Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
کیف یزهد فی الدنیا من لا یعرف قدر الآخرة
Чигуна дар дунё зуҳду порсоӣ пеша мекунад касе, ки арзиши охиратро намедонад?
Ғурарулҳикам, саҳ.562
Ҳамаи инсонҳо дар паи суду фоида ҳастанд.
Аммо гоҳе шинохти суду зарар кори осоне нест ва аз он мушкилтар ва муҳимтар донистани судмандтар аз судманд аст!
Доштани имконот ва зиндагии хуб дар дунё хуб аст, вале баҳрамандӣ дар охират хубтар ва муҳимтар!
Агар касе барои фоидаи маҳдуди муваққат ва андак фоидаи бештару ҷовидонӣ ва фаровонро аз даст диҳад ҷои маломат дорад!
Аз касе, ки имтиёзҳо ва бартариҳои охиратро намедонад ва намешиносад чигуна метавон умед дошт, ки аз лаззатҳои зудгузару пушаймониоранда ва ками дунё бигузарад ва аз он парҳез кунад?
Дунё ҷои кишт асту заҳмату талош ва охират беранҷ асту ҷои бардошти ҳосил ва неъматҳои чандинбаробару абадӣ!
Лаззати охират доимӣ аст!
Ҳамсоя шудан бо паёмбарони Худо(а), авлиё, солеҳон ва шаҳидон аст.
Ҳар чӣ ва ҳар миқдор, ки бихоҳем Худо медиҳад!
Охират бе ғаму ғусса аст!
Албатта барои ононе, ки роҳи биҳиштро пайдо ва дар он ҳаракат кардану то охир солим расиданд ва гирифтори ғазаби Худо ва гумроҳӣ нашуданд!
Вагарна ранҷи абадӣ ва андӯҳи фаровон ва азоби бемонанди дӯзах мунтазири инсон аст!
Соиби Табрезӣ мегӯяд:
Аз басират нест гавҳарро бадал кардан ба хок
Обрӯи хеш мерезӣ барои нон чаро?
Вақте барои тиккаи ноне беобрӯ шудан нописанд ва зишт аст оё барои лаззати дунё охиратро фидо кардан зиён нест?
Барои охиратгароӣ бояд дунё ва охиратро хуб шинохт!
Кӯдак ангуштари 1000 сомониро бо қанду шоколади 1 сомонӣ иваз мекунад, чун қадру арзиши ангуштарро намедонад ва лаззати чанд дақиқа шириниро бартар медонад! Чун лаззати ширинии қандро мешиносад!
Пас доду гирифти мо ба андоза ва бар пояи илму шинохту маърифати мост!
Он ки охиратро ба хотири дунё аз даст диҳад бозанда ва вомонда аст!