Рӯзона мо бо даҳҳо нафар рӯбарӯ мешавем ва сухан мегӯем. Робитаи иҷтимоӣ одоби худро дорад, ки бо риояти он метавон зиндагиро барои худ ва дигарон ширин ва писандида кард. Яке аз ин одоб хушрӯӣ аст.
Расули Худо(с) фармуд: Бо кушодарӯӣ бо бародарат ва мардум мулоқот кун. (Кофӣ, ч.2, саҳ.103)
Имом Содиқ (рз) фармуд: Хушрӯӣ бо мардум нисфи ақл аст. (Биҳор, ҷ.73, саҳ.60) Яъне инсони оқил дар муомила ва муошират бо мардум кушодарӯ ва хушрӯ аст.
Дар ривоти дигаре имом Содиқ (рз) фармуд: Бардоштани хошок аз рӯи бародарат даҳ ҳасана ва савоб дорад ва лабханд ба рӯи ӯ як ҳасана ва савоб дорад ва хирадмандон аввалин касоне ҳастанд, ки ба биҳишт медароянд. (Биҳор, ҷ.72, саҳ.140)
Умедворем миёни мардуми мо ин одоби писандида ҳоким бошад ва аз рафтуомад ва диду боздиди якдигар лаззаӣ бибаранд ва шод бошанд!