Баъзе афрод мегӯянд: Ҳиҷоб ва пӯшиши комил ҳисси зебоиталабии инсонро мемиронад.
Аммо бояд бидонанд, ки ҳиҷоб зебоӣ ва таровати занро пойдор нигаҳ медорад. Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад, вале ин зебоӣ бояд аз роҳи ҳалол ва дар ҷои худ бошад. Худо, ки зебо, доно ва ҳакиму холиқи инсон аст ба мардон ва занон дар бораи нигоҳ, фикр ва шаҳвати худ дастурҳои созанда ва саодат офарин додааст то зиндагии ӯ ба сӯи камоли инсонӣ ҳаракат кунад ва асири нафсу шаҳвати худ ё дигарон нашавад.
Зебоии инсон фақат зебоии зоҳирии ӯ нест ва зан фақат тан нест! Чӣ басо заноне, ки зебоии зоҳирии чандоне надоштанд ё касе аз зебоияшон огоҳ нашуд, вале бо сирати зебо зебоиҳо ва арзишҳои воли инсонӣ дар ҷаҳон офариданд.
Ислом бо ибрози зебоӣ мухолиф нест ва фақат мехоҳад, ки ин зебоиҳо ҳар ҷое набошад ва маҳдуд ба ҳамсар, ки ошиқ ва шарики воқеӣ ва ҳамдами ӯст бошад то авотиф ва эҳсосоти латифи зан осеб набинад ва аз назари ҷисму ҷон дар амният бошад.