Бо нохун хойдани кӯдакамон чӣ кунем?
Хаста шудам. Ҳар коре мекунам фоидае надорад, аслан ҳавосаш нест... Дигар нохуне барояш намонда аст, ҳатто гоҳе нохунҳояшро меканад. Намедонам чӣ кор кунам? Махсусан шабҳои имтиҳон бештар ин корро мекунад. Бештар вақти барномаҳои телевизион нохунҳошяро мехояд. Ҳар чӣ сараш дод мезанам ва мегӯям, ки дастатро бияндоз поин бефоида аст! Чизе намегузарад, ки дубора машғули хойдани нохунҳояш мешавад.
Чаро кӯдак нохунҳояшро мехояд?
Чигуна монеи нохун хойданаш шавам?
Оё ин кор дармон дорад?
Авомили зиёдкунандаи ин мушкил чист?
Барои дармони кӯдакам аз куҷо шурӯъ кунам?
Ончи бояд бидонем
Нохун хойдан ва ангушт макидан яке аз рафторҳои нисбатан роиҷ дар миёни кӯдакон ва ҳатто бузургсолон аст. Ошкор шудани ингуна рафторҳо, ки ношӣ аз баъзе ҳолоти дарунии фарзандон аст аз ҳудуи 3 ё 4 солагӣ оғоз мешавад ва ба тадриҷ бештар мешавад ва маъмулан дар даврони синфҳои 1-7 ба авҷ мерасад. Муҳим он аст, ки падару модар битавонанд иллати сар задани ин мушкилро пайдо кунанд.
Гуруҳе муътақиданд, ки лузуман иллати хоссеро барои он наметавон пайдо кард, балки кӯдак ин корро аз касе ёд мегирад ва бо такрор, ба он одат мекунад. Ҳамчунин эҳтимол дорад бо ин кор эҳсосоти хушояндеро таҷриба карда бошад; масалан мумкин аст дар замони дандон даровардан ва илтиҳоби лассаҳо бо макидани ангуштон ба тадриҷ ба ин кор одат карда бошад.
Гуруҳе низ бар онанд, ки асосан иллати аслии ин мушкил маълум нест, вале дар шароити хоссе ин рафтор зиёд мешавад. Қарор гирифтан дар ҳамон мавқеиятҳо кӯдакро ба самти нохун хойдан мекашонад.
Авомили буруз ё ташдиди нохун хойдан чист?
Изтироб ва нигаронӣии кӯдак. Бо нохун хойдан бар изтироби худ ғолиб мешавад ва оромиш меёбад.
Сахтгирӣ ва фишори зиёди муҳит
Эҳсоси танҳоӣ. Кӯдак дар танҳоии ранҷовари худ эҳсоси бадеро таҷриба мекунад ва барои ғалаба бар ин эҳсос мумкин аст ба ин кор рӯй биёварад.
Хастагӣ ва беҳавсалагӣ.
Ранҷу нороҳатӣ дар бораи масъалаи хос.
Тарс аз масоили мухталиф. Тарсҳои решадор, тарс аз муҷозот, тарс аз қарор гирифтан дар шароити изтиробзо ва ...
Эҳсоси гуноҳ, ноамнӣ ва нохушнудӣ аз шароити зиндагӣ.
Вуҷуди ихтилолоти асабӣ дар фард.
Хашму асабоният.
Бад нест бидонед, ки нохун хойдан дар афроди камрӯ ва хиҷолатӣ бештар ривоҷ дорад. Гоҳе низ ин амал ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи дигарон сурат мегирад. Ба ҳар ҳол аввалин ва муҳимтарин иқдоми бузургтарҳо он аст, ки бо диққат дар ҳолоту рафтори фарзандони худ, диққат кунанд то иллати нохун хойдани онҳоро пайдо кунанд.