Ҳиҷоб дар форсӣ ба маънои пӯшиш, пӯш, пӯшондан, пӯшанда, пӯшонанда, пӯшидан, пӯшида, пӯшидарух, пӯшида шудан, чодар, чодарнамоз, чодарқад, попӯш, рӯпӯшида ба кор рафтааст.
Дар луғат ба маънои пӯшидан, парда ва ҳоҷиб ба кор рафта ва дар ҳеҷ мавриде асосан ба маънои навъ, сабки пӯшидан ва либос истифода нашудааст. Дар забони форсӣ барои либос калимаҳои пӯшиш, танпӯш ва пӯшок бар кор меравад, ки аз феъли пӯшидан ва пӯшондан аст ва маънои пинҳон кардан ва дур кардан аз назарро мефаҳмем.
Ҳиҷоб дар истилоҳ дар се марҳила баён мешавад:
1. Пӯшондани зоҳирӣ
2. Пӯшондани ҳаҷми қисматҳои мухталифи бадан
3. Пӯшондани рафторҳои ҷазбкунанда, ки мутаассифона бархе онро дар баёни ҳиҷоб фаромӯш мекунанд.
Бо нигоҳе ба аҳкоми исломӣ ҳиҷоби комил ва воҷиб пӯшондани тамоми бадани зан ба ҷуз қурси рӯ (чеҳра) ва ангушатони ду даст то банди даст аст.
Баъзе ин миқдорро баёни ҳадди ақаллӣ медонанд ва бо нигоҳи ҷомеътар ва дар назар гирифтани масоили иҷтимоӣ дар аҳкоми исломӣ доираи рафторӣ ва иҷтимоиро ҳам дар баёни ҳиҷоб медароранд. Пас зан дар муомила бо мардон (-и номаҳрам) бояд бадани худро бипӯшонад ва ҷилвагарӣ ва худнамоӣ накунад.
Бинобар ин мақсуд аз ҳиҷоби исломӣ он навъи пӯшише аст, ки ду хусусият дошта бошад:
1. Андозае, ки шариат дар пӯшиш таъин кардааст риоят шавад.
2. Худнамо ва ҷалби назаркунандаи мардони номаҳрам набошад.
Ҳиҷоб боиси ризояти Худо, Расули Худо(с), ошкор шудани арзиши зан ва оромиши ҷомеа ва мустаҳкам шудани муҳаббату сафои хонавода ва насли поку шоиста мешавад.