Баъзе мегӯянд: Чаро фақат занон бояд ҳиҷоб кунанд?
Дини Ислом барои мардон ҳам андозаи пӯшиш ва ҳиҷоб таъин карда ва ба онҳо дастури маҳкам дода, ки аз нигоҳ ба номаҳрам ба шиддат парҳез кунанд. Аз назари илмӣ ҳам баён шудааст, ки ҳассосиятҳои мардон ба таҳриккунандаҳои дидорӣ аст. Ин масъала то ҳадде ҷиддӣ аст, ки Расули Худо(с) дар чанд маврид мардони чашмчаронро аз шаҳри Мадина бадарға карданд. (Алғадир, ҷ.8, саҳ. 234) Ва ҳазрати Расули Худо (с) фармуд:
مَن مَلَأَ عَینَهُ مِن حَرامٍ مَلَأَ اللهُ عَینَهُ یَومَ القِیامَةِ مِنَ النّارِ إلَّا أن یَتُوبَ وَ یَرجِعَ
Ҳар кас чашмашро аз ҳаром пур кунад Худованд чашмонашро рӯзи қиёмат аз оташи дӯзах пур хоҳад кард, магар ин ки тавба кунад ва баргардад. (Макоримулахлоқ, саҳ.430)
Асосан занон нисбат бар мардон ҷозибаҳои зоҳирӣ ва зарофатҳои бештаре доранд.
Тибқи таҳқиқоти илми равоншиносӣ ва физиология тавони сабри таҳрикпазирии мардҳо камтар аз занон аст. Мардон аз назари ҷинсӣ зудтар аз занон таҳрик мешаванд. Мардон бештар аз роҳи дидан таҳрик мешаванд ва ба муҳаррикҳои биноӣ-шаҳвонӣ ҳассосияти зиёд доранд, дар ҳоле ки занон ба муҳаррикҳои ҳиссӣ (ламсӣ) ҳассосият доранд.
Дар ояти 30 сураи Нур Худои меҳрубон аввал ба мардони мӯъмин дастур медиҳад, ки чашму доману шаҳвати худро ҳифз кунед ва баъд дар ояти 31 сураи Нур ба занони мӯъмин дастур медиҳад, ки чашму доман ва шаҳвати худро ҳифз кунед. Бинобар ин мардону занон ҳар ду бояд ҳарими худро нигаҳ доранд ҳарчанд бар асоси офариниши Худои ҳакиму доно ҳар кадом хусусият ва вазифаи худро доранд.