Вижагиҳо ва хусусиёти дӯсти хуб ва бад аз назари хонадони Паёмбари аъзам(с)
Дӯст он аст, ки гирад дасти дӯст
дар парешон ҳоли ва дармондагӣ
Инсон зотан ва фитратан ба ҷуз хамсар ба ҳамдам ё рафиқе ниёзманд аст, то дар мавоқии мухталиф ва мавриди ниёз пуштибон ва такягоҳе барои ӯ бошад, дар ғам ва хурсандиҳояш эҳсоси танҳои накунад. Баъд аз таъсире, ки хонавода рӯи ашхос мегузорад, бештарин таъсирро як дӯст метавонад рӯи зиндагии инсон бигузорад. Чи басо ашхосе, ки дар хонаводаи мазҳабӣ ва руҳонӣ бузург ва тарбият шудаанд, аммо бо доштани дӯсти бад ва ҳамранг шудан бо ӯ ба пастарин дараҷот мерасанд ва ё бар акс дӯсти хуб одамиро аз фарш ба арш мебарад. Пас чи хуб аст инсон дар интихоби дӯст аз раҳнамудҳо ва гуфторҳои бузургон, хусусан Паёмбари акрам(с) ва олибайташ истифода намояд ва суханони ишонро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, то ҳам ба хайри дунявӣ ва ҳам ухравӣ ноил шавад.
Оби дарёро гар натвон кашид ҳам ба қадри ташнаги бояд чашид
Дӯсти хуб аз назари ривоёт ва суханони дилнишин ва роҳнамои хонадони Паёмбари акрам(с) касе аст, ки вижагиҳо ва хусусиёти зерро дошта бошад:
1. Ақл ва хирад:
Дар ривоёт бар ҳамнишинӣ бо дӯстони соҳиби ақлу фаҳм таъкид шуда аст.
Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: ҳамнишинӣ бо дӯсти хирадманд, зиндагӣ бахши ҷон ва руҳ аст. Ин мавзуъ, то ба онҷо муҳим аст, ки душмани хирадманд бар давлати нодон тарҷиҳ ва бартарӣ дода шуда аст. Боз дар дигарҷо ҳазрат мефармоянд: душманӣ бо хирад барои ту аз дӯсти нодон мутмаинтар аст.
Дӯстӣ бо мардуми доно накуст душмани доно бех аз нодон дӯст
Душмани доно баландат мекунад бар замин мезанад нодон дӯст
2. Салоҳияти ахлоқӣ:
Дӯсти хуб касе аст, ки аз разоил ва палидиҳои ахлоқӣ ва шарорат ва бадиҳои ботинӣ ва дарунӣ пок бошад. Дар аҳодис аз дӯстӣ бо ашрор ва аҳли фисқу фуҷур ба шиддат манъ шуда аст. Имом Ҳусайн(а) мефармояд: ҳамнишинӣ бо табоҳкорон мояи табоҳӣ аст, ҳамонанди бод, ки вақте бар мурдор мевазад, бо худ бӯи бад ба ҳамроҳ дорад.
Ашхосе, ки бо дӯстони ноаҳл рафту омад мекунанд, ҳарчанд битавонанд муроқиби худ бошанд, аммо ҳаргиз наметавонанд аз расвоӣ ва бад номии ҷомиа дар амон бимонанд.
То тавони бигрез аз ёри бад ёри бад бадтар бувад аз мори бад
Мори бад танҳо туро бар ҷон занад ёри бад бар ҷон ва ҳам имон занад
3. Пойбанд бар тааҳҳудот:
Дӯсти хуб касе аст, ки ба одоби дӯстӣ мутааҳҳид ва пойбанд бошад. Имом Содиқ(а) фармудаанд: дӯстӣ ҳаду марз дорад. Ҳар кас онҳоро риоят кард, дӯсти ҳақиқӣ аст вагарна нисбати дӯстӣ ба ӯ надиҳед.
Ҳудуд ва марзҳои дӯсти иборатанд аз:
1. Онки ниҳон ва ошкораш барои ту яксон бошад.
2. Зинати туро зинати худ ва айби туро айби хеш донад.
3. Агар бар риёсат ва сарват ва мақоме бирасад, рафтораш дигар нашавад.
4. Агар чизе пайдо кард (сохиби молу сарват шуд) аз ончи дорад, нисбат ба ту дареғ наварзад.
5. Туро дар гирифториҳо раҳо накунад ва танҳо нагузорад.
Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA
4. Ҳамтарозу мусови будан:
Дӯсти хуб касе аст, ки аз назари моли ва иҷтимоӣ ҳамтароз ва ҳамсанги инсон бошад. Ҳаргох хости бо касе ҳамнишин шави, бо касе, ки мисли туст рафиқ шав ва бо касе, ки мутакаффили ту шавад ( аз назари моли туро таъмин кунад) дӯстӣ накун, ки ин дӯстӣ мояи зиллат ва хорӣ аст.
Бо ин тавзиҳ маълум мешавад, ки дӯсти бад касест, ки вижагиҳо ва хусусиёти боло зикр шударо надошта бошад, яъне аз ақлу хирад бархурдор набошад, салоҳияти ахлоқӣ надошта бошад, ба тааҳҳудот пойбанд набошад ва ҳамтарозу ҳамсанги одами набошад.
Имом Саҷҷод(а) ба фарзанди гиромиашон имом Муҳаммади Боқир фармуданд: эй фарзандам, ба панҷ гуруҳ назар кун ва бо онҳо дӯстӣ накун ва сухан нагу ва ҳамроҳ нашав:
1. Дуруғгӯ
2. Гунаҳкор
3. Бахил
4. Нодон
5. Дурикунанда аз хешовандӣ
Сайид Муҳаммад Ғозӣ
َФалсафа ва ирфони исломӣ