Ҷойгоҳи масҷид дар ҷомеаи исломӣ

Пайғамбари Худо(с) фармудаанд:

Худованди Таборак ва Таоло фармуд: “Огоҳ бошед, ки хонаҳои ман дар замин, масоҷиданд, ки монанди дурахшиши ситорагон барои аҳли замин, бар осмониён, нурафшонӣ мекунанд”.

Дар навиштаи зер дар бораи масҷди ва ҷойгоҳу аҳамияти он сухан меравад, ки дар аввал муаррифии он баҳс шудааст ва пешкаши шумо мегардад.

Вожаи масҷид дар луғат, исми макон ва аз решаи “саҷда” ба маънои сар фуруд овардан ва изҳори тазаллул ва хоксорӣ аст.

Ибни Форис менависад: “Сину ҷиму дол, (саҷада), дорои як маънои аслӣ ва фарогире аст, ки бар фурўтанӣ ва хоксорӣ далолат мекунад. Вақте гуфта мешавад: Саҷада (саҷда намуд), ки шахс фурўтанӣ карда бошад ва ҳар он чӣ хоксорӣ кунад, саҷда кардааст”.

Дигар луғатшиносони араб низ бо иборати мушобеҳ, ҳамин мазмунро таъйид кардаанд. Бинобар ин, чунон ки гуфта шуд, дар забони арабӣ “суҷуд” ба маънои хоксорӣ ва сар фуруд овардан дар баробари дигарӣ аст ва масҷид ба маънои макони чунин иқдоме аст.

Масҷид дар фарҳанги Қуръон ва ҳадис

Дар фарҳанги Қуръон ва ҳадис, суҷуд на танҳо ба маънои сар фуруд овардан, балки ба маънои сар бар хок ниҳодан низ ҳаст. Аз ин рў, суҷуд ба ғояти хузўъ, тафсир шудааст ва бар ин поя, масҷид дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи махсусе дорад, ки дар он, инсони нотавон ва ниёзманд, бо хузўъ ва курниш дар баробари азамати Офаридгори тавоно ва бениёз, бо ў иртибот барқарор мекунад.

Албатта, инсон ҳама ҷо метавонад дар баробари азамати илоҳӣ, сар фуруд оварад ва аз ин тариқ бо вай робита барқарор намояд; вале агар маконе бо қасди қурбат ба ин кор ихтисос ёбад, масҷид номида мешавад.[1]

Барои баҳрагирии комили уммати исломӣ аз баракоти масҷид, дар Қуръон ва аҳодиси исломӣ, раҳнамудҳои муҳим ва арзишманде омадаааст, ки дар воқеъ, фарҳангномаи баҳрагирӣ аз баракоти масҷид ба ҳисоб меравад ва мубаллиғони динӣ бояд бо такя бар ин фарҳангнома ва хусусан бо тааммул дар паёмҳои созандаи он, ҷиҳати таъсис ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои масҷид талош намоянд. Ба манзури дастёбӣ ба ин ҳадаф, навиштаи ҳозир бо унвони Фарҳангномаи масҷид, матни раҳнамудҳои Қуръон ва бузургони динро тақдими ҳамагон менамояд. Аммо пеш аз он ишораи кўтоҳе дорем ба муҳимтарин нукоте, ки дар ин фарҳангнома, мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст.

1.Нақши масҷид дар ҳокимияти арзишҳои динӣ

Масҷид қалби ҷомеаи исломӣ ва муҳимтарин пойгоҳи фарҳангӣ ва сиёсии ҳукумати динӣ аст. Бинобар ин ривоёт бо таъбирҳои баланде, монанди “Хонаи Худо”, “нишастгоҳи паёмбарон”, “сарои ҳар парвопеша”, “беҳтарини маконҳо” ва “боғи биҳиштӣ”, мусулмононро ба барқарории иртибот бо ин конуни дилҳо даъват мекунанд ва ба густариши баҳрагирӣ аз баракоти моддӣ ва маънавии масҷид. Ташвиқ менамояд.[2]

2.Сохтани масҷид

Ба далели нақши таъйинкунандаи масҷид дар ҳокимияти арзишҳои динӣ, ривоёти исломӣ, таъкиди фаровоне дар густариши фарҳанги сохтани масҷид дар ҷомеаи исломӣ доранд ва тавсия мекунанд, ки мусулмонон, ба ҳар андоза, ки метавонанд, бо сохтани масҷид дар ҳар ҷое, ки мавриди ниёз бошад, дар шаҳру русто ва ҷоддаҳои иртиботӣ, ба густариши ин фарҳанг, кўмак кунанд[3] то он ҷо ки аз боби муболиға, дар ҳадисе ривоят шудааст, ки мефармояд:

“Ҳар кас масҷиде бисозад, агар чӣ ба қадри ошёнаи мурғи сангхора бошад, Худованд барои ў хонае дар биҳишт, хоҳад сохт”.

3.Меъмории масҷид

Ҳарчанд дар ривоёти исломӣ, чизе ба унвони низоми меъмории масҷид дида намешавд, метавон гуфт чигунагии меъмории сохтмони масҷид, вобаста ба ниёз ва шароити замону макон дорад; аммо бо тааммул дар раҳнамудҳои пешвоёни дин, чанд нуктаро метавон ба унвони усули фарҳанги меъмории исломии масҷид, аз онҳо ба даст овард:

а)Пешбинии зарфияти мавриди ниёзи ояндагон

Нахустин нуктае, ки дар бархе аз ривоёт ба он ишора шудааст, ин аст, ки дар сохтани масҷид, набояд танҳо ниёзи имрўзаи мардумро дар назар гирифт, балки бояд ҳаддалимкон, ниёзи ояндагонро низ мадди назар дошт то камтар ниёз ба вайрон кардани он барои бозсозӣ падид ояд, чунон ки ривоят шудааст:

“Паёмбари Худо, назди гурўҳе аз ансор, ки барои худ масҷиде месохтанд, ворид шуд ва фармуд: Васеъ ва ҷойдор бино кунед, ки (дар оянда) онро пур хоҳед кард”.

б)Риояти соддагӣ

Ривоёте, ки масҷидсозии Пайғамбари Худоро тавсиф мекунанд[4] ё аз оростани масҷид бо тилло ва наққошӣ наҳй мекунанд,[5] дар воқеъ ба лузуми риояти соддагӣ дар меъмории масҷид ишора доранд.

Ба иборати дигар, баҳрагирӣ аз ҳунари меъмории масҷид, агар фақат барои эҷоди ҷозибаи зоҳирӣ бошад ва бо фалсафаи поягузории масҷид ҳамсў набошад, накўҳида аст.

в)Нописанд будани тақлид аз маъбадҳои ғайримусулмонон

Аслан ташбеҳ ба ғайримусулмонон, ба далели осори бади равонӣ ва иҷтимоии он, аз назари Ислом ҳамеша мамнўъ аст, чунон ки аз Имом Алӣ(а) ривоят шудааст:

“Касе, ки худро шабеҳи мардуме созад. Ҷуз ба нудрат,дар остонаи он қарор мегирад, ки аз онҳо бошад”.[6]

Аммо дар хусуси меъмории масҷид,аз баъзе ривоёте,ки аз кунгурасозӣ дар масоҷид наҳй кардаанд, чунин натиҷа гирифта мешавд, ки далели ин наҳй, монанд шудани масҷид ба маъбади яҳуд ва насоро аст. Аз Паёмбари Худо(с) ривоят шудааст:

“Мебинам шуморо, ки пас аз ман, масҷидҳоятонро кунгурадор месозед, ҳамон гуна ки яҳуд, канисаҳои худро ва масеҳиён, калисоҳояшонро кунгурадор месозанд”.

Ҳамчунин дар ривояти дигаре дар баёни сираи Имом Алӣ(а) омадааст меҳробҳои хоссеро, ки шабеҳи қурбонгоҳҳои яҳуд буд, аз байн мебурд.

Маълум аст, ки тафовуте дар байни яҳуду насоро бо дигар фирқаҳои ғайримусулмон,дар накўҳида будани тақлид аз маъбадҳои онҳо нест.

4.Эҳтиром ба масҷид

Масҷид ба далели ин ки маркази махсуси иртиботи инсон бо Худо аст ва хонаи Худо номида мешавад, дар Ислом, эҳтироми хоссе дорад ва барои он ки эҳтироми масҷид ба шакли фарҳанги умумӣ дар ҷомеаи исломӣ дарояд, илова бар аҳкому одоби хоссе, ки дар Ислом барои иртибот бо ин макон муқаррар шудааст,дар шуморе аз ривоёт, ҳатто тасғир бастани лафзи масҷид нораво шуморида шудааст,[7] чунон ки аз Паёмбар(с) ривоят шудааст:

“Касе аз шумо масҷидро масҷидак нахонад, зеро он хонае аст, ки Худованд дар он ёд мешавад”.

5.Ҳузур дар масҷид

Эҳдоси масҷид фалсафае ҷуз ҳузури мардум дар он ва баҳрагирӣ аз баракоти он надорад.[8] Бинобар ин, фарҳангсозӣ дар ҷиҳати ҳузури ҳарчӣ бештари мардум дар масоҷид, хусусан насли ҷавон, бояд дар дараҷаи аввали ҳамаи кўшишҳои алоқамандон ба тааммуқ ва густариши арзишҳои исломӣ бошад. Ба ҳамин ҷиҳат бештар раҳнамудҳои пешвоёни ислом дар бораи масҷид, нозир ба ин фарҳангсозӣ аст.

Аҳамияти ривоёти исломӣ ба ин фарҳангсозӣ то онҷост, ки обод кардани воқеии масоҷидро ба ҳузури мардум дар он медонанд,[9] чунон ки дар ҳадисе аз Паёмбар(с) омадааст:

“Ҳар гоҳ дидед, ки марде пайваста ба масҷид меравад, ба имони ў гувоҳӣ диҳед. Худои Мутаол фармудааст: Танҳо касе, ки ба Худо ва рўзи растохез имон овардааст, масоҷиди Худоро обод мекунад”.

Бе тардид, обод кардани масҷид, ки ба ҳузур дар он тафсир гардид, итшора ба ин воқеият дорад, ки сохтан, тавсиа, таъмир ва ободонии бинои масҷид, агар ҳамроҳ бо барномарезӣ ҷиҳати ҳузари мардум дар он набошад, усулан ободонии воқеӣ ба ҳисоб намеояд. Ривоёти исломӣ барои густариши ҳарчӣ бештари ҳузури мардум дар масҷид, бо таъбирҳои гуногун ва ваъда ба подошҳои фаровон, назири ончӣ дар зер ба онҳо ишора мешавад, мусулмононро барои омадан ба хонаи Худо ташвиқ кардаанд:

Барои бардоштани ҳар қадам ба сўи масҷид, даҳ ҳасан дар номаи аъмол сабт мешавад ва даҳ гуноҳ пок мегардад ва даҳ дараҷа дода мешавад.

Рафтан ба сўи масҷид дар торикии шаб нуронияти хоссе барои аҳли масҷид падид меоварад.[10]

Ҳарчӣ масҷид дуртар бошад, савоби касе, ки ба масҷид меравад афзунтар мегардад.

Пешқадамӣ дар рафтан ба масҷид пешқадамӣ дар наздикӣ ба Худо ва биҳишти ҷовид аст.

Нишастан дар масҷид ибодат аст.

Унс гирифтан бо масҷид дар воқеъ унс гирифтан бо Худо аст.

Рафтан ба масҷид барои омўзиш ё фарогирии маориф, подоши ҳаҷ дорад.


Ҳамчунин барои ташвиқи мусулмонон ба намоз хондан дар масҷид, аз як сў ва баҳрагирӣ аз бофазилаттарин ва пурҷамъияттарин масоҷид, аз сўи дигар, подоши намоз хондан дар Масҷидул-ҳаром баробар бо сад ҳазор намоз, дар Масҷиди Паёмбар муодили даҳ ҳазор намоз ва дар Масҷидул-ақсо баробар бо ҳазор намоз ва дар масҷидҳои ҷомеъ муодили сад намоз ва дар масҷиди маҳалли сукунат, баробар бо бисту панҷ намоз ва дар масҷиди бозор баробар бо дувоздаҳ эълом шудааст, дар ҳоле ки намоз хондан дар хона он ҳам дар ҳолате ки аз сари беэътиноӣ ба масҷид ва ҷамъият набошад, танҳо подоши ҳамон як намозро дорад. Дар муқобил тарки масҷид бидуни узри муваҷҷаҳ нишонаи ғафлат, балки нифоқ шуморида шудааст ва таъкид шудааст, ки ҳамсояи масҷид ҷуз дар масҷид набояд намоз бигзорад ва масоҷиде, ки ҳамсояҳояш дар он ҳозир намешаванд, аз онҳо ба Худованди Мутаол шикоят мебаранд. Худованд низ ба онҳо чунин посух медиҳад: “Ба иззату ҷалолам савганд, ҳеҷ намозеро аз онҳо намепазирам ва ҳеҷ гоҳ адлатеро аз эшон дар байни мардум ошкор намесозам ва раҳматам шомили ҳолашон намешавад. Ва онҳо дар биҳиштам ҳамсояи ман намегарданд”.

6.Риояти аҳком ва одоби масҷид

Риояти аҳком ва одоби масҷид низ ниёз ба фарҳангсозӣ дорад. Масҷид хонаи Худост ва касе, ки ба масҷид меравад, дар воқеъ, ба дидори Худо меравад. Аз ин рў, шоиста аст то умуреро риоят кунад, ки аз он ҷумла аст: ангезаи илдоҳӣ доштан дар рафтан ба масҷид, таҳорати руҳ, покизагии ҷисм ва либос, истиоза ва хондани дуо ҳангоми вуруд ба масҷид ва хуруҷ аз он, хондани намози таҳият ва рў ба қибла нишастан. Низ шитоб накардан барои хориҷ шудан аз масҷид, шоиста ва некўст.

Дар муқобил умуре монанди гузаштан аз дохили масҷид бидуни намоз хондан дар он, баланд кардани садо, сухан гуфтан аз масоили дунявӣ, муаррифӣ кардани гумшуда ва пурсиш аз он, ашъори беҳуда ва бемаъно хондан, тиҷорат ва хобидан дар масҷид бадуни зарурат шоиста нест. низ ба масҷид рафтани касе, ки бўи даҳонаш дигаронро озод медиҳад, макруҳ аст. Ҳамчунин олуда кардани масҷид ба наҷосат ҳаром ва пок кардани он аз наҷосат воҷиб аст, чунон ки таваққуфи шахси ҷунуб ва ҳоиз дар масҷид ҳаром аст.

7.Хидмат ба масҷид

Хидмат кардан ба хонаи Худованди Мутаол ифтихори бузург ва амали писандидае аст. Иброҳим (а) ва Исмоил(а) ва Марям(а) ифтихори хидматгузории хонаи Худоро доранд. Дар ҳадисе аз Пайғамбари Худо(с) нақл шудааст:

Худо ҳар гоҳ бандаеро дўст бидорад, ўро бароварандаи ниёзҳои масҷиде қарор медиҳад.

Бинобар ин шоиста аст, ки беҳтаринҳо барои хидмат ба масҷид, интихоб шаванд ва ин ниёз ба фарҳангсозӣ дорад.

8.Аҳамият додан ба масоҷиди муҳимми таърихӣ

Чанд то аз масҷидҳо аз фазоили бештаре бархурдоранд, монанди Масҷидулҳаром, ки Каъба, қиблаи мусулмонон дар он қарор дорад, масҷиди Паёмбар(с),ки пас аз Масҷидулҳаром арзишмандтарини масҷидҳост ва Масҷидул-ақсо, ки пеш аз Каъба нахустин қиблаи мусулмонон будааст. Ҳамчунин масҷиди Қубо, масҷиди Кўфа, масҷиди Саҳла, масҷиди Хайф, масҷиди Ғадир, масҷиди Фатҳ ва масҷиди Фазеҳ, ки фазоил ва баракоти фаровоне барои онҳо дар ривоёт зикр шудааст.

Таъкиди ривоёти исломӣ бар фазоили ин масоҷид, нишонаи аҳамияти Ислом ба фарҳангсозӣ барои арҷ ниҳодани масоҷиди қадимӣ ва таърихӣ ба василаи уммати исломӣ аст, ки анбиё ва авлиёи илоҳӣ аз баракоти онҳо баҳра гирифтаанд.

9.Барпо кардани намозхона дар хона

Ривоёте нақл шудааст, ки ба омодасозии макони поку покиза дар хона барои намоз тавсия кардаанд. Ин супориш ишора бар он дорад, ки шахси мусулмон, ҳамон тавре ки барои ниёзҳои моддии худ дар хона маконҳои мухталиферо пешбинӣ мекунад, шоиста аст барои ниёзҳои маънавии худ, хусусан намоз низ маконеро дар назар бигирад.

Албатта бояд таваҷҷўҳ дошт, ки бо иноят ба таъкиди фаровоне, ки Ислом бар хондани намозҳои воҷиб дар масҷид дорад, маълум аст, ки намозхонаи манзил ҷои масҷидро намегирад ва аҳкоми масҷидро низ надорад, балки ин макон, ихтисос ба намозҳои нофила дорад, чунон ки аз Паёмбари Худо(с) ривоят шудааст:

Бартарин намоз, ба истиснои намозҳои воҷиб, намозе аст, ки шахс дар хонааш бихонад.

10.Ҳушёрӣ дар баробари сўистифода аз муқаддасот

Масҷид ҳамон тавре ки метавонад пойгоҳи нуру ҳидоят ва иртиботи ҷамъии инсон бо Худованди Мутаол бошад, мумкин аст дар ҷиҳати аҳдофи душманони ислом, маврид сўистифодаи сиёсӣ ва фарҳангӣ қарор бигирад. Бинобар ин, мусулмонон бояд ҳушёр бошанд ва фиреби касонеро, ки масҷидро доми фиреби аҳдофи ғайриилоҳии худ қарор медиҳанд, нахўранд.

Оёту ривоёте, ки дар фасли дувоздаҳум, бо унвони “Масоҷиди накўҳида” омадаанд, ба ин нуктаи муҳим ишора доранд, ки мумкин аст душманони ислом аз ҳамаи муқаддасот аз ҷумла масҷид сўистифода кунанд. Ба ҳамин хотир, фарҳанги ҳушёрӣ дар баробари сўистифода аз муқаддасот, бояд дар ҷомеаи исломӣ устувор бошад. Ба ин манзур, дар садри Ислом, масҷиде, ки дар ҷиҳати ҳадафҳои душманони ислом сохта шуд, “масҷиди Зирор” ном гирифт ва ба дастури Паёмбари Худо(с) вайрон гардид.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст