Ҳақиқати зиндагии башари муосир
Инсон вақте аз дин ва Худо рӯй гардонд ва зиндагии худро бар асоси боварҳои бехудоӣ ва атеистӣ, ки барои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ҳеҷ нақше барои Худо қоил нест, танзим кунад, инсоният ва муҳаббатро дар зиндагӣ нисбат ба инсонҳо аз даст медиҳад. Башари имрӯз сарсону саргардон аст. Бо худаш сари созгорӣ надорад. Бародар бо бародар ҷанг дорад. Инсонҳо аз ҳамдигар мегурезанд ва танҳоиро бештар аз ҷамъ дар миёни хешутабор дӯст доранд. Мактабҳои инсонмеҳварӣ ва фардгароӣ башарро ба тарафе мебарад, ки дигар наметавонанд дар канори ҳам зиндагии хӯш ва солимеро дошта бошанд. Ҳувияти инсони имрӯз ва дар асри ҷаҳонишавӣ ба тарафи фардгароӣ ва инсонҳои бетафовут ва бемайл нисбат ба ҳамдигар тарбият мекунад. Афрод дигар мисдоқ пайдо намекунад, фард бояд таъриф шавад, падару модар, бародару хоҳар ва хешутабор дар канори ҳам наметавонанд зиндагӣ кунанд. Зиндагӣ пароканда ва дур аз ҳам, беэътиноӣ нисбат ба ҳамдигар ба таври рӯзафзун бештару бештар мешавад.
Бевафоӣ нисбат ба ҳамдигар, набуди меҳру муҳаббат дар миёни инсонҳо беҳад оддӣ мешавад. Ба фақирон зулм мешавад, бузургтарон беэҳтиромӣ мешаванд, касе ба атрофиёни худ эътимод надорад. Дар инҷо матлаберо меоварем, ки мушкилоти имрӯзи башарро дар қолаби шеър сурудааст.
Чи омад бар сари ақвому хешонКи гардид ҷамъашон ин тавр парешонЧаро хешутабор аз ҳам ҷудояндЧаро мардум ба ин ҳад бевафояндЧаро хоҳар зи хоҳар мегӯрезадБародар бо бародар меситезадЧаро духтар зи модар нанг дорадПадар бо бачаҳояш ҷанг дорадМеҳру муҳаббат камёб шудРафоқатҳои дерина риё шудБарои ағниё ҳам лаззате нестФақиронро ба ҷое иззате нестБа зоҳир хонаҳомон кохи шоҳ астДарунаш як ҷаҳон андуҳу оҳастДару деворҳо кошиву санг астВале ҳар хона як майдони ҷангастТамоми хайру баракатҳо барафтодТабиат ҳам бо мо дарафтодЧаро ингуна шуд аз ман кунед гӯшШуда меҳру муҳаббатҳо фаромӯшДигар аз базлу бахшишҳо аср нестЗи инсофу муруватҳо хабар нестШуда ноёб сафову меҳрубонӣТаоруфҳо шуда сарду забонӣАмуҷону холаҷон, дигар нагӯямБарои марг ҳам дар орзӯямЯке бо суди амволи нузулӣ (рибохӯр)Равад макка ба умеди қабулӣЯке нозад ба мошину ба боғашЯке вақте ба мошинаш саворастФақат мисли буте аз заҳри морастДар рафтораш боди ғурур астКи гӯй аз нажоди силму тур астТамоми корҳо гашта риёӣНаҷобат шуд аваз бо беҳаёӣБузургтарҳо надоранд эҳтиромеБа муҳтоҷон надоранд эътиноеҲама часпида ҷайбу кори худроБа фикранд, то бубинанд бори хуроШарафро мисли коло мефурӯшандБародарҳо бародарро бидушандЧунин мардум ҳаргиз хайре набинандАгар Қорун шаванд боз ҳам серӣ набинанд.