Насиҳати падари дилсӯз
Духтарам бо ту сухан мегӯям
Зиндагӣ дар нигаҳам гулзорест
Ва ту бо қомати чун нилуфар,
Шохаи пургули ин гулзорӣ
Ман ба чашмони ту як хирмани гул мебинам
Гули иффат, гули садранги умед
Гули фардои бузург
Гули фардои сафед
Чашми ту оинаи равшани фардои ман аст
Гул чу пажмурда шавад ҷой надорад дар боғ
Кас нагирад зи гули мурда сӯроғ
Духтарам, бо ту сухан мегӯям
Дида бикшою дар андешаи гулчинон бош
Ҳама гулчини гули имрӯзанд
Ҳама ҳастӣ сӯзанд
Кас ба фардои гули боғ намеандешад
Он ки гирди ҳама гулҳо ба ҳавас мечархад
Булбули ошиқ нест
Балки гулчини сияҳкирдорест
Ки саросема давад дар пайи гулҳои латиф
То яке лаҳза ба чанг ораду резад бар хок
Дасти ӯ душмани боғ асту нигоҳаш нопок
Ту гули шодобӣ
Ба раҳи бод марав
Ғофил аз бод машав
Эй гули садпари ман
Ҳама гавҳар шикананд
Дев кай арзиши гавҳар донад
Духтарам, гавҳари ман
Гавҳарам, духтар ман
Ту, ки як гавҳари дунёи манӣ
Дил ба лабханди ҳаромӣ масупор
Дуздро дӯст махон
Чашми умед ба Иблис мадор
Гавҳари тобандаи бе монанд
Хешро хор мабин
Оре, эй духтари ман
Эй саропо алмос
Аз ҳаромӣ биҳарос
Қимати худ машикан
Қадри худро бишинос
Қадри худро бишинос
- بازدید: 1750