Рӯзҳои охири моҳи Шаъбон буд, ки ҳазрати Расули Худо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҷамъи мардум ва асҳоб, аҳамият ва азамати моҳи мубораки Рамазонро таъкид намуд. Ӯ баракоти ин моҳи бузург ва вазоифи мусулмонон дар ин рӯзҳо ва шабҳоро баён фармуд.
Ин фармоишҳо, ки «Хутбаи Шаъбония» ном гирифтааст, бисёр муҳим ва пурмуҳтавост ва донистан ва амал кардан ба он дар ҳадди тавон, барои ҳар мусулмоне лозим ва шоиста аст.
Ин хутба аз Амирулмӯъминин, Алӣ ибни Абитолиб(а) ривоят шудааст.
Рӯзе Расули Худо (с) барои мо суханронӣ карданд ва фармуданд:
Эй мардум, огоҳ бошед, ки моҳи бобаракату раҳмат ва мағфирати Худо ба шумо рӯй овардааст. Моҳе, ки назди Худо беҳтарин ва волотарини моҳҳост, рӯзҳо ва шабҳояш бофазилаттарин ва соатҳои он бартарин соатҳо аст.
Шумо дар ин моҳ ба меҳмонии Худованд даъват шудаед ва мавриди каромат ва инояти ӯ қарор гирифтаед. Нафасҳои шумо дар ин моҳ арзишу савоби тасбеҳ дорад ва хобатон низ ибодат аст. Амалатон дар ин моҳ қабул аст ва дархосту дуоятон пазируфта мешавад.
Пас бо ниятҳои ростин ва дилҳои пок аз Парвардигоратон бихоҳед, ки шуморо ба рӯзадорӣ ва тиловати китобаш Қуръон муваффақ гардонад.
Ба ростӣ бадбахт касе аст, ки дар ин моҳи бузург аз омурзишу бахшиши Илоҳӣ маҳрум ва бенасиб монад.
Бо гуруснагӣ ва ташнагии худ дар ин моҳ, гуруснагӣ ва ташнагии қиёматро ба ёд оред ва ба фақирону тиҳидастон инфоқ кунед ва садақа диҳед. Калонтарҳоятонро эҳтиром кунед ва бо хурдсолонатон меҳрубон бошед. Бо хешовандонатон дидор намуда рафту омад дошта бошед.
Забонҳоятонро нигоҳ дошта ва сухани бад нагӯед, чашмонатонро аз ҷоҳои бад ва он касон ва чизҳое, ки нигоҳ кардан ба он ҳалол нест, бипӯшонед ва гӯшҳоятонро аз шунидани садоҳо ва суханҳое, ки ҳалол нест нигоҳ доред. Бо ятимони мардум меҳру муҳаббат кунед, ҳамон тавре, ки (мехоҳед баъд аз шумо) бар ятимонатон раҳм кунанд.
Аз гуноҳонатон боз гардед ва ба сӯи Худо тавба кунед ва дар вақти намозҳо дастҳоятонро барои дуо ба сӯи ӯ баланд кунед, чунки он замон беҳтарин вақтҳост ва Худои Азза ва Ҷалла дар ин вақтҳо, бо раҳмати хосс ба бандагонаш назар мекунад. Вақте бо ӯ муноҷот кунанд, ҷавоб мегӯяд ва агар ӯро нидо диҳанд
лаббайк мегӯяд. Ҳангоме ки дуо кунанд ва ӯро
бихоҳанд, иҷобат мефармояд.
Эй мардум нафси шумо гирифтор ва дар гарави аъмоли шумост, пас онро бо истиғфор ва талаби бахшишу омурзиш озод созед ва пушти шумо аз гуноҳонатон сангинбор аст, пас бо саҷдаҳои тӯлонӣ онро сабук кунед ва бидонед, Худои Таоло қасам ёд кардааст, ки намозгузорон ва саҷдакунандагонро азоб накунад ва дар рӯзи қиёмат, ки ҳамаи мардум меистанд, оташро ба онон начашонад ва нарасонад.
Эй мардум! Ҳар кас аз шумо дар ин моҳ мӯъмини рӯзадореро ифторӣ диҳад, барои ин амал савоби озод кардани як банда хоҳад дошт ва ҳамчунин гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.
Дар ин ҳангом гуфта шуд: Эй Расули Худо! Ҳамаи мо наметавонем ифторӣ бидиҳем. ( Пас мо чӣ кор кунем то аз савоб маҳрум нашавем).
Расули Худо(с) фармуд: Аз оташи ҷаҳаннам парҳез кунед агарчи бо додани як ҷуръа об ҳам бошад.
Эй мардум, ҳар кас аз шумо, ки дар ин моҳ ахлоқашро некӯ гардонад дар рӯзе, ки қадамҳо лағзон ва ларзон аст, иҷозаи гузаштан аз сиротро дорад. Касе, ки дар ин моҳ кори зердастонро сабук кунад, Худо ҳисоби ӯро сабук ва
осон мекунад ва касе, ки ба дигарон озор нарасонад, Худо дар рӯзи мулоқот бар ӯ ғазаб намекунад. Ва касе, ки дар ин моҳ ба ятиме эҳсон (некӣ) кунад ва ӯро гиромӣ дорад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро икром мекунад ва касе, ки бо хешовандони худ рафту омад кунад, Худо дар рӯзи лиқоаш (дидораш) ба ӯ лутфу раҳмат мекунад.
Ва ҳар кас бо хешовандон рафту омадро қатъ кунад, Худо дар рӯзи қиёмат меҳру раҳматашро аз ӯ дареғ медорад. Касе, ки дар ин моҳ намози мустаҳабӣ ба ҷо оварад, Худованд наҷот ва дурӣ аз оташро барои ӯ менависад ва касе, ки воҷиб ва фаризаеро адо намояд, ҳафтод баробар савоби фариза дар ғайри моҳи Рамазонро насиби худ кардааст ва касе, ки дар ин моҳ салому салавот бар ман зиёд бифиристад, Худо дар рӯзе, ки тарозуи амали мардум сабук аст, каффаи аъмоли некашро сангин мекунад ва ҳар кас дар ин моҳ як ояи Қуръон бихонад, аҷр ва савобаш монанди касе аст, ки дар моҳҳои дигар ҳамаи Қуръонро тиловат карда бошад.
Эй мардум, ба ростӣ дарҳои биҳишт дар ин моҳ бар рӯи шумо кушодааст, пас аз Парвардигоратон бихоҳед, ки онро бар шумо набандад ва дарҳои ҷаҳаннам бастааст, пас аз Парвардигоратон дархост кунед, ки онҳоро бар рӯи шумо накушояд. Шайтонҳо дар ғулу занҷир баста ва гирифторанд, пас аз Худоятон бихоҳед, ки онҳоро бар шумо мусаллат нагардонад.
Амирулмӯъминин Алӣ (а) мефармояд: аз ҷоям хестам ва гуфтам: Эй Расули Худо(с), беҳтарин ва бартарин амалҳо дар ин моҳ чист?
Пас Паёмбар (с) фармуд: Эй Абулҳасан беҳтарин аъмол дар ин моҳ парҳез аз ҳаромҳои Илоҳӣ аст...
Худоё моро аз баракатҳои ин моҳ баҳраманд бигардон. Омин.