Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Коронавирус ва тамаддуни ғарб
(Қисмати аввал)
Дар рӯзҳое қарор дорем, ки коронавирус ҳамаи ҷаҳон аз ҷумла кишвари мо Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Вирусе, ки ба касе раҳм намекунад, фақиру сарватманд, пиру ҷавон, зану мард намешиносад ва оромишу осойишро аз зинадгӣ гирифтааст. Ин вирус ҳамаи башариятро гирифтор кардааст ва бераҳмона инсонҳоро мекушад, ба андозае, ки баъд аз қатл ҳам иҷозат намедиҳад, то мардум дар ҷанозаҳои ҳам ширкат кунанд. Ҷанозаҳое, ки шабона зери хок мешаванд, намегузорад, дар ғами азизон дар канори ҳам бошем, ҳамдигарро дар оғӯш гирем, ҳамонанди як диктотуре, ки мухолифони худро мекушад ва иҷозат ҳам намедиҳад, ки ҷаноза шаванд, ҳатто ба фарзандонаш ҳам ҳақ намедиҳад, ки ҷанозаро бубинанд!
Вирусе, ки дӯстиҳоро аз байн бурдааст ва ҳар ки гирифтори худ шудааст. Башарро иҷборан дар як зиндагии ҷадид ва наве қарор додааст, ки бояд онро таҳаммул кунад ва бо он одат кунад.
Ин вирус нуктаеро барои башар ёдоварӣ мекунад, беҳтар бигӯям ин вирус дар худ паёме дорад, ки хирадмандони башар онро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Паёме, ки мибойист диққату таваҷҷӯҳи бештар шавад, умедворем донишмандон таҳлилҳои дақиқтар ва ҷомеътаре аз он бикунанд, то башарият тасмими худро бигирад ва дар гирдоби фиреби тамаддуни ғарбӣ нашаванд. Он нукта ин аст, ки коронавирус шакл ва ояндаи зиндагии башарро дар тамаддуни ғарб баён мекунад; тамаддуне, ки башар дар он оромиш ва осойиш надоард, гурусна ва ташна нест, оромиш надорад, илм меоӯзад ва аз ҳама чиз иттилоъ дорад, аммо аз худ ва аз ҳуввияти худ на. Худфаромӯши аз паёмадҳои асосии ин тамаддун аст. Инсон дар тамаддуни либеролии ғарбӣ намедонад, ки аз куҷо омадааст? чаро омадааст? ва ба куҷо меравад?
Башар дар шаҳре зиндагӣ мекунад, ки шабу рӯзаш маълум нест, ҳама ҷо чароғонӣ ва равшан аст, ба ҷуз рӯҳу дили инсон, ки сарду торик аст. Ӯ намедонад, ки дар шаб қадам мезанд ё дар рӯз! Азбаски худро фаромӯш кардааст ва шаҳрҳо чароғонӣ шудаанд. Шаҳре, ки хуршеди муҳаббат ва инсоният дар он тулӯъ намекунад, ҳамеша шаби зулмонӣ аст. Эҳсоси ҳамдигардӯсти кам шудааст, ҳама аз ҳамдигар гилоя доранд ва нисбат ба иттифоқоте, ки барои ҳамдигар меафтад, бетаваҷҷӯҳанд. Ин авҷи тамаддуни ғарб аст. Ҳар кас худаш барои худаш аст. Тамаддуне, ки дар он Худо ба фаромӯши супурда мешавад, балки ифтихор мекунанд, ки имрӯз бар сари пой худ истодаанд, хираду ақли худро ба кор мегиранд ва ниёзе ҳам ба Худо надоранд. Дар ин тамаддун ҳар кас худаш аст, муҳаббат нисбат ба ҳамдигар вуҷуд надорад, касе суроғе аз бародарашро намегирад, падару модар дар хонаҳои солмандон аз дунё мегузаранд, фарзандон саргардони зиндагии худ ҳастанд, замоне онҳоро занг мезананд, ки падар ё модараш мурдааст, то ӯ хеле зуд сари қабр бирасад, агар бирасад ва бихоҳад бирасд!.
Тамаддуне, ки башар дар он аз моддиёт шояд кам надошта бошад, аммо аз маънавият ва инсоният шояд чизе надорад. коронавирус шояд батаври комил натваон гуфт, вале аз як буъд авҷ ва ниҳояти тамадуни либероли ғарбиро ба башар нишон медиҳад; зинадгие, ки дар он ҳама чиз маҷозӣ мешавад, хариди маводи ғизоӣ, таълиму тарбият, дарсҳои донишгоҳо ва... бари ин ки иҷозати берун рафтан надорӣ, ҳатто дӯстиҳо ҳам ғайри ҳақиқӣ ва маҷозӣ мешаванд ва иртибот бо дӯстон ҳам маҷозӣ мешавад.
Ин чунин зинадгӣ дар ҳақиқат ваҳшатовар ва хастакунандааст, аз байн барандаи оромишу осоиш аст. Бояд барои зиндагӣ дар зери тамаддуне, ки ҳеҷ нишонае аз ҳидоят дар он вуҷуд надорад, фикре кард. Тамаддуне, ки хуршеди ҳидоят дар он тулӯъ намекунад, инсони хирадманд дар чунин тамаддуне бештар аз ҳар касе заҷр мекашад, дар чунин тамаддуне, ки дину диндорӣ масхара мешавад, боарзиштарин чиз ҳифзи имон аст; имонн ки, ба таъбири ривоёт ҳифзаш, ҳамонанди оташи сӯзон дар дасти инсон мемонад, яъне бисёр сахт аст, ҳифзи имон дар чунин шароите, аммо дуруст аст, ки хуршед тулӯъ накардааст, аммо ситораи зинадгӣ дар ҳоли дурахшиш аст. Мӯъмин бо нигоҳ ба осмон ва дидани ситорагоне, ки ба ӯ башорати хуршедро медиҳанд, боиси ҳифзи боварҳояш шудааст. Инсони мӯъмин худро раҳошуда намедонад ва дар интизори тулӯи хуршеде ба сар мебарад, ки дар ҳоли омаданаст ва бо худ замзама мекунад:
Бовар намекунам, ки хуршед мурдааст,
Моро ба дасти зулмати шабҳо спурдааст.
Дар интишор ин матлаб саҳм дошат бошед, шояд мо вақти андеша карданро надошта бошем, вале бошанд касоне, ки барои комил кардан ва густаришаш қадамҳои баҳтаре бардоранд....
Идомад дорад.....