Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
لا یَسُودُ مَن لا یَحتَمِلُ إخوانَهُ
Касе, ки бародарони худро таҳаммул накунад ҳаргиз ба сарварӣ намерасад.
Ғурарулҳикам, саҳ.398
Дар олами дӯстӣ ва муошират сабр рамзи муваффақият ва маҳбубият аст.
Агар дигарон ҷафо ва тундӣ мекунанд,
Агар барои ту мушкил ва заҳмат меофаринанд,
Агар бароят харҷ метарошанд,
Асабонӣ шудан ва қаҳр кардан ва носозгорӣ як равиши бархурд ва муомила аст
Таҳаммул ва сабру ҳавсала нишон додан ва хам ба абрӯ наёвардан ва ҷафоро бо вафо ва тундиро бо мулоимӣ ва мудоро ҷавоб додан равиши дигар ва нишонаи шахсият ва рӯҳи бузургворӣ аст.
Аввалӣ туро аз чашм меандозад ва манфур мекунад ва дувумӣ туро иззату сарварӣ мебахшад.
Бародарӣ неъмати бузурге аст, ки барои давоми он бояд баҳо пардохт.
Таҳаммул ва бурдборӣ бахши муҳимми давом ва бақои дӯстӣ аст ва бе он ин неъмат аз даст меравад.
Касе, ки таҳаммул ва ҳавсалаи меҳмон ва рафтуомадҳо, харҷи онро надорад ва аз рӯҳияи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ наметавонад ҷазб кунад рафтуомад ба хонаи ӯ кам мешавад. Дар натиҷа хайри ӯ ба дигарон кам мерасад ва кам-кам аз он маҳбубият ва иззат хабаре намемонад.
Гоҳе ҳатто бояд забони талх ва рафтори ношоист ва носипосии дигаронро таҳаммул кард.
Аз даст додани дӯстону бародарон мусибат аст ва доштани онҳо неъмат ва сарварӣ!