ЗИНДАГИРО БО ХУШБАХТӢ ҲАМРОҲ КУНЕМ

Агар мехоҳед зиндагии ҳамроҳ бо хушбахтиро бо ҳамсару ҳамроҳи зиндагиатон шуруъ ва идома диҳед, роҳкорҳои зиёде дар манобеи дину шариат вуҷуд дорад. Имон ба Худо, Расул, Китоб, Миъод ва ҳар ончӣ Паёмбарамон овардааст, аз асоситарин аркони як зиндагии солим, бояд бошад. Зиндагие, ки ин аркону боварҳо дар он нест, қатъан на шуруаш ва на поёнаш саодатро ҳамроҳ нахоҳад дошт, балки устувории муваққатиашҳам бар рӯи чизе аст, ки бо заволи он фурӯ хоҳад рехт. Он пул аст ва ё шуҳрату мақом ва ё ишқи дуруғин ва зудгӯзар.


Дар инҷо бо орзӯи шурӯи хуб ва идомаи самарнок ва поёни саодатманд барои зиндагии дунёии ҳар зану шаврҳаре, чанд нуктаи муҳимро, ки амал ба онҳо дар зиндагӣ ҳамроҳ бо хушӣ ва хушбахтӣ хоҳад буд, баён хоҳем намуд.


Албатта ин роҳкорҳо баромада аз омузаҳои дин ва шариат ҳастанд, ки дар ҷумла ва бардоштҳои гуногӯн танзим шудаанд.

1.  Ба мардум беш аз интизори онҳо бахшиш кунед

2.  Шеърҳоеро, ки дӯст доред ёд бигиред

3.  Ҳарчӣ мешунавед бовар накунед

4.  Ҳамаи дороии худро харҷ накунед

5.  Хобро камтар аз ончӣ мехоҳед дошта бошед

6.  Вақте аз касе узр мепурсед ба ӯ нигоҳ кунед

7.  Ҳеҷгоҳ ба ормону руъёи дигарон нахандед

8. Аввалин ишқи худро ишқи илоҳӣ қарор диҳед

9. Ишқи худро нисбати ончи ошиқ ҳастед собит кунед

10. Дар мубориза бо ихтилоф ва фитнаҳо мунсиф бошед

11.  Дар бораи дигарон фақат бо дидани худашон ҳукм кунед

12.  Фикри худро суръат диҳед, аммо сухани худро ором

13.  Агар қасди посух додан надоред бо лабханд ва ин сухан (чаро мехоҳӣ бидонӣ?) фирор кунед

14.   Иртибот ва тамос бо МОДАРро фаромуш накунед

15.  Шикастҳои худро дарс барои оянда бидонед

16.  Се сифатро ҳифз кунед; эҳтироми худ, дигарон ва пазириши масъулияти корҳои худ

17.  Дӯстиҳоро бо мушоҷира тира накунед

18.   Ҷуброни хатоҳоро дар аввалин фурсат эҷод кунед

19.  Ҳангоми посухи ҳузурӣ ва ё телефонӣ лабханд ба лаб дошта бошед (ин кор дар лаҳни гуфторатон ҳам маълум мешавад)

20. Ҳамеша замони танҳоӣ (барои фикру андеша) дошта бошед

21.  Тағйир дар фикру зиндагиро ҳамеша дар зеҳн дошта бошед, аммо на то онҷо, ки боварҳоятон таъсир бипазиранд!

22.  Сукут, гоҳ беҳтарин посух аст. Инро ёд бигиред

23.  Хондани китобу маҷалларо бештар аз телевизион кунед

24.  Зиндагиро шарофат бахшед, то дар пирӣ пушаймон нашавед

25. Таваккул ба Худо дошта бошед ва  ҳифзи молу номусро фаромуш накунед

26.  Барои эҷоди фазои ошиқона дар хона (хусусан ҷои хусусии зану шавҳар) дареғ накунед!

27. Дониши худро ба дигарон ҳам интиқол диҳед, дониш бо харҷи он зиёд мешавад, вале пулу мол кам!

28.  Муҳити зиндагӣ, дарахту гиёҳ ва обу хокро эҳтиром кунед

29.   Розу ниёз бо Худоро дар барномаи рӯзона дошта бошед

30.  Сафарҳои солона ба ҷойҳое, ки то ҳол нарафтаед дошта бошед

31.  Даромади худро дар роҳи хайр, пеш аз он ки фавт кунед харҷ кунед

32.  Бидонед, ки баъзе аз ончизҳое, ки ба даст намеорем ба фоидаи мо нест ва баъзе аз онҳое, ки ба даст меорем ба зараи мост!

33.   Қонунҳоро ёд бигиред, аммо онро, ки ба нафъи худ ва дигарон аст бештар амал кунед

34.  Ончиро ба даст меояд бо ончи аз даст меравад баробар кунед, агар арзиш дошт баъд иқдом кунед

35.   Бидонед, ки шахсияти шумо сарнавишти шумост! Пас онро ҳифз кунед

36.  Ҳеҷгоҳ ақидаи худро нафурушед.

37.  Ҳурмати ақида ва боварҳои дигаронро ҳифз кунед, то онҳо шуморо эҳтиром кунанд

38.   Ҳуббу буғзи худро бо ҳуббу буғзи Расули Худо танзим кунед

39.   Дӯстони худро зиёд кунед, ҳатто аз роҳи интернет!

40.  Агар хабару сухани наве аз ҳаводиси атрофи худ мешунавед онро ба дигарон бозгӯ кунед, то росту дурӯғ буданаш маълум шавад, онгоҳ тасмим бигиред.


Орзӯи ту, ман, ӯ, онҳо, яъне ҳамаи мо саодати ҳамдигар бошад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст