1) Зиёд ӯро ёд мекард
3901 - عن عائشة قالت: ما غرت علی احد من ازواج النبی صلی الله علیه و سلم ما غرت علی خدیجة و ما بی أن اکون أدرکتها و ما ذلک إلا لکثرة ذکر رسول الله لها و ان کان لیذبح الشاة فیتتبعها بها صدایق خدیجة فیهدیهن لهن
Аз Оиша нақл шудааст, ки гуфт: Ман ба ҳеҷ яке аз занони Паёмбар (с) ба андозаи Хадиҷа ҳасудӣ накардам ва ғайрат наварзидам, дар ҳоле ки зиндагии Хадиҷаро дарк накардам. Ин кори ман ба хотири ин буд, ки
1) Паёмбари Худо Хадиҷаро хеле зиёд ёд мекард
2) Ва ҳамеша ҳар вақт гӯсфанд қурбонӣ мекард суроғи дӯстони Хадиҷаро мегирифт ва аз он қурбонӣ ба онҳо ҳадя медод.
2) Соҳиби хонаи биҳиштӣ
عن عائشة قالت: ما حسدت احدا (إمرأة) ما حسدت خدیجة و ما تزوجنی رسول الله صلی الله علیه و سلم إلا بعد ما ماتت و ذلک أن رسول الله بشرها ببیت فی الجنة من قصب لا صخب فیه و لا نصب
Аз Оиша нақл шудааст, ки гуфт: Бар ҳеҷ зане (аз занони Паёмбар (с)) ба андозаи Хадиҷа ҳасудӣ накардам, дар ҳоле ки баъд аз мурдани ишон Пасули Худо (с) бо ман издивоҷ кард. Ин ҳасудӣ ба далели ин буд, ки Расули Худо ба Хадиҷа як хонаи биҳиштӣ, ки аз луълуъу марворид аст башорат дод, ки дар он сахтӣ ва нороҳатӣ нест.
3) Беҳтарин занон
3903- عن عبدالله بن جعفر قال: سمعت علی بن ابی طالب یقول سمعت رسول الله صلی الله علیه و سلم یقول: خیر نسائها خدیجة بنت خویلد و خیر نسائها مریم بنت عمران
3903 - Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар нақл шуд, ки гуфт: Аз Алӣ ибни Абитолиб шунидам, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: Беҳтарин занони замон Хадиҷа бинти Хувайлид ва беҳтарин занони замон Марям бинти Имрон аст.
4) Занони намунаи олам
3904 – عن انس ان النبی صلی الله علیه و سلم قال: حسبک من نساء العالمین: مریم بنت عمران و خدیجة بنت خویلد و فاطمه بنت محمد و آسیة امرأة فرعون
Барои ту аз миёни занони олам (дар бузургӣ ва сармашқгирӣ) кофӣ аст: Марям бинти Имрон, Хадиҷа бинти Хувайлид, Фотима бинти Муҳаммад ва Осия зани Фиръавн.
Сунани Тирмизӣ, бобу фазилати Хадиҷа (Разияллоҳу анҳо), ҳадисҳои 3901-3904, саҳ.1097-1098