ФАЛСАФА ВА ИЛЛАТИ ИЗДИВОҶҲОИ МУКАРРАРИ ПАЁМБАРИ АЪЗАМ(С)

Метавонем ингуна саволро матраҳ кунем, ки оё зиёд гирифтани ҳамсар аз тарафи Паёмбари Аъзам(с) шаҳватронӣ ба ҳисоб меомад ва ё далели дигар дошт?

Чун зиёд будани ҳамсарони он ҳазрат(с) боиси туҳматҳои ноҷавонмардона аз сӯи бадхоҳони Ислом, душманон ва курдилон матраҳ шуда аст.

Аввал ба чанд нукта ишора хоҳем кард, сипас ба фалсафа ва таҳлили тааддуд ва зиёдии завҷоти Паёмбари аъзам(с) хоҳем пардохт:

1. Яке аз хусусиёте, ки махсус ва мунҳасири Паёмбари Аъзам(с) мебошад, имкони издиоҷи беш аз чаҳор ҳамсар буд, ки дигарон аз ин хусусият маҳрум буданд.

2. Зиёд будани ҳамсарон дар замони Паёмбар(с) ва дар шибҳи ҷазираи Арабистон як амри оддӣ ва расме буд барои ҳамагон қобили ҳазм, зиёд доштани ҳамсар мухтасси Паёмбари Ислом(с) набуд, ҳар кас ки тавон дошт ва ё мехост озодона метавонист ҳамсарони зидё дошта бошад.

3. Ҳуқуқи зан дар замони Паёмбар(с) дар шибҳи ҷазира ва давраи таассуфбор ва торики ҷоҳилият поймол шуда ва занон василаи саргармӣ, вақт гузаронӣ ва ҳавасронии мардон қарор гирифта буданд.

4. Паёмбари Аъзам(с) дар сини 25 солагӣ бо ҳазрати Хадиҷа издивоҷ карданд зане, ки чанд сол аз Паёмбар(с) бузургтар буд. Паёмбари Аъзам(с) даврони ҷавонии худро бо ӯ гузаронид ва то ҳангоми даргузашти ҳазрати Хадиҷа, яъне то 50 солагии умри шарифашон бо касе пайванди заношуи набастанд.

Фалсафаи издивоҷҳои пайвастаи Паёмбари аъзам(с)-ро метавон ингуна таҳлил кард:

1. Иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва мухолифат бо афкори ғалати даврони ҷоҳилият; мисли издивоҷ бо Зайнаб, ки ҳамсари Зайд ибни Собит фарзандхондаи Расулуллоҳ(с) буд ва издивоҷ бо Зайнаб яъне издивоҷ бо ҳамсари фарзандхонда дар даврони ҷоҳилият мавриди қабул набуд. Аммо Паёмбари Аъзам(с) ба шикастани ин расм бо Зайнаб беваи Зайд бар асоси ҳукми илоҳӣ издивоҷ карданд ва мухолифати хешро ошкор намуданд.

2. Аҳаммият додан ба ҷойгоҳи иҷтимоии занони осебдида, ҳамчун занони бева ва асир, ки дар даврони ҷоҳилият ё беарзиш буданд ва ё кам арзиш. Пас замоне, ки Паёмбар(с) бо зани бевае издивоҷ мекарданд ин ба маънои арҷ ва манзилат додан ба мақоми иҷтимоии занони бева буд.

3. Як ҳаракти сиёсӣ; яъен замоне, ки Паёмбари Аъзам(с) аз қабилае зан интихоб мекарданд ҳамаи аҳли қабилаи он зан ё мусалмон мешуданд ва ё бо Ислом мухолифат намекарданд, чун муҳкамтарин пайванд дар замони ҷоҳилият пайванди заношуӣ ва пайваниди хешовандӣ буд.

4. Таъмини зиндагии занони бева; дар ҷангҳо, ки занон шавҳарони хешро аз даст медоданд ва сарпаноҳе надоштанд ва ё гоҳ фарзандоне ҳам доштанд, Паёмбари Аъзам(с) бо издивоҷ бо онҳо, ононро дастгирӣ ва таъмин мекарданд, монанд издивоҷ бо Сафия, Умми Салама, Зайнаб бинти Хузайма ва... .

5. Дилҷуи аз занон; гоҳ баъзе аз занон, ки Исломро қабул карда буданд мавриди туҳмат, бемеҳрии ашхоси қабила ва дурӣ аз хонаводаро мутаҳаммил мешуданд. Паёмбари Аъзам(с) бо издивоҷ бо онон, ин ранҷҳоро марҳаме буданд, монанди издивоҷ бо Умми Ҳабиба духтари Абу Суфён ва ... .

6. Нишон додани шукуҳ, азамат ва қудрати Ислом; монанди издивоҷ бо Сафия, ки духтари раиси қабилаи Бани Назир, Ҳуй ибни Ахтаби яҳудӣ ва издивоҷ бо чунин зан яъне қудрат ва азамати Исломро нишон додан.

7. Ҳифзи онон аз хатарҳои ҷонӣ; монанди издивоҷ ба Савда.

8. Озодсозии асирон ва бардагон; монанди издивоҷ бо Ҷувайрия бинти Ҳорис. Ӯ духтари раиси тоифаи Бани Мусталақ буд. Ҷувайрия дар соли панҷуми ҳиҷрӣ дар ғазваи мурайсиъ, бо ҳамроҳи падар ва теъдоди зиёде аз ашхоси қабилааш асир шуданд. Паёмбари Аъзам(с) бо издивоҷ, ҳам ӯ ва ҳам дигар асирони кабилааш озод шуданд.

9. Ҳамаи издивоҷҳои Паёмбар(с) баъд аз фавти ҳазрати Хадиҷа ва аз сини 50 то 63 солагӣ буда аст, яъне 13 соли ахири умри муборакашон.

10. Ҳамаи занони Паёмбари Аъзам(с) бева буданд (ба ҷуз як нафар ва ё дар баъзе аз ривоёт ду нафар), аксари занҳои Паёмбар аз ҷамоли зоҳири бархурдор набуданд, син ва соли боло доштанд, ҳатто баъэе аз онҳо фарзанддо буданд.

Бо ин муқаддамот диққат кунем, Паёмбари Аъзам(с) аввалан ба хотири шаҳватронӣ ва ҳавасронӣ издивоҷ накардаанд, дуввуман сину соли ҳавасронии мардон дар ҷавонӣ аст, на дар пирӣ, сеюман шахси ҳавасрон бо занҳои ҷавон, бокира ва дорои ҳусну ҷамол издивоҷ мекунанд.

Пас бо ин ҳама муқаддамот, шахси дур андеш ва бо инсоф ҳаргиз чунин тасаввуреро нисбати Паёмбари Аъзам(с) раво намедорад. Хуб аст, ки ишораеро ҳам дар инҷо аз забони худи Паёмбари Аъзам(с) дошта бошем; Замоне, ки сарони куфр дар асари таблиғоти Паёмбари Аъзам(с) дар авоили беъсат ба танг омада буданд ва риёсати худро аз даст рафта медиданд ба назди Абутолиб амуи Паёмбари Аъзам(с) рафтанд ва пешниҳод карданд, ки ба бародарзодаат бигу агар даст аз таблиғи динаш бикашад, мо ба ӯ зан, замин, боғҳо, риёсат ва ҳарчизе, ки мехоҳад медиҳем, аммо Паёмбари Аъзам(с) дар чавоб фармуданд: агар офтобро дар дасти ростам ва моҳтобро дар дасти чапам диҳед, ҳаргиз аз таблиғи динам даст намекашам. Ин сухани Паёмбар (с) худ бар бутлони туҳматҳои ноҷавонмардонаи ин номардаон аст.

Дар поён нигоҳе дорем ба эътирофоте аз андешмандони мағрибзамин:

1. Тумос Корлойл: Ҳарчанд душманони Муҳаммад(с) мегӯянд ..., аммо Муҳаммад(с) ҳаргиз шаҳватпараст набуд ва ин туҳмат беинсофист.

2. Ҷон Порт: Бо он ки дар он замон зиёд зан гирифтан кори баде набуд, вале бо ин ҳол Муҳаммад(с), то панҷоҳсолагӣ бо як зан зиндагӣ кард ва то Хадиҷа зинда буд зани дигаре нагирифт. Оё мумкин аст касе, ки шаҳватрон бошад ва ҳеҷ монеъе дар зан гирифтан пеши рӯ набошад, бо як зан зиндагӣ кунад, он ҳам бо зане, ки сину соли болое дошта бошад?!

3. Гиюр Гию: Муҳаммад(с) дар соли 595-мелодӣ издивоҷ кард ва зиндагии хонаводагии Ӯ, намунаи зуҳд, тақво ва покӣ буд. Ӯ ҳамонанди Иброҳим, Нуҳ ва Яъқуб дар муҳити содда ва беолоиш зиндагӣ мекард.

Манобиъ:

1. Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом \Муртазо Мутаҳҳарӣ

2. Ҳамсарони Паёмбар(с) / Ақиқи Бахшоишӣ

3. Нигариши кутоҳе ба зиндагонии Паёмбар(с)

Сайид Муҳаммад Ғозӣ

Коршиноси Фалсафа ва ирфони исломӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст