Ҳодиса рӯзи 3-юми январи имсол ҳангоми ёдбуди чаҳорумин солгарди шаҳодати сардор генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, рӯй дод.
 
Зимни маросими ёдбуд ба сабаби таркиш ва инфиҷори ду бомби террористӣ дар шаҳри Кирмони ҷумҳури исломии Эрон 103 нафар аз зоирон ва меҳмонон шаҳид ва 188 нафар дигар низ маҷрӯҳ шуданд.
 
Тибқи гузоришҳо он ду халта бомбҳо эҳтимолан аз роҳи дур бо истифода аз дастгоҳи фосилавӣ инфиҷор карда шуданд.
 
То кунун ягон гуруҳ ва ё созмоне масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
 
Давлати Эрон рӯзи панҷшанбеи 4 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, сафараш ба Туркияро, ки барои имрӯз пешбинӣ шудааст, ба таъхир андохт ва гуфт, созмондиҳандагон ва омилони ҳамлаи террористӣ пайдо ва муҷозот хоҳанд шуд.
 
Роҳбари олии ҷумҳури исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ таъкид кард, ки омилону созмондиҳандагони ин ҷиноят бо лутфи Худо ҷазои сангину одилона хоҳанд гирифт.



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст