Мехоҳам аз ҳиҷобам бигӯям. Мехоҳам гӯши шунаво дошта бошиву сухани маро бишнавӣ ва дар он фикр кунӣ!
Мехоҳам аз ҳиҷобам бигӯям, ки чун садафе марвориди вуҷудамро дар худ ҷой додааст.
Ҳиҷобам тоҷе аст, ки Худои донову меҳрубон барои ҳифзи шараф ва обрӯям бар сарам гузоштааст.
Ҳиҷобам фитрат ва шахсияти инсониямро ботароват нигаҳ медорад ва маро аз урёнии ҳайвонӣ ва асорати шаҳвонӣдур ва маро ҳимматбаланд мекунад. Ман қуллаҳои покиву комёбии ҳақиқиро менигарам на олудагиву фуру рафтан дар домани олудагонро!
Ҳиҷобам нишонаи покии дарунам ва эҳтиромгузорӣ ба оромишу осоиши ҷомеа ва ҳуқуқи дигарон аст.
Ман ба ҳиҷобам ифтихор мекунам, чун он фақат порчае нест, ки баданамро мепӯшонад, балки сипаре аст, ки маро аз хатари тирҳои нигоҳҳои заҳролуд ва тамаъгароёнаи булҳавасон ва пастсифатон муҳофизат мекунад ва маро дар ислоҳ ва оромиш бахшидан ба фазои ҷомеаам кӯмак ва саҳим менамояд.
Бояд бидонед, ки ман аз бандагии Худо ва пайравӣ аз дини Ислом, пойбандӣ ба Қуръони Карим ва суннату сираи Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) меболам, чун медонам, ки саодату саломат ва ҳифзи шахсияти ман дар ин роҳ аст ва ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас беҳтар ва бештар аз онон ниёзҳо ва роҳи расидан ба қуллати комёбӣ ва наҷоти маро намешиносад ва наменамоёнад!
Ман хуб медонам, ки занони сарнавиштсоз, ки бо ҳифзи ҳиҷоб дар зиндагӣ барои ҳамешаи таърих ва ҳамаи инсонҳо намуна шудаанд ва медали ифтихор аз Худо дарёфт кардаанд ҳамчун Фотима бинти Муҳаммад, Хадиҷа бинти Хувайлид, Марям бинти Имрон ва Осия бинти Музоҳим (Саломи Худо бар онон бод) сармашқи зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии ман ҳастанд.
Ёдам намеравад, ки шерзаноне буданд, ки дар домони поки худ намунаҳои олии инсонӣ ва имонии таърихро парвариш доданд ва оламу одам аз баракатҳояшон баҳраманданд.
Заноне, ки қаламу баён нотавон аз адои ҳаққи онҳост!
Занони порсо ва бандаи Худо замоне ба авҷи тараққӣ расиданд ва ҳамчун нардбон василаи парвози дигарон ба малакути осмонҳо ва меъроҷҳо шуданд, ки булҳавасони асири шаҳвату шикам фарсангҳо аз алифбои ҳуқуқи башар ва арзишу вазифаи бонувон дур ва дар хоби ғафлату ҷаҳолат буданд.
Ошкоро сухан мегӯям, ки беҳиҷобӣ нишонаи озодӣ ва пешрафт нест ва ман аз касоне, ки на танҳо аз арзиши ҳақиқии худ огоҳ нестанд, балки лаҷоми хушбахтии худро дар дасти даррандагони ба сурат одамӣ додаанд пайравӣ намекунам.
Пас бигзор нодонон ва асирони шаҳвату фарҳанги урёнӣ ва ҳайвонӣ аз ақибмонда будани ҳиҷобдорон бигӯянд!
Бигзор ба урёнии ҳайвонӣ ва ҷаҳлу нодонии худ бинозанду шахсияти инсонӣ ва волои худро бибозанд.
Бигзор онро озодӣ ва пешрафт бидонанд ва дар доми шаҳватпарастони ҳайвонсират бимонанд.
Бигзор худро арзон дар ихтиёри таблиғотчиён ва савдогарон номус ва обруи зан бигузоранд!
Ман ба ҳиҷобам ифтихор ва аз он посдорӣ мекунам, чун ризои холиқу мураббии ҳақиқиям, ҳифзи арзиши занонаам, ҳифзи обруи худ, падару модар ва бародару ҳамсар ва фарзандону атрофиёнам дар он аст. Бо ҳиҷоб метавонам фарди шоистаи эҳтиром ва мояи сарбаландӣ бошам.
Ман духтар, ҳамсар ва модаре ҳастам, ки бо дастам гаҳвора ва бо Аллаҳоям оромишу гӯиши насли ояндаро рақам мезанам ва сарнавишти оянда ба ман пайванд хӯрдааст!
Пас сарнавишти худро дар дасти авбошони фурсатталаб ва дур аз огоҳиву адаб намедиҳам ва бо таваккул бар Худо ва тавассул ба намозу суннату сираи ҳазрати Расули Акрам(с) устувор дар роҳи пешрафту иззати ҳақиқӣ ва ҷовидонӣ кадам мениҳам!
Худоё, худат дар фаҳму амал ва наҷот аз дасти шайтини инсу ҷин ва расидан ба саодат ба саломат кӯмакам кун, ки танҳо ту азизу ҳакимӣ!