Яке аз ниёзҳо ва заруратҳои зиндагии инсонҳо муҳаббат кардан ба дигарон ва муҳаббат дидан аз дигарон аст. Ин масъалаи муҳимро бояд изҳор кард то дӯстиҳо ва ҳамроҳиҳо мустаҳкам ва пойдор шавад. Роҳкорҳое дар ин замина вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳо пешкаши шумо мешавад. Ба умеди ин ки аҳли амал ба он ва бархурдор аз баракатҳои он бошем!
1. Гуфторӣ. Алфози муҳаббатомез ҳарчанд такрорӣ ҳам шавад малоловар ва хастакунанда нахоҳад шуд. Бино бар ин аз истифодаи зиёди он дареғ ва ғафлат накунем.
2. Рафторӣ. Рафтори нек боиси эҷоди муҳаббат аст. Муҳаббати рафторӣ нишонаи садоқати муҳаббати гуфторӣ аст. Роҳҳои зиёде барои ибрози муҳаббати рафторӣ ҳаст, ки ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:
Ҳадя додан. Яке аз роҳҳои изҳор ва мондагор кардани муҳаббат ҳадя додан аст. Лозим нест ҳадя гаронқимат бошад. Як шоха гул ё як атр асари равонии фавқулодае мегузорад.
Хушрӯӣ ва хушахлоқӣ. Ин кор нишон медиҳад, ки ман шуморо дӯст дорам ва аз ин ки канори шумо ҳастам хушҳолам.
Хуб садо задан. Ин кор нишонаи муҳаббат ва алоқа ва эҳтиром ба дигарӣ аст.
Даст додан ва ба оғӯш кашидан. Ин кор сабаби омурзиши гуноҳон ва аз байн рафтани кинаҳову душманиҳо мешавад.
Фурутанӣ. Ин сифат нишонаи дӯстӣ ва эҳтиром ба дигарӣ аст. Такаббур нишонаи ин аст, ки ту барои ман арзиш надорӣ ва ман аз ту бартарам.
Гумони нек. Ин сифат нишон медиҳад, ки шумо ӯро дӯст доред ва дар ҳар кор ба дунболи сиёҳнамоӣ ва эродгирӣ аз ӯ нестед.
Инсоф. Муомилаи беинсофона нишонаи ин аст, ки ту барои ман ба қадре беарзиш ҳастӣ, ки дар ҷое ҳам, ки ҳақ бо туст ҳозир нестам онро ба ту диҳам.
3. Навишторӣ. Аз назари равонӣ асаре, ки бо навиштор метавон рӯи дигарон гузошт бо гуфтор ва рафтор фарқ дорад. Албатта ҳар кадом дар ҷои худ муҳим ва таъсиргузоранд. Яке аз хусусиятҳои нома ва навиштор мондагории он аст. Вақте номаи муҳаббатомези дӯст ба мо мерасад метавонем онро борҳо бихонем ва дар навишта ва ҳадафаш диққат кунем ва аз он чизҳои зиёд биёмӯзем ва ба дасту насли баъд бирасонем. Имом Алӣ (а) ба фарзандаш имом Ҳасан(а) бо вуҷуди ин ки дар канораш буд нома навишт ва дар он вазифаи як падар нисбат ба фарзандро баён кард. (Номаи 31, Наҳҷулбалоға)