Рози аз байн рафтани тахту тоҷи подшоҳи золим
Подшоҳе ба миллати худ зулму ситам мекард, молу сарвати онҳоро бо роҳҳои фиреб ва зур аз дасташон мегирифт (дороиҳои кишварро дар хазонаи худ ҷамъ мекард). Ончунон зулму ситам кард, ки мардумаш ба доду фарёд омадаанд ва гурӯҳ- гурӯҳ аз кишвар ҳиҷрат карданд ва рафтанд ба кишварҳои дигар. Зулми подшоҳ ба андозае буд, ки мардум ғурбат ва ҳиҷрат дар ғарибиро аз кишвари худ ва подшоҳи ситамгар беҳтар донистанд.
Ҳамин зулму ситам боис шуд, ки ҷамъияти кишвар ба таври густарда коҳиш ёфт ва маҳсулоти кишоварзӣ кам шуд ва ба дунболи он молиёт ба давлат рӯз ба рӯз кам ва камтар шуд ва дар натиҷа иқтисоди кишвар фалаҷ ва аз байн рафт ва хазонаи мамлакат холи шуд.
Ин заъфу нотавонии мамлакат боис шуд, ки ҷуръат ва ҷасорати душманон нисбат ба он мамлакат бештар шавад, ва аз ин фурсати пеш омада душманонаш истифода карда ӯро аз байн бурданд.
Ҳар ки фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад
Гӯ дар аёми саломат ба ҷавонмарди кӯш
Бандаӣ ҳалқа ба гӯш аз нанавози биравад
Лутф кун, ки бегона шавад ҳалқа ба гӯш
Дар маҷлиси шоҳ чанд нафар аз хайрхоҳон Шоҳномаи Фирдавсиро барои шоҳ хонданд, дар он омада буд:
Тоҷу тахти Заҳок подшоҳи бедодгар бо қиёми Коваӣ Оҳангар бо дасти Фаридун аз байн рафт, ту низ агар ҳамонанди Заҳок боши, нобуд мешавӣ.
Вазири шоҳ аз шоҳ пурсид: Оё медони ки Фаридун бо ин ки молу сарват надошт, чигуна кишварро дар ихтиёр гирифт?
Шоҳ гуфт: Чунон ки аз Шоҳнома шунидӣ, ҷамъияти мутаасиб дар канори ӯ ҷамъ шуданд ва ӯро тақвият карданд ва дар натиҷа ӯ ба подшоҳӣ расид.
Вазир гуфт: Эй шоҳ! Акнун ки гирди ҳам ҷамъ омадани афроди ҷомеа боиси подшоҳи аст, чаро мардумро парешон мекунӣ? Магар қасди идомаи подшоҳиро дар сар надорӣ?
Ҳамон беҳ ки лашкар ба ҷон парварӣ
Ки султон бо лашкар кунад сарварӣ
Шоҳ гуфт: Чӣ чизе боиси ҷамъу мутаҳид шудани мардум аст?
Вазир гуфт: Ду чиз; аввал карам ва бахшиш, то ба гирди ӯ оянд дувум, раҳмат ва муҳаббат, то мардум дар паноҳи ӯ эмин гарданд, вале шумо ҳеҷ як аз ин ду хислатро надорӣ:
Накунад ҷавр пеша султонӣ
Ки наёбад зи гург чупони
Подшоҳе ки тарҳи зулм афканад
Пой девори мулки хеш биканад.
Шоҳ аз насиҳати вазир хашмгин ва нороҳат шуд ва ӯро зиндонӣ кард. Туле накашид, ки писарамакҳои шоҳ аз фурсат истифода карда ва худро соҳиби салтанат хонданд ва бо шоҳ ҷангиданд. Мардум ки аз шоҳ ва ҳокими худ нороҳат буданд ба кумаки писарамакҳои шоҳ шитофтанд.
Ва онҳо қудратманд шуданд ва ба роҳати тахту тоҷи шоҳро аз ӯ гирифтанд ва худ соҳиби мамалакат шуданд. Бале, чунин аст:
Подшоҳе ки-ӯ раво дорад ситам бар зер даст
Дӯстдораш рӯзи сахти душмани зуровар аст
Бо раъият сулҳ кун ва – аз ҷанг эмин нишин
Зон ки шоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.
(Ҳикоятҳои гулистони Саъдӣ бо қалами равон, Муҳаммад Муҳаммади Иштиҳорӣ, саҳ 43)