Вақте эҳтироми зан ба хотири зебоиҳои зоҳирӣ ва ҷозибаҳои ҷинсиаш бошад ин муддати эҳтиром то вақте аст, ки ӯ зебост аз ин рӯ бояд талош кунад, ки худашро ба мардҳо нишон диҳад, ки ман ҳанӯз зебо ҳастам ва ба ман нигоҳ ва диққат кунед, дар ҳоле ки дар фарҳанги Ислом зебоии аслӣ дар зану мард зебоии рӯҳӣ ва маънавӣ аст. Арзиш ва каромати инсонҳо назди Худованд ба тақвои онҳост.
Мавлавӣ мегӯяд:
Мо дарунро бингарему ҳолро
Не бурунро бингарему қолро
Ё
Сурати зебо намеояд ба кор
Сирати зебо агар дорӣ биёр