Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
من وجد موردا عذبا یرتوی منه فلم یغتنمه یوشک ان یظمأ و یطلبه و لم یجده
Касе, ки сарчашмаи гуворое биёбад, ки метавонад бо он сероб шавад, вале онро ғанимат надонад мумкин аст ташна шавад ва онро биҷӯяд, аммо дигар онро пайдо накунад.
Ғурарулҳикам, саҳ.227
Неъмат мурғи гурезпое аст, ки агар қадршиносӣ нашавад пар мекашад ва даст меравад.
Мурғе аст, ки аз боме бипарад хеле мушкил аст, ки дубора нишинад.
Ташнагӣ ҳамеша ҳаст, вале об ва чашма доим дар ихтиёр нест.
Вақте фурсати муносиб барои кори хайр, омухтани илм, худсозӣ, ҳақгӯӣ ва нашри фазоил ҳаст,
Вақте ту ҳам неру, имконот, ҷавонӣ ва фурсати баҳраварӣ дорӣ носипосӣ аст агар фурсатҳоро табоҳ кунӣ ва неъматҳоро аз байн бибарӣ ё аз фурсати пешомада ба суди ҳақ ва хубиву покӣ истифода накунӣ ва шукри амалии неъматро ба ҷо наёрӣ.
Ҳасратҳои охири умр ва афсусҳои бесамар барои ғафлатҳои даврони ҷавонӣ бисёр талх аст.
Аз ҳамин ҳоло бояд аз ғуссаҳои оянда пешгирӣ кунем ва роҳи он қадршиносӣ аз неъматҳо ва фурсатҳо аст.
То фурсат ҳаст бояд нафас кашид, сероб шуд, тӯша гирифт ва бори дарози охиратро баст.
Онон, ки умре дар интизори доштан ё ёфтани қудрату имконот ва фурсат буданд инак ин фурсату тавону неъмат ва майдони амал!
Мабодо бо танбалӣ фурсатҳо ва неъматҳо талаф шавад ва ташнагии ояндаро чашмае набошад то сероб шуд!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст