Беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобӣ барои зани мусулмон хеле бад аст, чун амри Худо ва Расули Худоро амал намекунад ва худ ва ҷомеаро гирифтори олудагиҳои рӯҳӣ ва ҷисмӣ-ҷинсӣ менамояд ва оромишу осоишро аз байн мебарад ва бадахлоқӣ ва бешармиу беҳаёиро ривоҷ медиҳад. Аммо оё ҳамаи заноне, ки ингуна дида мешаванд огоҳӣ ва қасду нияти бад доранд?
Донишманди соҳибдиле мегуфт: Ман замоне дар бораи занони бадҳиҷоб ё беҳиҷоби мусулмон диққат кардам ва дарёфтам, ки онҳо ба далелҳои гуногун ин корро мекунанд ва ҳама яксон нестанд:
1. Баъзе одамони хубе ҳастанд, вале муҳити оилавӣ ва атрофиёни онҳо беҳиҷоб ё бадҳиҷоб будааст ва ин хонум бе ягон ғараз ва нияти бад ингуна бузург шудааст.
2. Баъзе аз модарони беҳиҷоб ё бадҳиҷоби худ ёд гирифтаанд.
3. Баъзе бо вуҷуди ин ки модаронашон ҳиҷобпӯш ҳастанд бо ӯ зиддият ва бар кори худ пофишорӣ мекунанд
4. Баъзе ҳам намедонанд, ки ин кор ҳаром аст.
5. Баъзе мушкили рӯҳӣ-равонӣ доранд.
6. Баъзе камбуди шахсият ва кина доранд.
7. Баъзе нияти зиддият бо дин ва Худо доранд.
8. Баъзе тақлидкор ҳастанд, чун духтари амма, хола, ҳамсоя ё дугонааш беҳиҷоб ё бадҳиҷоб аст ӯ ҳам ингуна аст.
9. Баъзе беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобиро нишонаи тамаддун ва пешрафт медонанд.
10. Баъзе пул ва фармон мегиранд то фарҳанги бараҳнагиро ривоҷ диҳанд ва шарму ҳаё ва покдоманиро суст ва беарзиш намоянд.
11. Баъзе ба хотири муқаррароти маҳалли кор ё таҳсили худ ингуна ҳастанд.
Пас ҳамаи бонувоне, ки дар зоҳир яксон ҳастанд дар қасду ният фарқ доранд. Набояд ҳамаро бо як чашм дид ва ба ҳамаи онҳо бадгумон шуд. Агар насиҳат ва хайрхоҳӣ ҳам дорем аз ҳама як ҷавоб интизор надошта бошем.
Умедорем Худованд ба ҳамаи занони мӯъмину мусулмон тавфиқи риояти пӯшиши комил ва шарму ҳаё ва покдоманӣ ато кунад ва дасти шаётини инсу ҷинро дар осеб расондан ба онон кутоҳ ва дар барномаҳояшон ноком кунад.