муллоҳо ин саволро мекунанд, ки чаро бояд намоз хонд? Агар намоз нахонем чӣ мешавад? Ё фалсафаи намоз хондан чист?

Чӣ хуб аст, ки инсон амалеро ки анҷом медиҳад ва корҳои ибодие, ки анҷом медиҳад, иллат ва сабаби онро бидонад. Барои посух ба ин саволи ҷавонон мо суроғи Қуръони Карим ва ривоёти Пайғамбари Ислом(с) меравем.

Вақте, ки ба Қуръони Карим нигоҳ мекунем, мебинем ки худи Худои Мутаол моро дар панҷ ҷои Қуръони Карим роҳнамоӣ мекунад, ки чаро бояд мо намоз бихонем.

1) Мо намоз мехонем, то аз соҳибнеъмати худ ташаккур ва қадрдонӣ кунем. Барои онки дар Қуръони Карим фармудааст:

فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَذَا الْبَيْتِ [1]

“Пас, [ба шукронаи ин неъмати бузург] парвардигори ин хона(каъба)ро ибодат кунед.

Савол мекунем, ки чаро бояд парвардигори ин хонаро яъне “Каъбаро” ибодат кунем?

Ҷавоб:

الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ[2]

“Ҳамон (Аллоҳ) касест, ки ононро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ эмин сохт”.

Ба иборати дигар, соҳиби он хона моро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ наҷот бахшид”. Ибот, ки дар оят омадааст, намоз яке аз масодиқи он аст.

Агар мо каме диққат кунем мебинем ки зиёде аз ҳайвонот ҳастанд, ки вақте соҳиби он ҳайвон ба он таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз соҳибаш ташаккур мекунанд.

Масалан шумо сагро дар назар бигиред, вақте соҳибаш ё раҳгузаре ба он устухон ё таом медиҳад, баъд аз сер шудан аз ҷой мехезаду думи худро такон медиҳад ва аҳёнан агар иҷоза деҳӣ боз бо забони худ шуморо мелесад.

Пас, агар диққат шавад ҳайвонот ҳам дар олами худ аз соҳибнеъмат ташаккур ва қадрдонӣ мекунанд, ки дар олами саг ҳамон ҳаракти дум, навъе сипосгузорӣ аст. Саг воҷиб будани шукри мунъимро дар оламӣ худ фаҳмид. Мо инсонҳо, ки беҳтарин махлуқи Худо ҳастем, бояд ба таври авло ин шукр ва сипосгузориро бифаҳмем ва анҷом диҳем, ки намоз хондани мо яке аз роҳҳои шукри мунъим мебошад.

2) Мо намоз мехонем барои онки Худованд моро халқ кардааст. Худи Худованди Мутаол мефармоянд: “ Мо инсу ҷинро халқ накардем, магар барои ибодат”

یا ایها الناس اعبدوا ربکم

Эй мардум! ибодат кунед Парвардигори худро.

Чаро бояд ибодат кунем? Ҷавоб:

الذی خلقکم

Барои онки Худованд шуморо халқ кар ва Худованд шоистаи парастиш аст.

Абру боду маҳу хуршеду фалак ва ҳамаро барои мо халқ кардааст, пас металабад, ки ӯро ибодат кунем. Ва лаин шакартум лаазиданнакум.

3) Намоз мехонем, то дар зиндагии худ рушд кунем.

إِنَّ الصَّلوةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ[3]

“ Намоз[инсонро] аз зиштиҳо ва бадиҳо нигоҳ медорад”

Ин оят барои ман ҳамеша савол буд, ки читавр намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар дур мекунад. Рӯзе ба ҳадисе аз ҳадисҳои Пайғамбари Акрам(с) бархурд кардам, ки рӯзе яке аз занони мусалмон дар замони Расули Худо(с) дар ғиёби шавҳараш зино карда буд. Бар асари ҳамин зино, фарзанде ҳаромзодаро бордор шуд. Дар фикри ин афтод, ки шавҳараш бар гардад, чи ҷавоб диҳад?! Лизо, даст ба қатли фарзанди худ заду баъд аз куштан онро дохили колоҳо карду фурӯхт. Виҷдонаш ӯро нагузошт, роҳат бошад ва хобу зиндагиро аз ӯ гирифта буд. Рӯзе бо сару садоҳое дар кучаҳои мадина медавиду аз мардум суроғи Пайғамбари Акрам(с)-ро мегирифт. Ногаҳон Пайғамбари Худо(с) ӯро диду савол кард, ки чӣ шудааст ин қадар сару садо мекунед?

Моҷароро барои Пайғамбар(с) баён кард. Расули Худо(с) фармуданд, ки ба хотири онки дар ғиёби шавҳарат домани худро нопок ва зино кардаӣ бояд сангсор шавӣ. Барои онки фарзанди худро кӯштаӣ азоби дарноке дар рӯзи қиёмад хоҳӣ дошт ва барои онки фарзанди худро он тавр фареб дода фурӯхтаӣ, бозҳам азоби сахт ва шадид дар интизори туст.

Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки шумо зани мусалмон будед мехоҳед бидонед, ки чаро шумо аз роҳи рост мунҳариф шудед ва даст ба ин корҳои нописанд ва ғайри шаръи задед? Зан гуфт, бале ё Расули Аллоҳ.

Расули Худо(с) фармуданд: ба хотири қазо шудани намози асри шумо ва сабук шуморидани намоз.

4) Намоз мехонем то бо Холиқи худ наздик шавем.

Ибодат кунед Парвардигоратонро. Чаро бояд ибодат кунем?

[4] وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ

Ва парвардигоратро ибодат кун то ба яқин бирасӣ.

5) Намоз мехонем то бо Худои худ унс пайдо кунем.

اقم الصلاة

“Бар хезед ва намоз барпо кунед”.

Чаро бояд бархезем ва намоз барпо кунем? لذکری Барои онки худоро зикр бигӯем.

Фоидаи зирк чист? Фоидаи зикр итминон ва оромиши қалб аст

[5]أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

танҳо бо зикр ва ёди Худованд дилҳо оромиш пайдо мекунад.

Пас, касе ки итминони қалб дорад Худованд мефармояд:

يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ. ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً. فَادْخُلِي فِي عِبَادِي. وَادْخُلِي جَنَّتِي.[6]

касоне, ки мутмаин ҳастанд аз аъмоли худ, ба суи ӯ боз гардаднд, ки ҳам шумо аз ӯ розӣ ҳастед ва ҳам ӯ аз шумо розӣ аст, пас дар сулаки бандагонам даро ва вориди биҳиштам шав.

Пас, касоне ки савол мекарданд, ки чаро бояд намоз бихонем? Ҷавоб маълум аст, ки яке аз роҳҳое, ки инсонро биҳиштӣ мекунад хондани намоз ва барпо доштани намоз аст. Шоир чи хуб баён кардаас:

Саре, ки саҷда надорад бадан бар ӯ ҳайф аст

Ҳар кас ки бе намоз бимирад кафан бар ӯ ҳайф аст.

Дар замони Расули Худо(с) марде хидмати Расули Худо(с) расиду арз кард: Ё расулуллоҳ! хеле вақт мешавад, ки аз Худои Мутаол хостае дорам, ҳарчи дуо мекунам дуоям мустаҷоб намешавад.

Расули Худо(с) фармуданд: Намоз мехонед? Мард посух дод, бале ё Расулуллоҳ. Пайғамбар(с) фармуданд: ҳамсар ва фарзандонат чӣ? Мард арз кард, бале ё Расулуллоҳ, ҳама намоз мехонем.

Пайғамбар(с) чизе нагуфт, мард ҳам рафт.

Мард боз як рӯзи дигар Пайғамбари Акрам(с)ро дар масҷид диду дубора савол кард, ки хостае аз Худованд дорам харчи дуо мекунам мустаҷоб намешавад. Пайғамбар(с) каме тааммул карданду фармуданд, ки ба хонаи худ бар гарду болои боми худро нигоҳ кун дар болои бомат устухоне аст, онро бардор ва дуо кун иншоаллол, ки дуоят мустаҷоб мешавад. Мард рафту болои боми худро нигоҳ карду устухонро пайдо кар ва онро аз болои боми худ дур кард.

Баъд аз дур кардани устухон, дуо кард ва дуояш мустаҷоб шуд.

Баъд аз муддате, Расули Худо(с) ро дид ва гуфт: Ё Расулуллоҳ! баъд аз дур кардани устухон дуо кардам, дуоям мустаҷоб шуд, вале ман сабаб ва иллати он устухонро нафаҳмаидам. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки рӯзе зоғе ба хотири лона дуруст кардан аз лаби қабристоне он устухонро бардошт ва дар осмон парвоз карду мерафт, вале ба таври иттифоқӣ дар болои боми ту афтид. Медонӣ ин устухони чӣ шахсе буд?

Мард гуфт, на. Расули Худо(с) фармуданд: ин устухони марде буд, ки аҳли намоз набуд ба ҳамин сабаб буд, ки шумо ҳарчи дуо мекардед намозатон қабул намешуд.

Дар поён, аз ҳамаи бародарон ва хоҳарон ва хонандагони азиз тақозо ва таманнои бародарона дорам, ки ба намоз аҳамияти бештар бидиҳанд, чун ки Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: “الصلاة عمود الدین Намоз пояҳои дин ва ислом аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ



[1] . Сураи Қарайш, ояти 3

[2] . Сураи Қарайш, ояти 4

[3] . Сураи Ъанкубут, ояти 45

[4] . Сураи Ҳаҷар, ояти 99

[5] . Сураи Раъд ояти 28

[6] . Сураи Фаҷр ояти 27 то 30

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст