Ба гузориши «Азия-Плюс»: Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, бо назардошти теъдоди бесобиқаи қурбониён дар навори Ғазза, рӯзи 6-уми декабр ба Шӯрои амният нома ирсол карда, дар он бори нахуст аз замони ба ин симмат интихоб шуданаш дар соли 2017 моддаи 99-и Оинномаи СММ-ро фаъол кард.
 
Ин модда ба Дабири кулли СММ иҷоза медиҳад, ки дар ҳолати таҳдиди хатар ба пойдории сулҳу амнияти байналхалқӣ аз Шӯрои амният тақозои ҷаласаи фаврӣ кунад.
 
Антониу Гутерриш гуфт, ки “бо назардошти таҳдиди хатари қатъи низоми ёрирасонии башардӯстона дар Ғазза, аз Шӯрои Амният мехоҳам оташбаси башардӯстонаро фавран эълон кунад”.
 
Сухангӯи Дабири кул Стефан Дюжаррик дар нишасти матбуотии ҳаррӯза дар бораи паёми дабири кулл иттилоъ додааст.
 
    Гутерриш дар номаи худ ёдовар шуд, ки мардуми осоишта дар Ғазза бар асари амалиёти низомии Исроил зери хатари ҷиддӣ қарор доранд, ҷои амн барои ҳифзи мардуми осоишта вуҷуд надорад ва бо мушкили беҳдоштӣ низ рӯбарӯ шудаанд.
 
Гутерриш бо баёни вазъи фалокатбори Ғазза таъкид кард, ки сокинони ин минтақа хонаҳои худро аз даст додаанд, ниёзҳои аввалияи худро бароварда наметавонанд, ирсоли кӯмакҳои маҳдуди башардӯстона ба минтақа ғайри имкон шудааст ва ба ин далел, интизор меравад, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақа ба зудӣ “комилан аз байн равад”.
 
Ӯ таъкид кардааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Шӯрои амният вазифа доранд, ки тавон ва нуфузи худро барои пешгирӣ аз авҷгирии бештари хушунат дар Ғазза истифода баранд ва барои оташбаст мубориза баранд.
 
Ин иқдоми дабири кулли СММ Антониу Гутерриш боиси эътирози Исроил шуд. Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ дар вокуниш ба ин иқдом Дабири кул хостори истеъфои ӯ шуд. Ӯ гуфт, “дабири кулли СММ тасмим гирифт ин моддаро, ки хеле кам аз он истифода мешавад, танҳо замоне фаъол кунад, ки тавонад бар Исроил, ки бо террористҳои Ҳамос мубориза мекунад, фишор орад”.

Эрдан ҳамчунин гуфт, ки, “дархости дабири кулли СММ Антониу Гутерриш барои оташбас дақиқан ба маънои идомаи ҳукумати Ҳамос дар Ғазза аст. Ӯ ба терористон умед мебахшад, ки ҷанг тамом мешавад ва онҳо метавонанд зиндагӣ намоянд”.

    “Ӯ ба ҷойи инки ошкоро ба масъулияти “Ҳамос” дар баробари ин вазъият ишора кунад ва аз раҳбарони ин терористҳо бихоҳад, ки худро таслим кунанд ва гаравгонҳоро баргардонанд то ҷанг хотима ёбад, тасмим гирифтааст, ҳамчунон бозичаи дасти “Ҳамос” бошад”,- гуфт Эрдан сафири Исроил.

Бояд гуфт, ки ин аввалин таниши лафзӣ миёни Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва сафири Исроил дар Созмони Милал нест. Қаблан, Антониу Гутерриш бо ишора ба ғасбкориҳои Исроил зикр карда буд, ки “Ҳамос дар заминаи холӣ ба Исроил ҳуҷум накардааст”. Он замон низ намояндаи Исроил суханони Дабири кулро интиқод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи давлати Имороти Муттаҳидаи Араб дар СММ гуфт, ки пешнависи қатъномаеро, ки дархости оташбаси инсондӯстона дар Ғазза мекунад, ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард.

Намояндаи ин кишвари арабӣ гуфт, ки аз пешнависи қатънома кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлат узви он ҳастанд, ҷонибдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр бо ҳуҷуми гуруҳи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. То ҳол дар пайи ин даргириҳо дар Ғазза беш аз 21 ҳазор нафар Фаластинӣ, ки бештарашон кӯдакону занонанд, кушта шудаанд ва беш аз 55 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин  29 ҳазор нафар низ бедарак шудаанд ва беш аз 1 миллион сокинони Навори Ғазза овора гаштанд.

 Дар Исроил 1200 нафар кушта шуда, ҳудуди 250 нафар асир гирифта шудаанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст