Ҳар мусулмоне вазифа дорад дар баробари амри Худо ва Расули Худо(с) ва Қуръони Карим таслим бошад. Дини Ислом барои ҳамаи масъалаҳои зиндагии инсон барнома дорад. Ин барномаҳо барои саодати инсон дар дунё ва охират аст. Агарчӣ мардону занони мӯъмину мусулмон дар бештари масъалаҳо бо ҳам яксон ҳастанд, вале боз хилқат ва вазифаи зану мард бар асоси офариниши Худои ҳаким назокатҳои хосси худро дорад. Яке аз ин масъалаҳо пӯшидани либос ва мудирияти чашму шикаму шаҳват аст. Ҳамаи инсонҳо бояд тавре дар ҷомеа либос бипӯшанд, ки арзиши инсонӣ ва исломии онҳоро ҳифз кунад ва ба ҷомеа оромиш бахшад. Занон ба хотири арзиши волое, ки доранд бояд худро аз чашму тамаъи булҳавасону девсиратон инсоннамо ва таҳрик накардани ҳисси шаҳвонии мардон ва дар амон мондани худ аз озору азияти номардон ҳифз кунанд. Аз ин рӯ бар асоси аҳкоми исломӣ зани мусулмон набояд ғайр аз чеҳра ва аз банди дасти худро бар номаҳрам ошкор созад, балки онро бипӯшонад. Баъзе аз касоне, ки мехоҳанд роҳат ва арзон хостаҳои шаҳвонӣ ва ҳайвонии худро сер кунанд ва камтарин алоқаву муҳаббат ба занон надоранд ва баъзе аз заноне, ки аз арзиши худ ғофил шуда ва лаҷоми ихтиёр ва сарнавишти худро дар дасти шайёдону сайёдони номус додаанд мегӯянд, ки пӯшиш лозим нест муҳим ин аст, ки дилат пок бошад ва ба зоҳири одамон наметавон доварӣ кард.
Саволе аз ин афрод бояд кард, ки дили пок чӣ нишона дорад? Он чӣ дар даруни инсон ҳаст дар зоҳири ӯ худро нишон медиҳад. Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст. Оё диле, ки ҳозир нест дар баробари фармони Худо таслим бошад ва лаҷоми худро дар дасти васвасаҳои шайтон додааст метавонад пок бошад? Ин дил аз чӣ чизе пок аст? Оё аз гуноҳ ё аз итоат пок аст?
Чигуна метавон бо зоҳире фиребанда ва таҳриккунанда аз номаҳрам бихоҳед, ки ба зоҳири ман диққат накун ва даруни маро дар назар бигир? Оё қалбе, ки бо зоҳири ороишкарда ва бадани нимаурёни худ дилу рӯҳи мардони дигарро мебарад ва меҳру муҳаббати онҳоро нисбат ба занону аҳли оилааш сард мекунад пок аст? Оё зане, ки ба фармони Худо гӯш намекунад ва саъй мекунад, ки диққати ҳамаро ба худ ҷалб кунад ва худро дар тирраси нигоҳу доманҳои олуда қарор диҳад метавонад бонуи порсо ва бовариноке барои хона ва тарбияти насли шоиста бошад? Оё метавон оҳу дар муқобили чашмон ва дар дастраси гургон бошаду интизор дошта бошем осебе набинад?
Пас бо ин сухан ва кор фақат худамон фиреб медиҳем ва ба худ осеб мерасонем!