-
- Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?
- Дар рӯзҳое қарор дорем, ки танҳо майдондор коронавирус аст, касеро ҳам ҷурати рӯ ба рӯ шудан бо ӯ нест, ҳеҷ кас ҳозир нест ба майдон биояд, ҳамаро ба худаш машғул крадааст, қасрҳо холи шуда ва соҳибонашон ба ҷойҳои амн фирор мекунанд, оқилонатарин кор ва беҳтарин роҳи наҷот ин аст, ки дар хонаҳо бимонем, то ҷон ба саломат барем. Чаро аз ин ҳама таъкиду тавсияи пизишкон ва мутахассисони беҳдоштӣ бетаваҷҷӯҳ бошем? То гирифтори вирусе шавем, ки дарду ранҷашро касоне бояд ҳикоят кунанд, ки гирифтораш шудаанд ва рӯзҳоеро бо он зиндагӣ крадаанд. Чаро оқил набошем ва худро бештар ва беҳтар аз ҳар замони дигаре эҳтиёт накунем? Ва баъд аз гирифтор шудан пушаймон шавем, ки шояд дигар дер шуда бошад ва фурсати ҷуброн набошад.
- Достони "Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?" достони ин рӯзҳои мо аст, ки боэҳтиёт ва риояти беҳдошт худро аз гирифторӣ ба вируси корона наҷот диҳем.
- Нақл аст, ки дар асри17 дар Ҳиндустон подшоҳи мусалмоне буд, ки як духтари шоирае дошт ба номи Зебнисо "Зебонисо" бо тахалусси Махфӣ. Аз ӯ шеърҳои зиёде бар ҷой мондааст, ки ин шеъраш маъруф аст:
- Дар сухан махфӣ шудам, монанди бӯ дар барги гул
- Ҳар ки дорад майли дидан, дар сухан бинад маро.
- Зебнисо бо ин ки духтари подшоҳ буд ва хостгорони зиёде дошт, аммо издивоҷ накард. Ӯ ошиқи котиби дарбори шоҳ ба номи Оқилхон шуда буд, вале инро аз падараш пинҳон мекард. Ҳарчи падарш исрор мекард, ки издивоҷ кунад, аммо ӯ мегуфт, дӯст дорам пеши шумо бошам.
- Ҷосусон ба подшоҳ гузориш доданд, ки Махфӣ ошиқи Оқилхон як котиби маъмулӣ шудааст, табии аст, ки Оқилхон ҷуръати хостгорӣ аз духтари подшоҳро надорад. Подшоҳ бовар накард, ки духтараш ошиқи Оқилхон шудааст. Вале барои итминон, чора андешид ва гуфт рӯзҳо рафту омад дар кох зиёд аст. Котибон шабҳо ба кох биёянд ва гузоришот ва таърихро бинависанд. Подшоҳ мехост худаш мулоқоти духтараш Махфиро бо Оқилхон дар торикии шаб бибинад.
- Яке аз дӯстони Оқилхон ба ӯ ҳушдор дод, ки эҳтимолан подшоҳ барнома дорад, то туро бо духтараш бибинад. Оқил аз тарс худро ба беморӣ зад ва дар хона монд, то шабҳо ба кох наравад ва дар хона бошад. Махфӣ духтари подшоҳ чанд шабе интизор кашид, вале хабаре аз Оқил нашуд ва ба кох наомад, то ин ки як нисфи байтеро барои Оқил фиристод. Ба ин мазмун:
- Шунидам тарки манзил кард Оқилхон ба нодонӣ.
- Оқил ҳам ки ошиқ буд, аммо аз тарс худро ба беморӣ зада ва дар хона пинҳон шуда буд, дар як нисфа байти дар ҷавоби маъшуқаш Махфӣ навишт:
- Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?
- Натиҷа, ҳамон тавре, ки Оқилхон бо ин ки ошиқ буд ва орзӯяш дар канори маъшуқаш мондан буд, ба хотири наҷоти ҷонаш ва эҳтимоли ин ки подшоҳ ӯро муҷозот мекунад, худро ба беморӣ зад ва дар хона монд ва дар ҷавоби номаи Махфӣ ин кори худро оқилона донист, то ин ки гирифтори хашми подшоҳ нашавад. Ин рӯзҳо ақл ҳукм мекунад, ки дар хона. Эҳтиёт шарти ақл аст, ақл мегӯяд инсон бояд эҳтиёти кунад, бидуни зарурат ва изтирор аз хонаҳо берун наравем ва риояти беҳдоштро ҳарчи бештар кунем, то гирифтори вирус нашавем.
-
-
-
-
بازدید: 795