Вазорати тандурустии Навори Ғазза гуфт, ки то имрӯз, яъне 37- умин рӯзи бомбаборонҳои Исроил бар сари мардуми ғайринизомӣ ва бепаноҳи мусулмонони Ғазза, 11208  нафар шаҳид шуданд, ки 4506 нафар аз онҳо кӯдакон ва 3027 нафар занон ва 678 нафарашонро пиронсолон ташкил медиҳанд.  

Ҳамчунин 2 ҳазору 700 нафар ҳам аз ҷумлаи бедаракшудагон ва дар зери харобаҳо мондаанд, ки 1500 нафари он кӯдак мебошад.

Шаҳри Ғазза 17 сол мешавад, ки аз лиҳози ғизоӣ, дорӯӣ, сӯзишворӣ ва ғайра дар муҳосираи комили заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии режими исроил аст. Исроил иҷозаи ворид ва хориҷ шудани чизеро ва касеро намедиҳад. Ин боис шуда, ки аҳолии 2 милону 300 ҳазор нафараи Ғазза  50 дарсадаш бекоранд ва зиндагии сахтро мегӯзаронанд.  

Ба гузориши ТоҷикПресс, Тедрос Адҳаном, мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурстӣ ба Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, ба таври миёна як кӯдак дар ҳар дақиқа дар Навори Ғазза кушта мешавад ва ҳушдор дод ҳеҷ куҷо амн набуда ва ҳеҷ кас дар амният нест.
 
Вай афзуд ниме аз 36 бемористони Ғазза ва ду сеюми марокизи муроқибатҳои аввалия аз кор афтодаанд ва онҳое ки ҳамчунон машғули фаъолият ҳастанд, бо ҳаҷми бисёр бештаре аз зарфият рӯбарӯ мебошанд. Адҳамном системаи беҳдошту дармони Ғаззаро дар остонаи фурӯпошӣ тавсиф кард.
 
Вай дар тавсифи вазъияти Ғазза гуфт: роҳравҳои бемористонҳо пур аз маҷрӯҳон, беморону афроди дар ҳоли марг аст ва сардхонаҳо пур аз кушташудагон шудааст. Ҷарроҳӣ бидуни дорӯи беҳушӣ анҷом мешавад. Даҳҳо ҳазор овора дар бемористонҳо паноҳ гирифтаанд.




@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст