Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Эҳтиром ба зан дар Ислом (ҳиҷоби зан)
Ислом ба занон эҳтироми бисёре қоил аст. Занро боҳаё ва боиффат тарбият мекунад. Арзиши зан ба ин нест, ки ба унвони коло (аҷонси бозорӣ) ва ба чашми шаҳват ба онҳо нигоҳ шавад. Зан дар нигоҳи Ислом эҳтиром ва арзиши беназире дорад ва ба чашми шаҳват нигариста намешавад. Дар китоби “Зан дар ойнаи ҷалол ва ҷамол” омадааст:
Ислом занро боҳиҷоб ва дигар фазилатҳо ба ҷомеа меоварад, то омӯзгори отифа, меҳрубрнӣ, раҳмдилӣ, лутфу сафо бошад. Дар дунёи имрӯз ҳиҷобро аз зан гирифтанд, то зан ба унвони коло ба бозор биёяд ва ғариза ва шаҳватро таъмин кунад, ба зан вақте дар ҷомеа бо чунин боваре нигоҳ шавад ва ӯ дар ҷомеа бо ин нигоҳ биёяд, дигар омӯзгори отифа, меҳрубонию сафо ва ҳаёву гузашт нест, занон аз худгузаштагӣ нишон намедиҳанд, нигоҳ ба онҳо дигар меҳурбонӣ намеомӯзад, ишқу отифа намеомӯзад, балки ба инсон шаҳватронӣ ёд медиҳад.
(Ҷаводии Омулӣ, Зан дар ойнаи ҷалол ва ҷамол, саҳ, 396).