Бояд занон бо қадру арзиш ва вазифаи худ ошно шаванд то фиреби одамсуратони гургсифатро нахӯранд.
Ҷобир ибни Абдиллоҳ(рз) мегӯяд: Мо бо Паёмбари Худо (с) будем. Пас ҳазрат фармуд: Беҳтарин занони шумо он зане аст, ки
фарзандовар
меҳрубон
покдоман
дар миёни аҳл ва хонаводааш соҳибэҳтиром ва азиз
дар муқобили шавҳараш фурутан ва ром бошад.
худро ҳарчи бештар барои баҳраварии ҳамсараш ороста ва зинат намояд.
худро дар қалъа ва доираи шавҳараш қарор диҳад ва аз ғайри шавҳар ҳифз кунад.
сухани шавҳарашро бишнавад ва гӯш кунад
аз амри шавҳараш итоат намояд.
ҳар гоҳ шавҳар бо ӯ хилват кард ва якҷоя шуд, худро комил дар ихтиёри он чӣ ӯ мехоҳад бигузорад
ва ҳамчун мард, ки дар як замон беш аз як ҳамсар метавонанд бигиранд, ӯ ҳақ надорад дар як замон беш аз як шавҳар дошта бошад.
عن أبي حمزة قال: سمعت جابر بن عبد اللّٰه يقول: كنا عند النّبي صلّى اللّه عليه و آله فقال "إن خير نسائكم الولود الودود العفيفة، العزيزة في أهلها، الذليلة مع بعلها، المتبرجة مع زوجها، الحصان على غيره التي تسمع قوله و تطيع أمره، و إذا خلا بها بذلت له ما يريد منها و لم تبذل كتبذل الرجل"
Кофӣ ва Таҳзиб
Пас бародару хоҳари мӯъмину мусулмон, саъй кунем бо меъёрҳои занони шоиста ошно шавем ва худро бо он зинат диҳем, то Худованди Мутаол, Расули Худо(с) ва пешвоёни шоиста аз мо розӣ шаванд ва хонавода ва муҳити мо солим ва амн бошад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст