
Эрон бо такя ба Раҳбарии муқтадир, иттиҳоди миллӣ ва тавони дифоии боло, тавонист режими саҳюнистии Исроил ва ҳомиёнашро маҷбӯр ба пазириши таваққуфи ҷанг кунад. Мавзӯъе, ки бозтоби васеъе дар дӯнё доштааст ва ҳатто хӯди саҳюнистҳоро ҳам шигифтзада кардааст.
Ба нақл аз хабаргӯзории “Меҳр”, Томр Ҳойман, сарлашкари нерӯҳои захираи артиши режими саҳюнистӣ дар гӯфтугӯ бо шабакаи 12 телевизиони ин режим эътироф кард: Ончӣ тавваҷӯҳи манро дар қиболи Эрон ҷалб мекунад, иродаи мардӯми ин кишвар аст. Эрониҳо миллате ҳастанд, ки то охир мубориза мекунанд.
Вай афзӯд: Ман надидам, ки эрониҳо ҳеҷ ақибнишинӣ анҷом бидиҳанд, онҳо хеле зӯд фармондеҳони ҷадид интихоб карданд.
Рӯзи якшанбе низ натоиҷи як назарсанҷӣ ки аз сӯи рӯзномаҳои “Маорив” ва “Исроил ҳеюм” мунташир шуд, нишон дод, ки наздик ба 50 дарсад аз ширкаткунандагон муътақиданд, Тел-авив ба як пирӯзии воқеъӣ дар баробари Эрон даст пайдо накардааст.
Эҳёи рӯҳи салаҳшӯрӣ дар миллати Эрон бо ҳамоқати саҳюнистҳо
Дар ҳамин робита ҳӯҷҷатулислом валмуслимин Абдуллоҳ Ҳоҷи Содиқӣ, намояндаи Раҳбари инқилоби исломӣ дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, рӯзи якшанбе таъкид кард, ки самараи ҳамоқати режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Эрон, эҳёи рӯҳи салаҳшӯрии эрониён аст.
Вай гӯфт: Миллати Эрон имрӯз хашми муқаддасеро ба намоиш гӯзоштааст, ки намунаи онро дар гузашта шоҳид набудем. Аз ин рӯ, ин ҳоли миллати Эронро навъе муъҷизаи илоҳӣ медонам, ки ба баракати шуҳадо, ки ҳар кадом чеҳрае беназир барои таърихи Эрон буданд, насиби миллати Эрон шудааст.
Ваҳдати миллии Эрон - силоҳи шигифтисоз дар баробари таҷовӯзи дӯшман
Аз сӯи дигар, пажӯҳишгари лубнонӣ гӯфт, мавзеи якпорчаи мардӯми Эрон дар ҳимоят аз кишварашон аз ҳамон ибтидои ҳамалоти таҷовӯзкоронаи исроилӣ - амрикоӣ боиси тақвияти Эрон дар ин набард шуд. Закариё Ҳамудон, мудири Муассисаи миллии пажӯҳишҳову омори Лубнон низ бо ишора ба таҷовӯзоти режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон бо ҳимояти ҳомиёнаш гӯфт: Ваҳдати миллӣ дар Эрон ба дунболи ин ҳамалоту таҷовӯзгарӣ ба хоки ин кишвар, ҳамаро шигифтзада кард. Ба вижа, ки бисёре пешбинӣ мекарданд дар Эрон хиёнат ё даргирии дохилӣ боис шавад, ки суботи низомро таҳдид кунад, аммо ҳаргиз ин гӯна нашуд.
Вай гӯфт, ки пойдории мардӯми Эрон дар ин ҷанг бахше асосӣ аз ваҳдати миллӣ буд, ки боиси тақвияти Эрон дар ин набард шуд.
“Файненшел Таймс”: Ҳамлаи Исроил миллати Эронро якпорча кард
Нашрияи англисии “Файненшел Таймс” низ дар матлабе навишт, ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон боис шуд, бисёре аз мухолифони эронӣ интиқодҳои хӯд алайҳи ин кишварро дар баробари таҳдиде, ки кишварро дар маърази осеб қарор дода буд, мутаваққиф кунанд. Ин маҷалла навишт, ки баъд аз ин ҳамла эҳсоси ҷадиде аз ваҳдат дар миёни нозирону фаъолони сиёсии дохилу хориҷи Эрон шакл гирифт. Ин якпорчагӣ дар шароите буд, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз миллати Эрон мехост зидди Ҷумҳурии исломӣ вориди амал шаванд, аммо сарсахттарин мухолифони ҳокимияти Эрон низ интиқодоти хӯдро канор гӯзоштанд.
Бале дақиқан ҳам ҳамин тавр шуд. Дӯшманони қасамхӯрдаи Ислом ва зӯргӯёни ҷаҳон, таъриху тамаддӯни Форс ва имону тавоноиҳои насли Салмони Форсиро хӯб нашинохтаанд, ки даст ба ҳамлаи таҷовӯзкорона заданд. Аммо таҷовӯзкорон зӯд ҳам бо дидани ваҳдати миллати шӯҷоъ ва ҳамлаи сахти мӯшакии Эрон ақабнишнӣ карданд ва маҷбӯр ба пазириши оташбас шуданад.