Чаҳорумин моҳ аст, ки ҷанг ва ҷиноятҳои Исроил бар зидди мардуми мазлӯм ва бедифои Ғазза идома дорад. Вазорати беҳдошти Ғазза рӯз ҷумъа 26 январ эълом кард, ки аз 7 октябр то ба ҳол дар ҳамлаҳои режими Исроил теъдоди шаҳидони фаластинӣ ба 26083 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ба 64487 нафар расида аст, ки бештар онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин то кунун 29 ҳазор фаластинӣ дар натиҷаи бомбаборони Исроил нопадид шудаанд ва 1.5 миллион нафар ҳам аз сокинони Навори Ғазза овора шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира: Девони Байналмилалии Додгӯстарии Созмони Милали Муттаҳид(Гаага), ки марказаш дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд аст, 26-уми январи соли ҷорӣ дар паи шикояти кишвари Африқои Ҷанӯби аз Исроил ба далели он ки Исроил дар Ғазза муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст, назаршро эълон кард. Девони байналмилалии додгӯстарии Лоҳа(Гаага) ҳукми аввалия дар бораи шикояти Африқои Ҷанӯбӣ аз режими Исроил дар хусуси наслкӯшиаш дар Ғаззаро содир кард.
Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (Гаага) зимни эълони ҳукми пешакӣ Исроилро муввазаф ба иқдомоти бештар барои ҳимоят аз фаластиниҳо кард, аммо дастури оташбаси фавриро надод.
Раиси девони байналмилалии додгӯстарии Лоҳа(Гаага) гӯфт: шикояти Африқои Ҷанӯбӣ мутобиқ ба аҳдномаи пешигирӣ аз наслкӯшӣ аст ва шикояти Исроил барои лағви ин парвандаро рад мекунад ва Африқои Ҷанӯбӣ метавонад далелҳои бештареро барои баррасии парвандаи наслкӯшӣ дар Ғазза пешниҳод кунад.
Исроил даъво дошт, ки шикояти Африқои Ҷанӯбӣ беасос аст ва бояд ин парванда лағв шавад, вале Девони Байналмиллалии Додгӯстарӣ(Гаага) гӯфт, баррасии парвандаи наслкӯшии Исроил дар салоҳияти ин ниҳод аст ва онро баррасӣ хоҳад кард, вале одатан парвандаҳои наслкӯшӣ дар ин додгоҳ солҳо давом мекунад.
Раиси Девони Байналмиллалии Додгӯстарӣ ҳукми аввалия додгоҳ ва назри 17 қозии ин додгоҳро дар бораи қарорҳо чунин элон кард:
- Исроил бояд тамоми иқдомоте, ки дар ихтиёр худ дорад, барои пешгирӣ аз наслкӯшӣ дар Ғазза анҷом диҳад. Ин қарор бо 15 раъйи мувофиқ ва 2 раъйи мухолиф қабул шуд.
- Исроил бо тамоми тавон ва имкониятҳояш талош кунад, касоне, ки наслкӯширо дар Ғазза ташвиқ мекунанд, муҷозот кунад ва пеши роҳи онҳоро бигирад. Ин қарор бо 16 раъйи мувофиқ 1 раъйи мухолиф қабӯл шуд.
- Исроил бояд иқдомоти фаврӣ ва лозимро барои расидани кӯмакҳои башардӯстона (либосу хӯрокворӣ, обу дору ва сӯзишворӣ) иҷозат диҳад. Ин қарор низ бо 16 раъйи мувофиқ ва 1 раъйи мухолиф пазирӯфта шуд.
Дар идома раиси Девони Байналмиллалии Додгӯстарӣ(Гаага) ҳамчунин изҳори назарҳои зӯргӯёнаи мақомоти Исроилиро, ки мардуми Ғаззаро ҳайвон хонда буд, зикр кард ва афзӯд, ки Исроил бояд ҳамлаҳои вайронкоронаашро дар Ғазза бас кунад ва бояд пеши роҳи ихроҷи маҷбӯрии фаластиниёнро аз сарзаминашон бигирад.
Дар баробари эълони ҳукми додгоҳи Лоҳа(Гаага), Давлати Африқои Ҷанӯбӣ низ дар вокӯниш ба ин раъйи додгоҳ гӯфт: Мо аз иқдомоти муваққате, ки девони байналмилалии додгӯстари Лоҳа зидди Исроил вазъ кард истиқбол мекунем. Ин ҳукм як пирӯзии қотеъ барои ҳокимияти қонун ва як нуқтаи муҳим дар ёфтани адолат барои мардум Фаластин аст. Мо хоҳони оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳастем, мо аз Исроил ӯмед надорем, ки қарори додгоҳро риоят кунад, вале Исроил ҳомиён ва дӯстони қавие дорад, ки умедворем дӯстонаш тавсия кунанд то ба қарор ва ҳукми додгоҳи Лоҳа(Гаага) эҳтиром гӯзорад ва онро иҷро кунад.”
Ҳамзамон Исроил низ ба ин қарор вокӯниш кард. Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ҳукми додгоҳро золимона хонд ва онро рад кард. Ӯ гӯфт: “Ин идао, ки Исроил дар ҳоли наслкӯшӣ бар зидди Фаластиниён аст, натанҳо нодурӯст, балки золимона аст ва тасмими Девони Байналмиллалии Додгоҳи Лоҳа барои баҳс дар ин маврид нишонаи расвоӣ аст, ки барои наслҳо пок нахоҳад шуд.”
Ба гӯфтаи коршиносон, паёми асосии ҳукми Девони Байналмиллалии Додгӯстарии Додгоҳи Лоҳа он аст, ки шикояти наслкӯшии Исроил дар Ғазза тавассӯти додгоҳи мазкур баррасӣ хоҳад шуд ва ин фишори сиёсиро ба Исроил ва ҳомиёнаш ворид хоҳад кард. Ҳамчунин ин баррасиҳо боиси ҳифзи ҷони фаластиниён мегардад, зеро ҳамаи ҷиноятҳои Исроилро додгоҳ баррасӣ, назорат, сабт ва дар парванда изофа мекунанд ва ҳамчунин изҳороти зӯргӯёна ва нафратпарокании мақомоти Исроилро баназр гирифтан боис мешавад, ки онҳо минбаъд дар изҳороташон диққат дошта бошанд.
Бо ҳукми содир шудаи Додгоҳи Лоҳа ба Исроил фурсати як моҳа дода шуд то иқдомоти лозим барои фароҳам кардан ниёзҳои инсонии мардуми Ғаззаро фавран анҷом диҳад. Ҳамчунин иқдомоти лозим барои пешгирӣ аз ҷиноят ва кӯштори як ҷомеъаи инсониро фароҳам намояд.
Аммо идомаи ҷиноятҳои Исроил зидди Ғазза ва риоят накардани қарори Додгоҳи Байналмиллалии Лоҳа(Гаага) метавонад барои Исроил табаъоти ҳуқуқӣ, фишори сиёсӣ ва нафрати ҷаҳониёнро дар пай дошта бошад.
Ҳарчанд ин ҳукми муваққат ва аввалияи Додгоҳи Байналмиллалии Лоҳа аст, ки содир шуд, вале мардуми ҷаҳон дар интизори ҳукми ниҳоӣ ва муҷозоти ҷиноятҳои наслкушии Исроил мебошанд, ки то ибрат барои ҷинояткорон дигар гардад.