Афзоиши баҳрабарӣ дар хонавод
Барои коҳиши ҳазинаи хонавода қабл аз истифода аз ҳар равише қиммати равишҳои мухталифро бо ҳам муқоиса шавад ва онгоҳ аз равише истифода шавад, ки зимни таҳаққуқи хостаи ниҳоӣ ва эҷоди матлубият дар хонавода, поёнтарин ҳазинаро дошта бошад. Масалан дар интихоби васоили зиндагӣ бо таваҷҷуҳ ба арзиши анвои коло ва дар назар гиритани ҳар кадом мавридеро интихоб кунем, ки дар айни арзонтар будан, ҳадаф аз ба коргирии он василаро ҳам ба наҳви матлуб муҳаққақ месозад.
Дар зиндагии хонаводагӣ, бояд тасмимоти мухталиф иттихоз шавад. Метавон буджаи хонаводаро ба колои масрафии бодавом мислӣ яхдон, телевизион, мошин, маскан ва ғайра ихтисос дод, ё онро барои колои масрафии бедавом мислӣ истироҳ ва сафаркардан сарф кард. Ин мавзуъ дар мавриди теъдоди фарзандон байни кайфияти омузиши беҳдошт ё камият низ содиқ аст.
Аҳамияти замон ва барномарезӣ дар иқтисоди хонавода
Замон манбае аст, ки дар ихтиёри ҳамаи афрод аст. Ин манбаи муҳим дорои вижагиҳои хосси худ аст, ки аз соири манобее, ки назди фард ва хонавода қарор дорад мутамоиз аст. Замон манбаи маҳдуд аст, ки на қобили захира кардан аст ва на баргаштпазир. Оҳанги онро наметавон тундтар ё кундутар кард. Лизо манбаъ аст, ки бояд дар қиболи ончи ба даст меояд сарф шавад. Аз онҷо, ки инсон дар қибол ҳарчи, ки ихтиёр дорад масъул аст дар муқобили замон низ масъулият дорад.
Бо ин нигариш нисбат ба замон барномерезии замон барои худ ва хонавода аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Дар воқеъ барномарезии хонавода ба манзури истифодаи беҳина аз замон нахустин қадам дар роҳи барномарезии иқтисодии хонавода аст.
Хонавода бидуни барнома мисли созмоне аст, ки ба ҳоли худ раҳо шуда аст. Аҳдофи ташкилдиҳагдагони хонавода муҳақақ намешавад, магар онки раис ва мудири хона барои расидан ба аҳдофи мавриди назарашон бо шинохти кофӣ аз имконот ва манобеи дар ихтиёр, барномарезӣ дошта бошад. Нахуст бояд чорчубаи аҳдофи куллии хонавода таъйин шавад, онгоҳ кулли барнома ба барномаҳо ва ҳадафҳои хурдтар барои расидан ба ҳадафи аслӣ тақсим шавад. Аз инру барномарезӣ дар се уфуқи замонӣ баландмуддат, миён муддат ва кутоҳ муддат зарурат дорад. Дар барномарезии дарозмуддати хонавода, бо таваҷҷуҳ ба манобеи сарват ва даромад ва замоне, ки ихтиёр дорад аҳдофи баланд муддати худро таъйин мекунад.
Табиӣ аст аҳдофе мисли донишгоҳ фиристодани фарзандон наметавонад як шаба таҳаққуқ пайдо кунад, балке эҳтиёҷ ба пешзамина дорад. Аз ин ру ба ҳамроҳи барномаҳои дарозмуддат хонавода бояд барномаҳои кутоҳмуддат ва миён муддате ҳам таҳия кунад. Дар барномаи миёнмуддате, ки дар ростои барномаи дарозмуддат танзим мешавад, хонавода бояд ниёзҳо ва имконоти худро шиносоӣ кунад, то беҳтарин шиваро интихоб кунад. Масалан дар мисоли донишгоҳ рафтани фарзандон, хонавода бояд заминаи таҳсил дар муҳитҳои муносиб пеш аз донишгоҳ, дар давраҳои пешдонишгоҳиро барои фарзандон дар барномаи миёнмуддат фароҳам кунад. Ба ҳамин тартиб лозим аст, ки барои даст ёбӣ ба аҳдофи барномаи миёнмудат, чанд барномаи кутоҳ муддат низ пеши рӯй хонавода қарор бигирад.
Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, пас аз ин марҳила яъне барнома резӣ ва интихоби хаттмашйе барои таҳаққуқи аҳдофи ин барномаҳо муваффақият ба рӯи хонаводаҳо лабханд мезанад ва фақат кофист зангори худхоҳӣ, худраъйи ва манийятро аз дилҳои аъзо бишуем ва чашмамон ба ҷамоли фидокор, бо садоқат, ҳамроҳ ва ҳамдил ва ҷамъгароии аъзои хонаводаҳо равшан шавад.
Бояд инро бидонем ва медонем, ки падарон ва модарони азизамон, пеш аз он ки ба дунё биёем барои сохтани зиндагии беҳтар бароямон талошҳо кардаанд ва баъд аз таваллудамон ҳам, бо сахтиҳои кудакии мо зиндагиро барои мо сохтанд. Акнун, ки мо бузург шудаем ва гоҳ заҳмату хидматҳои бе миннати онҳоро фаромуш мекунем, оё ба ин ояии илоҳӣ таваҷҷуҳ дорем, ки Аллоҳ таъоло фармуд; эй бандагон! дар баробари он ду (падару модар) ҳатто як уф ҳам нагӯед, ки ҷоиз нест.
Ва аммо падарону модарони азиз, ки худ рӯзе фарзанди дигар падару модар будаанд медонанд, ки ҳар луқмае, ки барои фарзандонамон медиҳем, гушту пусту хуни ӯро тавлид мекунад. Оё таваҷҷуҳ дорем, ки ин яъне ояндаи фарзандони мо?! Пас дар дахлу харҷи зинадагӣ, хусусан хонаводагӣ бештар таваҷҷуҳ ба ҳалолу ҳаромҳо дошта бошем, то иншоаллоҳ ояндаи фарзандонро онтавр, ки зиндагии саодатманд талаб дорад бисозем.
Худованд моро аз шукргузорони падару модаронамон бигардонад, ки фармуд; шукр намегузорад худоро, он ки махлуқи Ӯро шукр нагӯяд ва аз тарбияткунандагони фарзандони солеҳ ва пок бигардонад, ки ояндаи миллату ҷомеа ба ин вобаста аст.