Яке аз роҳҳои зиёд шудани меҳру муҳаббат миёни афрод ҳадя додан аст.
Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: Ҳадя муҳаббат меоварад. Ҳеҷ чиз мисли ҳадя фармонраворо мулоим ва хашмро берун ва рондашударо мутамоил ва корҳои сахтро осон ва бадиҳоро дур намекунад.
Имом Содиқ(а) фармуд: Ба якдигар ҳадя диҳед, то дӯсти ҳам шавед, чун ҳадя кинаро аз байн мебарад.
Шояд барои ҳамаи мо пеш омадааст, ки чӣ чизе ҳадяи беҳтар аст?
Паёмбари Акрам(с) фармуд: Ҳеҷ мусулмоне барои бародараш, ҳадяе беҳтар аз
сухан ҳакимона, ки ё ҳидояташро зиёд кунад ё аз ҳалокат дӯраш кунад, надодааст.
Имом Алӣ(к) фармуд: Панду насиҳат чӣ қадар ҳадяи хубе аст.
Имом Содиқ(рҳ) фармуд: Маҳбубтарин бародаронам, касе аст, ки айбҳои маро ба ман ҳадя диҳад.
Бояд бидонем, ки арзиши ҳадя ва аҳамияти он ба изҳори муҳаббат ва дӯстӣ аст, на арзиши моддии он, бинобар ин дар ҳадя тамаъҳоро канор гузоред ва арзиши воқеии онро дар назар бигиред то дӯстони шумо ва худи шумо битавонед ҳамеша ба якдигар ҳадяе ҳарчанд андак ба нишони дӯстӣ тақдим кунед. Мутаассифона ин ибрози дӯстӣ, дар назди баъзе ба хотири фикри нодуруст табдил кинагирӣ мешавад ва ба ҷои ташаккур ва дарёфти паёми ҳадя, ба хотири масоили моддӣ аз якдигар меранҷанд.
Пас ҳадя додан бо риояти шароити он метавонад дӯстӣ ва муҳаббатҳоро зиёд ва нороҳатиҳоро аз байн бибарад.