Чун дурӯғ гуноҳе аст, ки ниёз ба замону макон ва қудрату пул ва василае надорад, инсон зуд гирифтори он мешавад.
Чӣ афроди ноаҳле, ки ба хотири ваъдаҳои дурӯғе, ки ба мардум медиҳанд, мардумро бо худ ҳамроҳ ва бар онон ҳукумат мекунанд.
Дурӯғгӯ фақир мешавад. Агар фурӯшанда чизеро фурӯхт ва ба дурӯғ гуфт: Ин чиз солим аст. Вақте мардум онро бокамбудӣ ва носолим ёфтанд, дигар аз ӯ чиз намехаранд ва бо ҳамин дурӯғ харидоронро аз худ мегурезонад ва камбағал мешавад.
Паёмбари Аъзам (с) фармуд: اَلكَذِبُ يَنقُصُ الرِّزقَ Дурӯғ ризқу рӯзиро кам мекунад. (Наҳҷулфасоҳа, саҳ. 373, ҳадиси 1087)
Бо дурӯғ инсон хатарноктарин корҳоро мекунад. Ҳазорон инсони хуб ба хотири дурӯғи ноаҳлон гирифтор ва ҳатто кушта шуда ё ба зиндон афтодаанд. Тамоми Паёмбарони Худо (а) дурӯғ гуфтанро гуноҳ медонанд.
Бародарони ҳазрати Юсуф (а) ба дурӯғ ба падарашон гуфтанд: «Агар Юсуфро барои сайру саёҳат бо мо бифиристӣ мо хайрхоҳ ва нигаҳбони ӯ хоҳем буд». (Сураи Юсуф, ояти 12)
Вақте баргаштанд ба дурӯғ гуфтанд: «Мо саргарми мусобиқа будем ва Юсуфро канори чизҳои худ нишонда будем» ва «гург ӯро хӯрд». Ҳатто шабона назди падар омаданд ва ба дурӯғ гиристанд.» (Сураи Юсуф, ояти 17-18)
Имом Ҳасан ибни Алӣ (а) мефармояд: جُعِلَتِ الْخَبَائِثُ فِي بَيْتٍ وَ جُعِلَ مِفْتَاحُهُ الْكَذِبُ "Ҳамаи палидиҳоро дар хонае ниҳоданд ва калиди он дурӯғ аст". Пас дурӯғ калиди гуноҳони дигар аст.
Ҳамон гуна ки бародарони ҳазрати Юсуф (а) бо дурӯғҳои худ бародари азизеро рабуда ба чоҳ андохтанд ва падарашонро, ки паёмбар буд даҳҳо сол ба гиря ва нола водоштанд.
Имом Содиқ (а) мефармояд: «Дӯстони худро аз роҳи ростгӯӣ шиносоӣ кунед на ибодат, зеро гоҳе афрод ибодат (дар ҳақиқат одат) мекунанд, аҳли намоз ва рӯза ҳам ҳастанд, вале дар гуфтор дурӯғ мегӯянд.»
Агар инсон дурӯғ бигӯяд ва матолибро чаппа нишон диҳад фикру амали мардумро чаппа мекунад.
Дурӯғгӯ беобрӯ ва беҳаё мешавад, зеро вақте дурӯғаш ба дигарон равшан шавад обрӯяш меравад. Инсони беобрӯ даст ба корҳои беҳаёӣ мезанад.
Дурӯғ навиштан мисли дурӯғ гуфтан гуноҳ аст. Агар пизишк бемориро ташхис надиҳад ва сарфаҳм наравад, вале барои бемор нусха бинависад, дурӯғ навиштааст.
Гоҳе мо барои хушгузаронӣ ва саргармии худ ё дигарон дурӯғ месозем ё дурӯғи дигаронро нақл мекунем ва гоҳе ба дурӯғ кор норавоеро бар мардуми як минтақа нисбат медиҳем. Бояд донист, ки ҳамаи инҳо ҳисобу китоб ва ҷазо дорад.
Дурӯғгӯ ҳамеша нигарон аст, ки мабодо дурӯғаш фош ва расво ва обрӯяш рехта шавад.
Дар ривоят мехонем: «Бо дурӯғгӯ рафиқ нашавед». Дурӯғгӯ ба хотири он ки мардум ба дурӯғаш пай бурдаанд, ӯро тарк карда ва зиндагӣ барои ӯ талх ва сахт мешавад. Мо набояд ҳар чизеро, ки шунидем барои дигарон нақл кунем, зеро чӣ басо шунидаҳо дурӯғ бошад. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: لا تُحَدِّثِ النّاسَ بِكُلِّ ما سَمِعتَ بِهِ، فَكَفى بِذلِكَ كَذِبا Ҳар чизеро шунидӣ барои мардум бозгӯ макун, ки ҳамин барои дурӯғгӯӣ (-и ту) кофӣ аст. (Наҳҷулбалоға, номаи 69)
Дурӯғ гуфтан ҳатто ба тифлу кӯдак ҳаром аст. Ислом ба мо дастур дода ҳатто аз дурӯғи шӯхӣ низ бипарҳезем.